ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОБУ ЭКОЛОГИЯ.  НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ГЛОБАЛӢ

ОБУ ЭКОЛОГИЯ.  НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ГЛОБАЛӢ

05 апрел 2024, Ҷумъа
20
0


Тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он яке аз мушкилоти муҳими  ҷаҳон маҳсуб мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ доир ба таҳдиди хатарҳои тағйирёбии иқлим баромад намуда, таваҷҷуҳи аҳли сайёраро ба ин масъала ҷалб карда, ба манфиати башар пешниҳодҳо менамоянд.

Бо мақсади ҳалли масъалаҳои обу экология, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк пешниҳод намуданд, ки барои аз байн бурдани мушкилоти норасоии об ва рафъи мушкилоти экологии марбут ба об соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шавад. Дар асоси ин ташаббус, 20-уми сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. Бо ҳамин иқдомоти пайгирона ва ташаббусҳои башардӯстонаи Тоҷикистон пайи ҳам аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд. Дар ин баробар, Тоҷикистон маркази қабули барномаҳои сатҳи байналмилалӣ шуд. Бо натиҷагирӣ аз татбиқи Соли байналмилалии оби тоза, ки назаррасу манфиатнок будани худро нишон дод, қарор дода шуд, ки солҳои минбаъда низ дар ин самт тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд. Бо дарки ин, ки мушкили норасоии оби тоза барои садҳо миллион аҳолии дунё масъалаи ҳаётан ҷиддӣ ва дорои аҳамияти аввалиндараҷа мебошад, ҳамчунин, бо назардошти ин, ки масъалаи мазкурро дар як солу ду сол ҳаллу фасл кардан ғайриимкон аст, Тоҷикистон дар Форуми сеюми байналмилалии об дар шаҳри Киотои Ҷопон, Форуми байналмилалии Душанбе оид ба оби тоза, инчунин, Иҷлосияи 58-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуд, ки солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии  амалиёт «Об барои ҳаёт» эълон карда шавад ва он аз ҷониби ширкаткунандагони форумҳои мазкур якдилона пазируфта шуд. Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар асоси Эъломияи Душанбе қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» расман эълон кард. Ин иқдомро 141 давлати ҷаҳон якдилона пазируфтанд, ки ин рӯйдод дар таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик ҳодисаи таърихӣ арзёбӣ гардид. Татбиқи ин даҳсола низ ба баргузории чорабиниҳои сатҳи гуногун дар ҷаҳон боис гардид. Танҳо дар шаҳри Душанбе давоми солҳои 2005-2015 се чорабинии сатҳи баланд баргузор шуд. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ вобаста ба ҳалли масоили обу иқлим яке аз кишварҳои пешоҳанг ва ташаббускори асосӣ шинохта шудааст. Боиси сарфарозист, ки 14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид  бо қабули қатъномаи махсуси худ соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кард ва аз соли 2025 сар карда, ҳамасола 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил  мегардад. Ин иқдоми навбатӣ ва башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.
Ҳамин тавр, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ муаррифӣ шуда, Роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ бо ташаббусу ибтикороти бузург ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба обу иқлим, барои саодати аҳли башар баромад менамоянд.  

Самариддин БАДАРҒАЕВ, 
ассистенти кафедраи варзиши сабуки Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмумин Раҳимов

Санаи нашр: 05.04.2024 №: 63
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив