ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАРЗИШ

ВАРЗИШ

03 апрел 2024, Чоршанбе
7
0


ФУТБОЛ
Дар Чемпионати Тоҷикистон 63 легионер бозӣ мекунад
6-уми апрел Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар ду марҳала шуруъ мегардад, ки дар он 12 даста ширкат варзида, ҳар яке 22 бозӣ анҷом медиҳад.
Ҳайати ҳамаи дастаҳо барои мавсими соли 2024 пешниҳод гашт. Дастае, ки дар мавсим ҷойи дувоздаҳумро мегирад, ба Лигаи якум мегузарад, дастаи ҷойи 11-ум бо барандаи медали нуқраи Лигаи якум бозии гузаришӣ анҷом медиҳад.
Маҳдудият барои бозигарони хориҷӣ бетағйир боқӣ монд ва имсол низ ҳар як дастаи Лигаи олӣ метавонад то ҳафт бозигари хориҷӣ дошта бошад, аммо дар як вақт то панҷ легионер дар майдон бозӣ карда метавонад.
Ба ҳайати дастаҳо 63 легионер даъват шудааст, ки намояндагони 17 кишвари қораҳои Аврупо, Амрико, Африқо ва Осиё мебошанд. Танҳо як даста – “Барқчӣ”-и Ҳисор, ки асоси тимҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аст, комилан аз ҳисоби футболбозони маҳаллӣ таркиб ёфтааст.
Дар байни кишварҳое, ки футболбозонашон дар Чемпионати Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард, Гана дар мақоми аввал аст. Аз ин кишварҳои африқоӣ 15 бозигар ба ҳайати дастаҳои Лигаи олӣ шомил аст, аз Камерун 14 бозигар, аз Ӯзбекистон - 13, аз Украина - 6, аз Булғорияву Россия дунафарӣ. Аз 11 кишвар: Босния ва Ҳерсеговин, Канада, Молдова, Нигерия, Сербия, Танзания, Туркманистон, Фаронса, Хорватия, Ҷопон ва Эрон якнафарӣ дар Лигаи олии Тоҷикистон бозӣ мекунад.
Инчунин, аз 12 сармураббии дастаҳои Лигаи олӣ се нафараш хориҷист: Никола Лазаревич аз Сербия (“Истиқлол”), Игор Суров аз Россия (“Эсхата”) ва Нуъмон Ҳасанов аз Ӯзбекистон (“Истаравшан”). Дар 9 дастаи дигар мутахассисони маҳаллӣ ба ҳайси сармураббӣ кор мекунанд: Юсуф Рабиев (“Барқчӣ”), Тоҳирҷон Муъминов (“Вахш”), Шамсиддин Қосимов (КМВА), Ҳикмат Шарифов (“Кӯктош”), Боирҷон Эгамбердиев (“Панҷшер”), Аҳлиддин Турдиев (“Равшан”), Зайниддин Раҳимов (“Регар-ТадАЗ”), Рустам Хоҷаев (“Хуҷанд”), Алишер Тӯхтаев (“Ҳосилот”).
Дар даври аввали марҳалаи якуми Чемпионати Тоҷикистон-2024 дастаҳо ба таври зайл бо ҳам вомехӯранд:

6-уми апрел:
«Хуҷанд» – «Эсхата»;
«Регар-ТадАЗ» – «Вахш»;
«Барқчӣ» – «Равшан»;
7-уми апрел;
«Ҳосилот» – «Кӯктош»;
«Истиқлол» – «Истаравшан»;
«Панҷшер» – КМВА.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 03.04.2024 №: 61
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив