ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН.  ГУЗОРИШ АЗ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН

ХАТЛОН.  ГУЗОРИШ АЗ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН

04 апрел 2024, Панҷшанбе
8
0


Тибқи нақшаи чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва дастуру супориши раиси вилоят,  30-юми март дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки васеи ҳайати расмӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявию минтақавӣ ҷаласаи сайёр ва муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби  муовини якуми раиси вилояти Хатлон Музаффар Мирзозода баргузор шуд.
Музаффар Мирзозода зимни вохӯрӣ зикр намуд, ки ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии шаҳрвандон зери назорати  Сарвари давлат ва раиси вилоят қарор дорад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад, ки оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ба мақомоти иҷроия муроҷиат намояд. 
Ба фаъолони ноҳия дастур дода шуд, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ва ҳар як ваҷаб замин самаранок истифода баранд ва ҷиҳати гирифтани се-чор ҳосил ва захира намудани хӯроки дусола чораҳои зарурӣ андешанд. Инчунин, оид ба омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, ниҳолшинонӣ, омодагӣ ба даъвати навбатии хизмати ҳарбӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ,  ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо ва расидан ба қадру қимати тинҷию амонии Ватанамон дастуру супориш дода шуд. 
Сипас, раиси ноҳия Зафар Гулзода оид ба натиҷаҳои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар думоҳаи аввали соли 2024 ва нақшаи оянда ҳисоботи мухтасар ироа намуд.   
Дар қабули шаҳрвандон 11 сокини ноҳия бо масъалаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ, аз қабили таъмини оби нӯшокӣ, ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, сохтмони бунгоҳи тиббӣ, синфхонаҳои иловагӣ барои деҳаҳои дурдасти ноҳия, кумаки моддӣ ва дастрасии аробачаи маъюбӣ, муроҷиат намуд. 
Муовини якуми раиси вилоят Музаффар Мирзозода баъд аз  муроҷиати шаҳрвандон барои ҳалли мушкилоти сокинон ва муроҷиаткунандагон ба масъулони соҳаҳои мухталифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия ва роҳбарони ташкилоти минтақавӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. 
Тибқи дастури раиси вилояти Хатлон, ба маъюбон ва камбизоатон кумаки молиявӣ расонда шуд. 
 
Зокир ҲАСАН,  "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 04.04.2024 №: 62
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив