ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУШАНБЕ. ГУЗОРИШ АЗ ҲАМОИШИ ШАҲРИИ ҶАВОНОН

ДУШАНБЕ. ГУЗОРИШ АЗ ҲАМОИШИ ШАҲРИИ ҶАВОНОН

03 апрел 2024, Чоршанбе
3
0


 
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши шаҳрии ҷавонон таҳти унвони «Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат – наҷотбахши сайёра ва таъмингари ҳаёти осоишта» доир гашт. 
Зимни суханрониҳои хеш масъулон аз ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба нафъи мардуми сайёра самари мондагор нишон дода истодаанд, ибрози назар намуданд.
Таъкид гардид, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки маҳз дар заминаи ҳидоятҳои падаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавонон ба яке аз самтҳои муҳими стратегии кишвар ва пойтахти он табдил ёфта, дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба қишри ҷавони ҷомеа дар марҳалаи бунёди давлати навини тоҷикон ҳамчун созандагони ояндаи Тоҷикистон таваҷҷуҳ ва боварӣ карда шуд.
Тавре шоҳидем, дар замони соҳибистиқлолии кишвар барои камоли саодату маърифат, ҷаҳонбинию донишҳои замонавӣ, машғул шудан ба варзиш ва дигар самтҳои ҳаётан муҳими ҷавонон имконияту шароити зарурие муҳайё карда шуд, ки шаҳодати гуфтаҳои боло мебошад.
Ҳамоиш дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 28-уми марти соли 2024, №166 “Дар бораи баргузор намудани чорумин Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ» доир гардид. Маросими оғози фестивал бо гулчамбаргузорӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бо иштироки муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва меҳмонони фестивал доир гардида, иштирокчиён аз шаҳри Ҳисор боздид ба амал оварда, давоми рӯз аз мавзеъҳои дилрабои пойтахт дидан намуданд.

Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Санаи нашр: 03.04.2024 №: 61
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив