ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САДА. АНЪАНАҲОИ ФАРҲАНГИЮ ФАЛСАФӢ

САДА. АНЪАНАҲОИ ФАРҲАНГИЮ ФАЛСАФӢ

06 март 2023, Душанбе
68
0
Таҳлили амиқи сарчашмаҳои таърихӣ ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки воқеан, гузаштаи миллати тоҷик фарҳангпарвару тамаддунсоз будааст. Дар дарозои таърих ҷадди мо танҳо бо неруи сухани воло ва русуми инсонсози хеш муқобили садҳо юришҳои шадиди ақвоми биёбонӣ истодагарӣ намуд ва аз худу ҳувияти хеш дифоъ кард. Яке аз далели ин гуфтаҳо, бозмондани ҷашнҳои бостонӣ, ба монанди Сада мебошад. 
 
Агарчанде Ҷашни Садаро гузаштагони мо ҳанӯз дар аҳди Ҳушанг – шоҳи Пешдодиён (ҳазораҳои V-IV то милод) эҷод карда бошанд ҳам, аммо дар марҳилаҳои минбаъдаи таърих ниёгони зебоипарасти тоҷик ба он анъанаҳои гуногунеро ворид намуданд, ки ба ин Ҷашн таровати тоза бахшиданд. Ҳар анъанаи ҷашнҳои қадимаи тоҷикон, бахусус Сада, дар худ ҳикмати инсондӯстӣ, эҳтиром ба неъматҳои табиӣ, арҷ гузоштан ба гузашта, шукронаи имрӯз, нигоҳи нек ба фардо, худшиносӣ, ҳамдарду ҳаммароми ҳамдигар будан ва монанди инҳоро, дар худ таҷассум менамояд. 
Аҷдоди гузаштаи мо барои ҷашн гирифтани Сада оташе барафрӯхта, дар атрофи он хурсандӣ мекарданду мерақсиданд. Инчунин, одате низ вуҷуд дошт, ки хокистари оташи Садаро деҳқонон ба замини кишт мепошиданд. Мардуми Бадахшон, ки беш аз дигарон суннатҳои миллии тоҷиконро нигаҳдорӣ кардаанд, то ҳанӯз вижагиҳои онро гум накарда, онро бо унвони “Хирпачор” таҷлил мекунанд. Воқеан, нишонаҳои алоқамандии бевоситаи пайдоиши Сада бо парастиши Хуршед дар ҳисоби тақвимии “ҳисоб дар мард”-у “Офтоб дар мард” дар марҳилаҳои ҳаракати Офтобу ҷашнҳои наврӯзӣ дар Бадахшон то кунун дида мешаванд. Дар забонҳои помирӣ Хуршед бо унвони “хир” дар Шуғнон ва Рӯшон “хур” маҳфуз мондааст. Ҷашни “Офтоб дар мард” бо номҳои “Хир-пи-чор” дар Шуғнон, “Хур-па-чор” дар Бартанг ва Рӯшон, “Граваш” дар Язғулом маълум аст. Доир ба иртиботи Сада ва ҷашни “Офтоб дар мард” фолклоршиноси тоҷик Н. Шакармамадов чунин менависад: «Пайдост, ки дар мавриди ҷашн гирифтани “Офтоб дар мард” лавҳаҳои асотирии парастиши Офтоб ба назар мерасанд. Ҳатто дар деҳаҳои Рӯшони Поён он таомҳои маросимиро, ки дар шаби арафаи “чиллаи хурд” мепухтанд, барои “меҳмонии Офтоб” мегуфтанд».
Дар боварҳои мардумӣ давраи чиллаи хурд, аслан, давраи қувватгирии Офтоб аст. Дар иртибот ба ин, бояд гуфт, ки “хир-пи-чор”-е, ки дар Бадахшон маҳфуз мондааст, асосан, ҳамин Ҷашни Сада ва неругирии Офтоб аст. 
Мувофиқи нигоштаҳои Шакармамадов “Хир-пи-чор” дар забонҳои шуғнӣ ва рӯшонӣ маънои мардро “чор” ё “чурик” меноманд ва ин рӯз ҳисоби худро аз нохуни пой оғоз мекунанд. Офтоб ба “андоми мард” аз нохуни пой сар карда, оҳиста-оҳиста гармӣ мебахшад. Бо ҳаракати он узвҳои болоии бадан тадриҷан гарм шуда, то ба абрӯ ба дараҷаи баланд – чиллаи тобистон мерасад. Дар се даври ҳисоб се ҷашнро мегузаронанд. Бо расидани нури Офтоб ба “мард” даври якуми Наврӯз оғоз меёбад, яъне “хир-пи-чор”. Даври дуюми Наврӯзро вақте ки ҳисоб ба зонуи мард мерасад, таҷлил мекунанд ва онро “хир-пи-зӯн” меноманд. Ва даври сеюми Наврӯз, яъне худи Наврӯзро, ки Хидирайём меноманд, вақте ҳисоб ба зорд (дил) мерасад, ҷашн мегиранд. Дар ин маросим низ, оташ нақши калидӣ дорад. Мувофиқи таҳқиқоти мардумшиносон, нишонаҳои возеҳи Ҷашни Сада ва маросими он дар баъзе шаҳрҳои Эрони имрӯза, аз ҷумла Кирмон, боқӣ мондаанд. Маросиме то ҳанӯз дар Эрон бо номи “Садасӯзӣ” мавҷуд аст ва дар ин маросим гуфторҳои мардумие ба мисли: «Садаи деҳқонӣ, чиҳил кунда сӯзонӣ, ҳанӯз гӯйи зимистонӣ» дар хотираи халқ ҳифз шудааст.   
Бояд зикр намуд, ки набояд мо ҳикмати оташи Садаро нодуруст дарк намоем, ҳамон тавре, ки имрӯзҳо чунин каҷфаҳмиҳо миёни мардум мушоҳида мешавад. Оташ, умуман, дар фарҳанги мо танҳо рамз аст. Аз тарафи дигар, як навъ эҳтиром ба табиат ва неъматҳои он мебошад. Мутаассифона, нафароне ҳастанд, ки ин оташро ба оини оташпарастӣ иртибот медонанд ва, ба ин васила, руҳияи мардумро нисбат ба фарҳанги миллии худ хароб мекунанд. Вобаста ба ин, Фирдавсии бузургвор дар замони худ гуфта буд:
 
Мапиндор к-оташпарастон буданд,
Парастандаи поки Яздон буданд.
Дар ривояти бархӯрди қувваҳои некию бадӣ дар симои Ҳушангу мор (ривояти ба шикор рафтани Ҳушанг ва бо мор дучор омадан) оташ ҳамчун ҳадияи илоҳӣ барои саркӯбии торикӣ ва тантанаи рӯшноӣ фиристода шуд. Ин оташ чун рамзи ҳастию саодатмандӣ ва, инчунин, тариқи дигар ҷирмҳои нурбахши осмонӣ, таҳкимбахши иртиботи олами замину само дониста мешуд. Профессор Муҳаммадқул Ҳазратқулов ин нуктаро ҷонибдорӣ намуда, чунин менависад: “Ҳамин робитаи оташи заминӣ, ки аз тариқи оташҳои фалакӣ то ба нури аҳуроӣ рафта мерасад, як ҳалқаи ногусастании олами моддӣ (табиат) бо оламҳои муҷарради улвиро барқарор мекунад”. Ҳамин буд, ки оташ афрӯхтан дар Ҷашни Сада ба суннати деринаи халқҳои тоҷику форс табдил ёфт.   
Ниёгонамон ба муносибати Ҷашни Сада дастархон мекушоданду шеъру сурудхонӣ ва қасидасароиҳо дар сари хони идона идома  меёфтанд. Бинобар гуфтаи фолклоршинос Дилшод Раҳимӣ, дастархони Ҷашни Сада бо анвое пур мегашт, ки одамон дар ин фасли сол ба он дастрасӣ доштанд. Бештар ҳамон навъи хӯрокҳо гузошта мешуданд, ки дар чунин айёми сол барои одам фоидабахш бошанд. Аслан, мардум барои фасли зимистон аз тобистону тирамоҳ омодагӣ мебинанду меваҳо ва дигар анвои хӯрданиҳоро захира мекунанд. Аз ин лиҳоз, дар дастархони Сада меваҳои тар ва хушк гузошта мешуданд. Ғайр аз ин, мардум дар фасли сармо бештар ба шириниҳо майл доранд. Масалан, шириние, ки аз туту тарбузу харбуза ва дигар меваҳо тайёр мегардид. Ба навиштаи фарҳангшинос Ҷонибек Асрориён, дар дастархони Сада аз мош, гандум, лӯбию нахӯд хӯрокҳое ба монандӣ кичирӣ, кашк, далда, ширрӯған, қурутоб, дӯғ, ҷӯшӣ, умоч ва ғайра омода намуда, мегузоштанд. Албатта, дастархони Ҷашни Сада ҳам ҳикмати худро дошт. Аз рӯи гуфтаҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Онҳо якдигарро бо фарорасии ин ҷашн табрик гуфта, хони зебо меоростанд ва орзу мекарданд, ки аз баракати он ба диёрашон фасли бобарору фаровонӣ қадам гузорад, сардӣ дур шуда, гармиву серобӣ фаро расад».
Тибқи маълумоти этнографи рус Н. А. Кисляков, дар деҳаҳои водии Вахё дар маросими ҳут, ки як навъ оини Сада мебошад, дастархони ҳутӣ густурда мешудааст. Дар ҳар оила то 100 дона нони чапотӣ пухта, ба табақҳои чӯбин реза карда, ба он равғани зардро бо дӯғ якҷоя намуда, мерехтанд. Ин хӯрок, “равғанҷӯшӣ”-ро бонавбат аз ҳар хонадон ба аловхона, ки дар он ҷо ҳар рӯз ҳамдеҳагону баъзе меҳмонон ҷамъ мешуданд, мебурданд. Ҷамъомадагон гулхани нисбат ба ҳаррӯза калонтар афрӯхта, дар атрофи он чой менӯшиданд, ғизо мехӯрданд.
 Ба ин монанд, Сада дорои як қатор анъанаҳои зебо мебошад, ки эҳё ва муаррифии он дар шароити имрӯза аз ҳар нигоҳ манфиатовар мебошад. Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолӣ, зери сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашнҳо дубора минбарнишин шуданд ва, ба ин васила, хотираи таърихии миллат оҳиста-оҳиста дар ҳоли бедоршавӣ қарор гирифт. Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки равандҳои пурихтилофи сиёсию фарҳангӣ фазоро тира мекунанд, рӯ овардан ба таъриху фарҳанг омили таҳкими худшиносии миллӣ мегардад. Худшиносии миллӣ бошад, метавонад дар чунин ҳолат барои ҳифзи арзишҳои сиёсию фарҳангии миллат нақши бориз гузорад. 
 
Давлатшоҳ МАҲМУДОВ, 
омӯзгори филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе,
Орифзода МАНИЖА, омӯзгори МТМУ № 53-и ноҳияи И. Сомонӣ
Санаи нашр: 06.03.2023 №: 50
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив