ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАТЕМАТИК. ПОРАЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ ДОКТОР ҚАМАРИДИН ТУХЛИЕВ

МАТЕМАТИК. ПОРАЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ ДОКТОР ҚАМАРИДИН ТУХЛИЕВ

09 апрел 2024, Сешанбе
7
0


Кор кардани яке аз муҳаққиқони барҷастаи соҳаи математика, олими номдор ва шинохта, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Қамаридин Тухлиев дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”  барои ҷавонони донишҷӯ бахти бузургест. Ба таъбири дигар, китобу рисолаҳои илмӣ, дастурҳои методии ӯ ҷавононро ба қуллаҳои баланди илмӣ раҳнамоӣ месозанд. 

Қамаридин Тухлиев  соли 1975, баъди хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории  Ленинобод ба номи С.М. Киров (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров) ҳамчун  муаллим дар кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо  фаъолияти меҳнатии худро оғоз менамояд. 
14-уми феврали соли 2018 рисолаи докториро ҳимоя намуда, унвони баланди доктори илмҳои математикаро ба даст меорад. Устод аввалин шуда  дар конфронсҳои иттифоқӣ оид ба  омӯзиши фанни информатика соли 1986 дар шаҳри Москва бо маърузаҳои илмӣ баромад намудааст. 
Яке аз корҳои асосии Қамаридин Тухлиев омодаву чоп кардани китобҳои дарсӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба шумор меравад. Ӯ бо ҳаммуаллифии  М. Муллоҷонов ва Ф. Комилов китобҳои дарсии фанни «Технологияи информатсионӣ» ва баъдтар «Технологияи иттилоотӣ»-ро таҳия намудааст, ки аз 70 то ба 100 ҳазор нусха нашр шудаанд. Китобҳои мазкур дар тамоми  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди истифода қарор доранд, ки ин боиси ифтихори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик  Бобоҷон Ғафуров мебошад.
Китобҳои илмии ӯ низ, имрӯз ҳамчун сарчашмаи асосии илмӣ дар истифодаанд. Монографияи илмии  устод бо номи «Приближение функций по периодическим мультипликативным системам и системам типа Хаара» ба воситаи нашриёти «Ирфон» соли 2009 чоп шуд ва ба он мутахассисони варзидаи соҳа баҳои баланд доданд. 
Саҳми профессор Қ. Тухлиев дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ барои мактабҳои олӣ низ назаррас аст. Аз ҷумла, давоми чор соли охир зери роҳбарии ӯ ва академик М.Ш.   Шабозов 5 нафар унвонҷӯ: Ҷ. Бекназаров, К. Муродов, А. Маликов, Д. Тухлиев, А. Туйчиев рисолаи номзадии хешро дифоъ карданд ва, ҳамчунин, бо мусоидати профессор Қ. Тухлиев устодони факултети математика  Ф. Юсупова, С. Раҷабова, М. Ниёзалиева, Ҷ. Абдулакимова, Б. Дадоҷонов, М. Аҳмадбекова, З. Абдуллоева, М. Норбобоев бомуваффақият ба дифои рисолаҳои номзадӣ шарафёб гардиданд.
Хидматҳои арзандаи илмии устод, Аълочии маорифи Тоҷикистон  Қамаридин Тухлиев бо Ифтихорнома ва Ҷоизаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба номи академик Бобоҷон Fафуров  қадр шудаанд. 

Аюб УСМОНЗОДА, 
доктори илмҳои таърих, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,
Ромизи АБДУЛЛОҲ, 
номзади илмҳои филологӣ, дотсент, сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳ

Санаи нашр: 09.04.2024 №: 65
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив