ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КИТОБИ КӮДАКОН. ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАНТАНА ДОРАД

КИТОБИ КӮДАКОН. ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАНТАНА ДОРАД

05 апрел 2024, Ҷумъа
14
0

 
2-юми апрел дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар бахшида ба Рӯзи байналмилалии китоби бачагона Фестивали ҷумҳуриявии ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!» оғоз гардид, ки  то 9-уми апрел идома меёбад. 

Ҳадаф аз баргузории он ҷалби насли наврас ба мутолааи китоб, баланд бардоштани сатҳи фарҳангиву иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва, ба ин васила, дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.
Пеш аз оғози Фестивал намоиши китоб таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!» доир гардид, ки дар он садҳо номгӯи асарҳои бачагона аз адабиёти тоҷик ва ҷаҳон ба маъраз гузошта шуданд. Ҳамчунин, дар ин ҷо иштирокдорон бо дастранҷи кӯдакону наврасон, фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр шинос гаштанд. Хонандагон аз ашъори шоирон оид ба мутолааи китоб ва дӯст доштани он шеърҳо қироат намуданд. 
Дар ҳамоиш кӯдакону наврасон бо адибони шинохтаи тоҷик  Назокати Олим, Латофат Кенҷаева, Ҷӯра Ҳошимӣ, Софияи Носир, Маҳбуба Неъматзода (Самарқанд), суҳбат намуда, таассуроти хешро роҷеъ ба китобҳои хондаашон баён доштанд. 
Ҳусайн Сафарзода, директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, зикр намуд, ки Фестивали мазкур ҳар сол ба санаи хосе бахшида мешавад. Имсол низ ин анъана идома ёфта, он ба ҷашнҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», Солҳои  Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040), 50-солагии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумуриявии ба номи Мирсаид Миршакар», инчунин, ҷашну зодрӯзӣ адибону олимон бахшида шудааст. 
Бояд гуфт, ки созмондиҳандагони Фестивал барои бедор намудани майлу рағбат ва шавқу ҳаваси насли наврас ба мутолааи китоб баргузории чорабиниҳои гуногуни шавқовар, ба мисли  «Кӯдакон дунёи моянд», «Пайравони Пешво», «Сайри олами маонӣ», «Насли солим – ҷомеаи солим», «Варзишгарони навраси тоҷик», «Навқаламон», «Дӯстдорони назми классикӣ», «Дӯстдорони фантастика», «Дӯстдорони савту наво», «Дӯстдорони сайру саёҳат», «Ихтироъкори наврас», «Муҳандиси ҷавон», «Об қиматтар аз лаълу гуҳар», «Роғун – кохи нур», «Тоҷикистон – кишвари доимбаҳор», «Шоир андар синаи миллат дил аст»-ро таҳия карданд. 
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 2-юми апрел ба ифтихори зодрӯзи афсонанависи бузург Ҳанс Кристиан Андерсен бо қарори шурои Ассотсиатсияи байналмилалии кӯдакон ва ҷавонон (International Board on Books for Young People, IBBY) шуруъ аз соли 1967 дар тамоми олам Рӯзи байналмилалии китоби бачагона баргузор мешавад. 
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 05.04.2024 №: 63
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив