ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САФАРИ РАСМИИ ГУРБОНГУЛИ БЕРДИМУХАМЕДОВ БА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

САФАРИ РАСМИИ ГУРБОНГУЛИ БЕРДИМУХАМЕДОВ БА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

05 апрел 2024, Ҷумъа
4
0

 
4-уми апрел Пешвои миллии халқи туркман – Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгули Бердимухамедов бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар майдони Қасри миллат, ки идона оро ёфта буд, баргузор гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллии халқи туркман – Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгули Бердимухамедовро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.
Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузашти ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди ду пешвои миллӣ анҷом ёфт.

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон
4-уми апрел дар Қасри миллат, пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ, музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон дар доираи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман – Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 
Дар ҷараёни мулоқоту музокироти хоса ва бо иштироки ҳайатҳои расмӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллии халқи туркман – Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатии ду кишварро баррасӣ намуда, атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор карданд.
Дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақом муҳтарам Гурбонгули Бердимухамедовро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Зимни вохӯрӣ аҳамияти идомаи муколамаи мунтазами сиёсӣ дар ҳамаи сатҳҳо таъкид шуда, рушди минбаъдаи фаъоли муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба манфиати ҳар ду ҷониб муҳим номида шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгули Бердимухамедов зимни суҳбати самимӣ масъалаҳои рушду густариши робитаҳо дар соҳаҳои ояндадори нафту газ, химия ва металлургия, кооператсияи саноат, кишоварзӣ ва нақлиёту боркашониро муҳокима намуданд.
Густариши равобити байниминтақавӣ тавассути тавсеаи ҳамкории байни субъектҳо ва роҳандозии муносибатҳои бародаршаҳрии байни шаҳрҳои ду кишвар муҳим дониста шуд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, масоили таҳкими ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ гардид.
Доир ба ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва дастгирии минбаъдаи ташаббусҳои глобалии якдигар мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ба масъалаҳои таъмини амнияти минтақа ва таҳкими ҳамкории сохторҳои дахлдори ду кишвар, аз ҷумла дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, таваҷҷуҳ зоҳир гашт.
Мусоҳибон, ҳамчунин, оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд намуданд.

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон
4-уми апрел, баъд аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон, дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Пешвои миллии халқи туркман – Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгули Бердимухамедов маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд. 
Аз ҷумла, санадҳои зерин ба имзо расиданд:
Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон барои солҳои 2024-2025;
Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони хизмати дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон;
Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳокимлики шаҳри Аркадаги Туркманистон дар бораи ба роҳ мондани муносибатҳои бародаршаҳрӣ;
Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сохтмон ва меъмории Туркманистон;
Ёддошти тафоҳум байни Институти геология, сохтмони ба заминларза тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти сейсмология ва физикаи атмосфераи Академияи илмҳои Туркманистон.

Барномаи фарҳангӣ таҳти унвони “Шоми дӯстӣ”
4-уми апрел дар доираи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман – Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукӯҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Туркманистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” баргузор гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом – муҳтарам Гурбонгули Бердимухамедов иштирок карданд.
Бояд гуфт, ки баргузории консерти устодони санъати Тоҷикистон ва Туркманистон бо номи “Шоми дӯстӣ” намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ, идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ ва омили муҳими рушду густариши робитаҳои гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар мебошад.
Консерти ҷаззоби “Шоми дӯстӣ” бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар, ки тараннумгари дӯстии мардумони Тоҷикистону Туркманистон мебошад, хушу хотирмон ҷараён гирифт.

Санаи нашр: 05.04.2024 №: 63
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив