ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ӮЗБЕКИСТОН.  НАҚШИ ОЗМУНҲО ДАР ТАРҒИБИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 

ӮЗБЕКИСТОН.  НАҚШИ ОЗМУНҲО ДАР ТАРҒИБИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК 

04 апрел 2024, Панҷшанбе
26
0


Гурӯҳи “Тоҷикони ҷаҳон” дар байни форсигӯён ва шефтагони каломи бадеи шаҳру ноҳияҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон таҳти унвони “Дасти дуои модар” озмун баргузор кард.
Тавре роҳбари гурӯҳи “Тоҷикони ҷаҳон” Салим Инъомзода ба “Ҷумҳурият” гуфт, ин озмуни дуюм аст, ки мегузаронанд ва мавриди таваҷҷуҳи шаҳрвандони адабиётдӯсту адабпарвар қарор гирифт.
- Дар озмуни “Дасти дуои модар”, ки ҳадаф тарғиби забони ноби тоҷикӣ ва шеъру адабиёти тоҷикӣ-форсӣ мебошад, даҳҳо нафар аз шаҳру ноҳияҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон ширкат варзиданд. Мувофиқи низомнома ҳар иштирокчӣ дар васфи модар шеър интихоб ва зебо қироат карда, онро дар навор сабт намуд. Наворҳоро аъзои ҳакамон тамошо ва ғолибонро интихоб намуданд, - гуфт Салим Инъомзода.
Чор нафар ғолиби озмун аз номи маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ”, рӯзномаи “Овози тоҷик” ва шоира, нависанда ва журналист Уғулой Ҷӯрабоева сазовори сертификат, туҳфаҳои хотиравӣ ва бастаи китобҳои бадеии тозанашри адибони тоҷик гардиданд.
Гурӯҳи “Тоҷикони ҷаҳон” ин навбат озмуни “Гули рухсори чакома”-ро баргузор хоҳад кард, ки ба шеъри шоири забардасти тоҷик Гулрухсор бахшида мешавад.


Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 04.04.2024 №: 62
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив