ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУ МУШКИЛИ САҲШ.  РОҲҲОИ ҲАЛ КАДОМҲОЯНД?

ДУ МУШКИЛИ САҲШ.  РОҲҲОИ ҲАЛ КАДОМҲОЯНД?

04 апрел 2024, Панҷшанбе
26
0

 
Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи риояи талаботи қонун ва эҳтиром ба он, тарғиби арзишҳои демократӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва эҳтиром ба давлату миллат нақши муассир мебозад. 
Фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки, асосан, ба соҳаи ҳуқуқ тааллуқ дорад, бевосита ба таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҳамчун узви ҷомеа, шуруъ аз бунёди оила,  таваллуд то вафот равона гардидааст. Аз ин рӯ, интизор дорем, ки дар Соли маърифати ҳуқуқӣ сатҳу сифати кори мақомот ва ҳам омодагии ҳуқуқии шаҳрвандон зимни муроҷиат ба САҲШ беҳтару хубтар мегардад. 
Маълум аст, ки пас аз тавлиди фарзанд масъалаҳои ҳуқуқии кӯдак ба миён меоянд, ки волидон дар таъмини онҳо масъулияти бузург доранд. Яке аз аввалин ҳуқуқҳои кӯдак интихоб ва гузоштани номи зебову муносиб ва сари вақт гирифтани шаҳодатномаи таваллуд мебошад. Бояд хотирнишон сохт, ки тартиби бақайдгирии давлатии таваллудро боби 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии  асноди ҳолати шаҳрвандӣ» муқаррар менамояд. 
Мутаассифона, аз муроҷиатҳои шаҳрвандон дар мавриди гирифтани шаҳодатномаи таваллуд натиҷагирӣ кардан мумкин аст, ки на ҳар  падару модар дар мавриди ба қайди давлатӣ гирифтани таваллуди фарзандашон муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии  асноди ҳолати шаҳрвандӣ»-ро риоя мекунанд.             
Бояд зикр кард, ки дар сурати ба миён омадани баҳсҳои судӣ миёни зану шавҳаре, ки ақди никоҳашон вайрон мешавад, бинобар набудани шаҳодатномаи таваллуди фарзандонашон дар масъалаи рӯёндани алимент мушкилиҳо пеш меоянд. Дар чунин ҳолатҳо модару кӯдак барои ҳимояи ҳуқуқҳояшон бояд мушкилиҳоро паси сар намоянд.
Ҳамчунин, бояд ёдрас намуд, ки қисми 4 моддаи 18 Қонуни номбурда муқаррар намудааст, ки ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кӯдак бояд на дертар аз се моҳи баъд аз таваллуди кӯдак пешниҳод гардад. Дар ғайри ин сурат, агар муҳлати муқарраргардидаи қонунгузорӣ риоя нашавад тибқи қонунгузорӣ волидон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. 
Яке аз самтҳои дигари фаъолияти мақомоти САҲШ бақайдгирии давлатии ҳолати вафот мебошад. Дар моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» гуфта мешавад, ки асосҳо барои бақайдгирии давлатии вафот ин ҳуҷҷати шаклаш муқарраршуда оид ба вафот, ки аз тарафи  муассисаи тиббӣ ё табиби бо фаъолияти хусусӣ машғулбуда дода шудааст ва, ё ҳалномаи суд дар бораи муқаррар намудани факти вафот, ё фавтида эълон намудани шахс, ки ба қувваи қонунӣ даромадааст, мебошад. Дар қисми 1 моддаи 28 ин модда дарҷ шудааст, ки бақайдгирии давлатии вафот аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар маҳали истиқомати охирини шахси фавтида, маҳали вафот, маҳали ёфт шудани ҷасади шахси фавтида ё дар маҳали ҷойгиршавии суде, ки ҳалнома оид ба муқаррар намудани факти вафот, ё фавтида эълон намудани шахсро баровардааст, гузаронда мешавад.  Вафоти шахсоне, ки зиёда аз 1 сол пеш вафот кардаанд, инчунин, шахсоне, ки аз рӯи тартиби қонунгузорӣ мурда ҳисоб шудаанд, аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.
Баъзан шаҳрвандон бо омадани мусибат-фавти наздикон дар муҳлати муроҷиат барои гирифтани хатти вафот таъхир менамоянд. Ҳол он ки қисми 2 моддаи 30 Қонуни мазкур муайян намудааст, ки ариза дар бораи вафоти шахс бояд на дертар аз се рӯз аз рӯзи фаро расидани марг ва ё аз рӯзи ёфт шудани ҷасади фавтида дода шавад. Дар натиҷаи чунин таъхиркориҳо, яъне бинобар дар муҳлати муайянгардида пешниҳод  накардани ариза барои гирифтани хатти вафот назди пайвандони шахси фавтида муаммоҳо ва мушкилиҳо пеш меоянд. Аз ҷумла, дар масъалаи қабули мерос.
САҲШ мақомоти ваколатдори давлатиест, ки ҳамеша бо мардум чи дар дар рӯзҳои хурсандии онҳо аз қабили тӯй, таваллуди кӯдак, фарзандхондӣ ва дар рӯзҳои ғамгиниашон ба мисли бекор кардани ақди никоҳ, бақайдгирии фавт дар иртибот мебошад. Бо тақозои ин рисолати бузург ва муътабар, кормандони мақомоти САҲШ-ро зарур аст, ки иқтидори бузурги касбӣ ва фарҳангӣ, дониши кофии ҳуқуқӣ, маҳорати дарк ва ҳалли мушкилоти шаҳрвандон, малака ва фарҳанги муошират, дар маҷмуъ, сифатҳои ҳамидаи касбию инсониро доро бошанд, то дар ҳар мавриде вобаста ба мазмуни муроҷиатҳо дар ҳалли масъалаю мушкилоти шаҳрвандон ба онҳо хизмат расонда тавонанд.

Умеда АФҒОНЗОДА,
мудири бахши САҲШ-и шаҳри Турсунзода

Санаи нашр: 04.04.2024 №: 62
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив