ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАРЗИШ

ВАРЗИШ

09 апрел 2024, Сешанбе
3
0


ФУТЗАЛ
Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё иштирок мекунад
Марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 аз 17 то 28-уми апрел дар Тайланд доир мегардад.
Футболбозони толории мо, ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов 6-уми апрел дар Бангкок дар ҳайати 14, аз ҷумла 2 дарвозабон, ба ҷамъомади тамринӣ фаро гирифта шуданд.
Тими миллии футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Ҷумҳурии Корея (18-уми апрел), Қирғизистон (20-уми апрел) ва Ҷопон (22-юми апрел) рақобат мекунад. Дар марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 шонздаҳ даста дар чор гурӯҳ иштирок менамояд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба чорякфинал роҳ меёбад ва барои ба даст овардани медалҳо талош меварзад. Панҷ дастаи беҳтарин ба Ҷоми ҷаҳон-2024, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар Ӯзбекистон доир мегардад, роҳхат мегирад.


ФУТБОЛ
Радабандии FIFA: Тоҷикистон мавқеашро  дар 100-гона нигоҳ дошт
Тими миллии футболи Тоҷикистон дар радабандии FIFA, ки 4-уми апрел нашр шуд, бо 1216,76 хол мавқеашро дар ҷойи 99-ум нигоҳ дошт.
Чемпиони феълии ҷаҳон – тими Аргентина дар байни 211 даста дар ҷойи аввал аст. Фаронса дар ҷойи дуюм ва Белгия дар зинаи сеюм мавқеъ гирифтаанд.
Тими миллии Тоҷикистон дар байни тимҳои узви Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) дар зинаи 16-ум аст. Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон 18-ум), Эрон дар ҷойи дуюм (дар ҷаҳон 20-ум) ва Ҷумҳурии Корея дар зинаи сеюм (дар ҷаҳон 23-юм) қарор доранд.
Радабандии FIFA аз соли 1993 тартиб дода мешавад. Ҷойи 99-ум натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар таърихи мавҷудияташ мебошад.


ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН 
миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз ёфт
6-7-уми апрел бозиҳои даври аввали 33-юм Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ доир гаштанд.
Ба муносибати оғози мавсими нав, ки 12 даста ширкат дорад, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе, зимни бозӣ миёни дастаҳои “Истиқлол” – “Истаравшан”, Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шуд.
Дар даври аввал “Хуҷанд” бар “Эсхата” (2:1), “Регар-ТадАЗ” бар “Вахш” (2:0), “Ҳосилот” бар “Кӯктош” (2:0), “Истиқлол” бар “Истаравшан” (3:1), КМВА бар “Панҷшер” (3:1) пирӯз омаданд, бозӣ миёни дастаҳои “Барқчӣ” – “Равшан” мусовӣ (3:3) шуд.
Даври дуюми чемпионат 12-14-уми апрел ба нақша гирифта шудааст. 12-уми апрел “Кӯктош” бо “Регар-ТадАЗ”, “Хуҷанд” бо “Ҳосилот”, 13-уми апрел “Вахш” бо “Истиқлол”, “Эсхата” бо КМВА ва 14-уми апрел “Равшан” бо “Панҷшер”, “Истаравшан” бо “Барқчӣ” вомехӯранд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 08.04.2024 №: 64
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив