ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАРЗИШ

ВАРЗИШ

04 апрел 2024, Панҷшанбе
7
0


ГӮШТӢ
12 паҳлавони тоҷик  дар Чемпионати Осиё ширкат мекунад
11-16-уми апрел дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек Чемпионати Осиё оид ба гӯштӣ доир мегардад. Дар он 366 варзишгар дар 30 вазн – 10 вазн гӯштии тарзи озод, 10 вазн гӯштии юнонӣ-римӣ ва 10 вазн гӯштии занон зӯрозмоӣ мекунанд. 
Федератсияи гӯштии Тоҷикистон 12 варзишгарро ба Бишкек сафарбар менамояд: Айаал Белолюбский (-57 кг), Ҷамшед Шарифов (-61 кг), Камол Беков (-65 кг), Мустафо Ахмедов (-70 кг), Виктор Рассадин (-74 кг), Магомет Евлоев (-79 кг) дар гӯштии тарзи озод; Ватансултон Шакаршоева (-53 кг) – гӯштии занон, Асламҷон Азизов (-60 кг), Фирӯз Мирзораҷабов (-67 кг), Суҳроб Абдулҳаев (-87 кг), Мирзоамин Сафаров (-97 кг), Эдуард Бабоношев (-130 кг).
Паҳлавонони мо дар чемпионатҳои Осиё оид ба гӯштӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ 22 медал – 1 тилло, 8 нуқра, 13 биринҷӣ – ба даст овардаанд. Ягона медали тиллоро дар ин намуди варзиш паҳлавони машҳур Юсуф Абдусаломов сазовор гаштааст.


ВАРЗИШИ САБУК
14-ум Ниммарафони байналмилалии Душанбе доир мегардад
Ба ифтихори Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки шанбеи сеюми моҳи апрел ҷашн гирифта мешавад, 14-ум Ниммарафони байналмилалии Душанбе доир мегардад.
Дар ин бора қарори раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расид. Дар қарор омадааст, ки чорабинии варзишӣ бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашнвора баргузор шуда, бо ин мақсад, аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт 546860 сомонӣ ҷудо мешавад.
Ниммарафони Душанбе аз соли 2010 дар Рӯзи пойтахт баргузор мегардад ва соли 2013 ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаи дур ворид гаштааст.
Масофаи дав 21 кило метру 97,5 метрро ташкил дода, дар он варзишгарони беш аз 20 давлат ширкат хоҳанд кард.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 04.04.2024 №: 62
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив