ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РУШДИ «ЭНЕРГИЯИ САБЗ»  БАРОИ ТОҶИКИСТОН ЧӢ БАРТАРИҲО ДОРАД?

РУШДИ «ЭНЕРГИЯИ САБЗ»  БАРОИ ТОҶИКИСТОН ЧӢ БАРТАРИҲО ДОРАД?

03 апрел 2024, Чоршанбе
26
0

 
Энергетика, алахусус гидроэнергетика, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки рушди давлат ва таъминкунандаи асосии рушди дигар соҳаҳо дониста мешавад, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои зихираҳои бузурги истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза мебошад.  Мавриди зикр аст, ки сол ба сол дар ҷаҳони муосир аҳамияти “энергияи сабз” барои рушди устувори кишварҳо ҳалкунанда мегардад. Ба гуфтаи коршиносон ва маҷаллаи "Wоrld Energy Outlook", муҳимтарин ҳадафи рушди устувор дар Рӯзномаи то соли 2030-и СММ маҳз гузариш ба “энергияи сабз” мебошад, зеро ҳалли он ба ноил шудан ба ҳадафҳои дигар роҳ мекушояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар сатҳи тавлиди “энергияи сабз” иқтидори азим дорад ва тибқи баҳогузории коршиносон, метавонад дар истеҳсоли ин навъи неруи барқ қариб 4 дарсади иқтидори ҷаҳониро пурра гардонад. Аммо то ҳол мамлакат танҳо 5 дарсади иқтидори мавҷудаашро истифода мебарад. Имкониятҳои фаровон ва вазъи ҷаҳони муосир водор месозанд, ки Тоҷикистон ба самти “иқтисоди сабз”, ки асоси онро неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ташкил медиҳад, боз ҳам бештар талош варзад. Бо ин мақсад, инчунин, ҷиҳати таъмини истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҷалби сармоягузориҳо, роҳандозии технологияҳои муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти “иқтисоди сабз” 30-юми сентябри соли 2022 Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” барои солҳои 2023-2037-ро қабул кард, ки яке аз самтҳои афзалиятноки он тавсеаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия мебошад.  
Меҳрдод Қурбониён, омӯзгори яке аз донишгоҳҳои Чин, номзади илмҳои физика-математика дар яке аз суҳбатҳо бо мо иброз дошта буд, ки дар бистсолаи охир бо дарки муҳимияти “энергияи сабз” барои ояндаи беҳтару бехатар, амалан рӯй овардан ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия ё ин ки “энергияи сабз” дар ҷаҳон бештар гашта истодааст. Имрӯз ҳатто кишварҳое ҳастанд, ки қариб 60-70 дарсади таъминоти неруи барқро аз навъи анъанавии тавлид ба ин навъ гардонданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, яке аз давлатҳои дорои захираҳои бузурги истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза мебошад, ки 98 дарсади барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Албатта, бо назардошти муҳимият ва аз нуқтаи назари ҷуғрофӣ, ки мо дар минтақаи хуб ва эффективӣ ҷойгир ҳастем, бояд ҳамин тавр ҳам бошад. 
Анвар Қодирӣ, директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ иброз медорад, ки Тоҷикистон ба қатори кишварҳои дорои шароити хуби табиӣ-иқлимӣ ворид гардида, дорои захираҳои зиёди манбаъҳои барқароршавандаи энергия мебошад. Манбаи асосии барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ин неруи об мебошад. Танҳо иқтидори техникӣ-иқтисодии дарёҳои хурд, аз рӯи маълумоти олимони АМИТ, аз имконияти ҳамаи дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия (ба истиснои энергияи дарёҳои калон) зиёдтар аст. Ба гуфтаи ӯ, омӯзишу тадқиқоти олимони Марказ нишон доданд, ки истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикаи хурди Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути сохтани микро ва мининеругоҳҳои барқи обӣ  бо иқтидори аз 1 кВт то 1000 кВт дар маҳалҳои дур аз хатти интиқоли барқ дар шароити кӯҳистон, имкон медиҳад, ки истифодаи захираҳои табиии кӯҳҳо фаъол гардонда шавад. Шароити зисти аҳолии маҳаллӣ беҳтар ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди он афзуда, неруи рекратсионии ҳудудҳои кӯҳистон васеъ ва пурра истифода гарданд.  Инчунин, ба ин васила, таъсири антропогенӣ коҳиш дода шуда, экологияи муҳити зист беҳтар гардад ва рушди соҳибкории хурд дар ин маҳалҳо таъмин карда шавад.
Анвар Қодирӣ иброз медорад, ки, мутаассифона, захираҳои дарёҳои хурд дар Тоҷикистон оқилона ва самаранок истифода бурда намешаванд. Аз шумораи умумии НБО-и тавониашон хурд, ки дар давраи истиқлоли давлатӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат сохта ва ба истифода дода шудаанд, қисми зиёдашон кор намекунанд. Истифодаи оқилона ва самараноки захираи дарёҳои хурд масъалаи хеле муҳим ва рӯзмарра буда, ҳалли он барои ба даст овардани истиқлоли энергетикии кишвар мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, олимони Марказ дар мисоли қитъаи “Челондӣ” модели математикии динамикаи манбаъҳои геотермалии энергияро пешниҳод карда, усулҳои ададии масъалаи сеченакаи геотермалиро коркард намуданд, ки онро барои таҳлили раванди истифодаи захираҳои геотермалӣ татбиқ кардан мумкин аст. 
Воқеан, Тоҷикистон аз захираҳои обӣ ғанӣ буда, релефи кӯҳӣ ва мавҷудияти дарёҳо имкон медиҳанд, ки сарбандҳои баланд ва неругоҳҳои барқи обии хурду бузург бунёд гашта, неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза тавлид шавад. Коршиносони мустақили байналмилалӣ низ бар он назаранд, ки ба шарофати захираҳои ғании “энергияи сабз” Тоҷикистон қодир аст, ниёзҳои тамоми минтақаи Осиёи Марказиро бо неруи барқ қонеъ гардонад. Ба ҳамин минвол, маҷаллаи олмонии "Diplomasiches Magazin" матлабе дар бораи Тоҷикистон мунташир карда, дар он Тоҷикистонро истеҳсолкунандаи “энергияи сабз”-и тоза бо зарифиятҳои ғании гидроэнергетикӣ унвон кардааст. 
Агар иқтидори мавҷудаи Тоҷикистон дар самти тавлиди неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза самаранок истифода гардад, солҳои наздик истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо «энергияи сабз» таъмин гашта, сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар мегардад ва, дар ин замина, партовҳои зарарнок ба муҳити атроф ба сатҳи ниҳоӣ коҳиш дода мешавад. Яъне, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» табдил хоҳад ёфт.  

Шаҳноз ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 03.04.2024 №: 61
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив