ҶУДО

09 апрел 2024, Сешанбе
4
0


Паҳлавонони тоҷик дар  Чемпионати Осиё  ширкат мекунанд
20-22-юми апрел дар Ҳонгконги Чин Чемпионати ҷудои Осиё доир мегардад.

Тибқи маълумоти Федератсияи байналмилалии ҷудо, мусобиқа аз рӯи 14 вазн – 7 вазни мардҳо, 7 вазни бонувон, инчунин, зӯрозмоии дас-тавӣ сурат гирифта, дар он иштироки 273 варзишгар (166 мард, 107 зан) аз 37 давлати қора дар назар аст.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 9 варзишгар – 8 мард, як занро ба ин мусобиқа сафарбар мекунад, ки инҳо мебошанд: Аҳлия Муъминова (-52 кг), Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳ Устопириён, Шодмон Ризоев (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг), Темур Раҳимов (+100 кг).


ГӮШТИНГИРӢ
Дар Данғара мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор мегардад
27-уми апрел дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Данғара, бахшида ба Ҷашни Наврӯз бо сарпарастии Клуби футболи «Истиқлол» ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ – гӯштингирӣ баргузор мешавад.

Ба иттилои Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон, мусобиқа бо иштироки варзишгарони дохилию хориҷӣ аз рӯи се вазн: -65 кг, -86 кг ва +86 кг доир мегардад.
Ба иштирокчиён ҷоизапулии арзишманд тақдим хоҳад шуд: барои ҷойи аввал 5000 доллари ИМА, ҷойи дуюм – 3000 ва ҷойи сеюм 1500 доллар. Ҳамчунин, барои як пирӯзӣ низ паҳлавонон соҳиби ҷоиза мешаванд. 

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 09.04.2024 №: 65
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив