ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУРНАМОИ РУШДИ УСТУВОР

ДУРНАМОИ РУШДИ УСТУВОР

09 апрел 2024, Сешанбе
10
0


Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади муҳим, муайянкунанда ва батанзимдарорандаи дурнамои рушди устувору бомароми сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат буда, муаррифкунандаи сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол, нақшаи илман асоснокшудаи тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва мақсаду мароми давлату Ҳукумат, инчунин, роҳҳои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ дар соли 2024  ва солҳои минбаъда маҳсуб меёбад. 
            
Дар Паёми худ Пешвои миллат самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу  тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, зан ва мақоми он дар ҷомеа вазифаҳои мушаххас ба миён мегузоранд.  Ин аст, ки бо иҷрои вазифаҳои гузошташуда ҳамаи соҳаҳо рӯ ба рушд ниҳоданд.
Мавриди зикр аст, ки соли 2023 барои Тоҷикистон сарфи назар аз мураккабшавии вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим, хушксолию камобӣ ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар соли бобарор буд. Дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омаданд. Маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар афзуд, буҷети давлатӣ таъмин гардид, соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар рӯ ба рушд ниҳоданд.  
Татбиқи чорабиниҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагонии мардуми кишварамон мусоидат намуд. 
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар соли 2023 қабул гардидани Стратеияи рушди ҳифзи иҷтимоии  аҳолӣ барои давраи то соли 2040 ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта мусоидат менамояд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аҳолии мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ ду маротиба зиёд шуда, шумораи  фавт ду баробар коҳиш ёфтааст. Дарозумрии миёнаи аҳолии мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 6 сол афзуда, аз 70  ба 76,3 сол расидааст. 
Ҳалли  саривақтии  масъалаҳои  иҷтимоии аҳолӣ ва  фароҳам  овардани  шароити   арзандаи зиндагии    мардум,  аз  ҷумла  бо  роҳи  мунтазам  таъсис  додани   ҷойҳои  нави  корӣ,  зиёд  намудани ҳаҷми даромади  аҳолӣ,  баланд бардоштани  музди  меҳнати   кормандон,  нафақа  ва стипендияҳо, аз   масъалаҳои муҳимтарин  дар   ин  давра мебошанд.
Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат барои таъмини солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ чораҳои зарурӣ меандешад. Ин аст, ки  маблағгузории соҳа сол то сол меафзояд. Масалан, соли 2023 барои соҳаи тандурустӣ 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо шуд, ки 8,8 фоизи буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Ҳоло дар соҳа татбиқи 15 стратегияву барномаҳои миллӣ бомаром идома доранд, ки барои беҳбуди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона гаштааст.
Соли 2023 Вазорати тандурустӣ соҳиби бинои нави корӣ шуд, ки он туҳфаи Ҳукумати мамлакат ва  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ мебошад. 
Мо – маъмурият ва кормандони беморхонаи №5, дар ҷавоб ба ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафту дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар ва ба давлати мутараққӣ табдил додани Ватани азизамон аҳлона меҳнат мекунем.   

Муҳаммадҷон САИДОВ, 
мудири ташхисгоҳи беморхонаи №5, роҳбари  ташкилоти «Фарҳанги сиёсӣ»-и кормандони тибби ноҳияи Восеъ

Санаи нашр: 08.04.2024 №: 64
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив