ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

09 апрел 2024, Сешанбе
19
0


"ВМКБ.  ЧАРО СУРЪАТИ ИНТЕРНЕТ ПАСТ АСТ?"
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон матлаби Раҳмони Гулзор: "ВМКБ. Чаро суръати интернет паст аст?"-ро, ки 14-уми июни соли 2023 дар рӯзномаи"Ҷумҳурият" нашр шудааст, мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дод.
Дар мақолаи мазкур, аз ҷумла  оид ба тез-тез пасту баланд шудани суръати алоқа ва, ҳатто, тамоман канда шудани он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сухан рафтааст. Хадамоти алоқа, дар робита ба ин, иттилоъ медиҳад, ки чиҳати ҳалли мушкилоти соҳа пайваста чораандешӣ менамояд. Мавриди зикр аст, ки аз тарафи ширкатҳои мобилӣ ҶСП "Индиго Тоҷикистон", ҶСП "ТТ Мобайл", ҶСП "Вавилон Мобайл", ҶДММ "Таком" ва ширкати алоқаи собит ҶСК "Тоҷиктелеком" ҷиҳати беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ дар ВМКБ аз моҳи июни соли 2023 то моҳи марти соли равон 44 истгоҳи базавӣ (дар стандарти 2G 1 адад, 3G 8 ва 4G 35 адад) ва зиёда аз 326 километр хатти нахи нурӣ роҳандозӣ ва насб карда шуд. Инчунин, аз моҳи июни соли 2023 то моҳи марти соли 2024 аз ҷониби ҶДММ "Вавилон Т" ва ҶСП "Индиго Тоҷикистон" дар вилоят 20 нуқтаи дастрасии WIFI ва 1 нуқтаи дастрасии WIMAX насб  гардид. Миқдори истгоҳҳои базавӣ афзоиш ёфта, хатҳои радиорелеӣ ва нахи нурии алоқа пайваста бунёд гардида, мавриди муосиркунонӣ қарор дода шуданд, ки ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии дастрасӣ ба шабакаи интернет мусоидат намуданд. Дар натиҷа, суръати дастрасӣ ба шабакаи интернет на камтар аз 30-32Мб/с барои ҳар як истифодабаранда таъмин карда шуд, сатҳи устувории шабака то дараҷаи назаррас баланд гардида, хизматрасониҳои рақамӣ барои сокинони баландкӯҳҳо боз ҳам тақвият ёфтанд. Ҳамзамон, бо афзоиши иқтидор ва зарфияти техникии шабакаҳои алоқаи мобилӣ ва собит тамоми тарофаҳои хизматрасониҳои алоқаи барқӣ ва дастрасӣ ба интернети мобилӣ ва собит мавриди бозбинӣ қарор гирифта, дар натиҷаи ворид намудани тағйирот дар онҳо арзиши миёнаи тарофаҳо беш аз 100 дарсад барои муштариён паст карда шуд. 
Ёдовар мешавем, ки дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои баландкӯҳ, мутахассисони Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо намояндагони операторони алоқаи барқӣ санҷиш ва мониторинги сифати алоқаро анҷом дода истодаанд. Санҷишҳои техникии фарогир дар пайи дархосту муроҷиати сокинон сурат гирифта, мақсади асосии он пурра дақиқ кардани маконҳои дорои сатҳи нокифояи мавҷи алоқаи барқӣ мебошад. Хадамоти алоқа корбарӣ дар ин самтро дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат идома дода, аз рӯи натиҷаҳои бадастомада дастрасии шаҳрвандон   ба алоқаи босифатро таъмин менамояд.
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати беҳтаргардонии хизматрасониҳои алоқаи барқӣ ва дастрас гардондани интернети баландсуръат дода буданд ва таъмини иҷрои саривақтӣ ва босифати фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ" аз 22-юми июни соли 2023, №586 тамоми саъю кӯшиш ва иқтидорҳоро сафарбар намуд.

Бег САБУР, 
сардори Хадамоти алоқаи назди
 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 09.04.2024 №: 65
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив