ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУШАНБЕ. ШАҲРИ ОРЗУВУ ОРМОНҲО

ДУШАНБЕ. ШАҲРИ ОРЗУВУ ОРМОНҲО

04 апрел 2024, Панҷшанбе
52
0


Тибқи маълумоти таърихнигорон, шаҳри Душанбе аз қадимулайём макони зисти мардуми ориёнажод маҳсуб меёфт. Ҳанӯз 5-6 ҳазор сол қабл аз ин, инсонҳо ин сарзамини зебоманзарро ҷои сукунати худ қарор дода буданд. Аз ҷумла, бостоншиносон дар баландии соҳили чапи дарёи Душанбе осори маданиятро пайдо намуданд, ки ба асри III то милод, яъне давраи Юнону Бохтар, тааллуқ доранд. Теъдоди зиёди онҳо, аз ҷумла асбоб  барои  коркарди  ғалла, дегчаҳои  сафолӣ, лангарчаҳои чархмонанду аҳромшакл, зарфҳои гуногуни хурокхӯрӣ, рангдонҳои сегӯша, гӯшвори тиллоӣ дар намуди Сфинкс (мавҷуди асотирӣ, ки танаш аз шер асту каллааш аз одамӣ), сиккаҳои нуқрагии сосонӣ ва ғайра  дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ба маъраз гузошта шудаанд.
Агар мо ба ёдгориҳои Осорхонаи миллӣ диққат диҳем, мебинем, ки дар таркиби бозёфтҳои археологии аз ҳудуди шаҳри Душанбе бадастомада, осори давраи Юнону Бохтар (солҳои 250-125 то милод)  ва Кӯшониён бештар дида мешавад. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки  дар ин давраҳо зиндагии мардум дар шаҳр рушд намуда будааст. 
Душанбе ном гирифтани ин макони зебоманзар ба он хотир мебошад, ки дар канораи чапи рӯди имрӯзаи Душанбе, қалъае ҷой дошт ва ҳар рӯзи душанбе дар назди он бозор баргузор мегашт. Номи имрӯзаи пойтахти Тоҷикистон ёдоварӣ аз ҳамин бозор аст. Азбаски ин ҷойро «душанбебозор» мегуфтанд, деҳкадае, ки бо гузашти замон дар ҷои «душанбебозор» пайдо шуд, Душанбе ном мегирад.
Соли 1924, пас аз ташкили  Ҷумҳурии Мухтории Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон,  Душанбе  пойтахти он эълон гардид. Сохтмони бунёдии шаҳр дар миёнаи солҳои 20-30-юми қарни гузашта шуруъ ёфта, заминаҳои маъмуриву идоракунии мамлакат гузошта шуд ва дар ин давра бинои Нозирони Комиссариати Халқӣ, Комиссариати зироат, Комиссариати алоқа, инчунин, мактабҳои типи нави шуравӣ қомат афрохтанд. 
Баъдан, 3-юми марти соли 1938 Ҳукумати Тоҷикистон Нақшаи генералии шаҳри Душанберо тасдиқ намуд, ки сохтмони онро дар соҳили чапи рӯди Душанбе барои 170 ҳазор иқоматкунанда пешбинӣ мекард. 
Боиси тазаккур аст, ки солҳои ҳокимияти шуравӣ Душанбе ба маркази бузурги фарҳангӣ ва илмӣ табдил ёфт.  Ҳамон айём дар  пойтахт 23 пажӯҳишгоҳ, 8 мактаби олӣ, 13 мактаби миёнаи махсус, 19 омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ ва 95 мактаби маълумоти умумӣ беш аз 70 театру кинотеатр фаъолият дошт. Соли 1951 бошад, Академияи илмҳои Тоҷикистон таъсис ёфт. 
Дар даврони истиқлолияти давлатӣ пойтахти Ватани азизамон бо ибтикороти наҷиби Пешвои муаззами миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  хидматҳои шабонарӯзии раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ шукӯҳу шаҳомати хоса касб намуд. 
Иншоотҳои гуногун қомат афрохтанд, хусусан, сохтмони манзил, меҳмонхонаҳо ва иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст. Қобили зикр аст, ки меъмории биноҳои шаҳр мазмуни миллӣ пайдо карданд.
Боиси фахр аст, ки пойтахти Ватани маҳбубамон барои саҳми бузург  дар мустаҳкам намудани пояҳои сулҳ ва якдилӣ соли 2004 бо қарори ЮНЕСКО бо унвони «Шаҳри сулҳ» сазовор шуд.
Бешубҳа, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо бунёди маҷмааву кохҳои меъмориву фарҳангӣ, хиёбонҳо, иморатҳои маъмуриву иқоматӣ, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои маърифативу илмӣ ва адабӣ Душанбе ба яке аз шаҳрҳои бошукӯҳи ҷаҳон табдил меёбад.
Моро месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намуда, бо шукргузорӣ аз осудагӣ бо риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ дар корҳои созандагиву ободонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани пойтахти азизамон ҳамеша кӯшишу талош намоем.

Буризода ИБОДУЛЛО, сармутахассиси шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллӣ

Санаи нашр: 04.04.2024 №: 62
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив