ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БЕМОРИИ ФАРБЕҲӢ. «ХӮРДАН БАРОИ ЗИНДАГӢ КАРДАН АСТ»

БЕМОРИИ ФАРБЕҲӢ. «ХӮРДАН БАРОИ ЗИНДАГӢ КАРДАН АСТ»

09 апрел 2024, Сешанбе
11
0


Саломатии мардум бойгарии миллат аст, зеро танҳо шахси солим метавонад вазифаи худро самаранок ба иҷро расонад ва бо ақли расову саъйи комил дар рушду нумуи кишвараш саҳм гузорад. Вале, мутаассифона, баъзе ашхос нисбат ба саломатии хеш беэътиноӣ мекунанд, ки оқибатҳои нохушро ба бор меорад. Аз ҷумла, имрӯзҳо яке аз чунин бемориҳое, ки онро вабои аср эълон кардаанд, фарбеҳӣ буда, мувофиқи маълумоти Cозмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ҳар сол дар олам аз он наздики 2,8 миллион нафар  мефавтад. 
Табиист, ки мардуми тоҷик низ аз ин маризӣ дар канор нест. Мувофиқи маълумоти Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология, айни ҳол қариби 30 дарсади аҳолии мамлакат ба бемории фарбеҳӣ гирифторанд. Маҳз ба ҳамин хотир, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши бемориҳои қанду фарбеҳӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ карда, масъулонро муваззаф намуданд, ки барои пешгирии ин бемориҳо тадбирҳои мушаххасу саривақтӣ андешанд. 
 
САБАБҲОИ АСОСИИ БЕМОРӢ 
Фарбеҳӣ бемории музминест, ки равғаннокии зиёди организмро нишон медиҳад. Тавре мутахассисон баён медоранд, сабабҳои асосии ба вуҷуд омадани фарбеҳӣ, истеъмоли хӯроки серғизо ва камҳаракатии шахс мебошад. Қатъи назар аз миқдори хӯрок, дар ҳолати серкалория будани он, вазнгирӣ ба вуҷуд меояд. Ба ҳамин тариқ, бо сабаби истеъмоли барзиёди чарбуҳо, маҳсулотҳои қаннодӣ ва камҳаракатӣ кас метавонад дар кӯтоҳтарин фурсат гирифтори ин беморӣ шавад. 
– Фаромӯш набояд кард, ки аз касалии фарбеҳӣ фаъолияти муқаррарии узвҳо халалдор гардида, бемориҳои дигар, аз қабили ишемияи дил, фишорбаландӣ, диабети қанд навъи 2, остеоартроз, қабзияти меъда ва амсоли инҳо сар мезананд,– иброз дошт Мурод Ҷалилов, корманди Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология, номзади илмҳои тиб.

РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ФАРБЕҲӢ
Тавре Мурод Ҷалилов мегӯяд, пешгирии фарбеҳӣ аз иродаи қавии инсон вобастагии калон дорад. Яъне, шахс бояд парҳезгор бошад.  Яке аз роҳҳои пешгирии фарбеҳӣ, истеъмоли маҳсулоте, ки аз орди навъи дуюму сеюм омода шудаанд, ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин,  вақти хариди маҳсулот, бояд ба навиштаҷоти он, хусусан миқдори чарбуяш, аҳамият дод. Дигар ин ки, беҳтар аст, хӯрок аз равғани рустаниҳо тайёр шавад. Инчунин, бояд аз истифодаи зиёди намак, таъмдиҳандаҳо, ғизоҳои тезтайёр, истеъмоли нӯшокиҳои ширини газнок дурӣ ҷуст. Бартар аз ин, ҳар яки моро зарур аст, ки зиёд пиёда роҳ гардему об нӯшем ва мунтазам ба варзиш машғул шавем, то саломатии худро ҳифз намоем. 

Гулнисо САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 09.04.2024 №: 65
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив