ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САНОАТ. РУШДИ СОҲА АЗ МАВЗУЪҲОИ МЕҲВАРИИ ПАЁМ БОҚӢ МЕМОНАД

САНОАТ. РУШДИ СОҲА АЗ МАВЗУЪҲОИ МЕҲВАРИИ ПАЁМ БОҚӢ МЕМОНАД

11 апрел 2024, Панҷшанбе
19
0


Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (28-уми декабри соли 2023) ба масъалаҳои саноатикунонии кишвар таваҷҷуҳи зиёд дода шуд. Сарвари давлат зимни баромадашон зикр намуданд, ки соли 2023 барои мардуми кишвар соли бобарор буд. Дар саросари кишвар ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ, ба истифода додани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ташаббусҳои ватандӯстона идома ёфтанд.
Пешвои миллат чунин ҳидоят доданд: «Зарур аст, ки дар ин раванд ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, сармоягузорон, шарикони рушд ва созмонҳои молиявии байналмилалӣ барои ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо воридоти технологияҳои муосири каммасраф ва дар ин замина ноил гардидан ба ҳадафҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар диққати аввалиндараҷа дода шавад».
Воқеан, соли 2023 соли пур аз комёбиҳо буд. Дар ин давра дар шаҳрҳои Душанбе корхонаи сементбарорӣ, Левакант ҶДММ «Азот»,   Гулистон  коргоҳи истеҳсоли қолинҳои рӯифаршии нақшдор, дар ноҳияи Зафаробод корхонаи пахтатозакунӣ, дар  Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ (ҶДММ «Азия политекс») ва даҳҳо корхонаҳои истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд.  
Солҳои соҳибистиқлолӣ амалисозии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон дод, ки дар кишвар зиёда аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи кор ба истифода дода шавад. Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1992-юм 4,6 баробар афзоиш ёфта, ба 46 миллиард сомонӣ расид. 
Дар Паём ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки афзоиши ҳаҷми коркард ва маҳсулоти ба содирот нигаронидашударо  таъмин карда, рақобатнокӣ ва гуногунсамтии истеҳсолот, ҷойгиркунонии самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ ва таъсиси маҷмааҳои саноатиро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд.
Ҳоло дар саросари мамлакат ҷараёни саноатигардонӣ ва татбиқи инноватсия идома дорад. Тибқи ҳуҷҷатҳои директивӣ, бахусус Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ-индустриалӣ ба мамлакати индустриалӣ-аграрӣ табдил меёбад. Махсусан, ба истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, рақамикунонии истеҳсолот ва рушди беандозаи «иқтисоди сабз» диққату эътибор дода хоҳад шуд.
Дар Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ соли ҷорӣ, дар баробари иҷрои лоиҳаҳои илмӣ, дар мавзуи технологияҳои инноватсионӣ конфронси байналмилалӣ гузаронда мешавад, ки дар он олимони ватанӣ ва хориҷӣ ширкат хоҳанд кард.  
Кормандони омӯзишгоҳи маркетинг ва ояндабинии Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, тибқи нақшаҳои тақвимӣ, корҳои тадқиқотиро иҷро намуда, барои сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни пуршукӯҳи 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю кӯшиш менамоянд. 

А. САЙДАЛИЕВА,
М. РАСУЛОВ, 
ходимони илмии омӯзишгоҳи маркетинг ва ояндабинии Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Санаи нашр: 11.04.2024 №: 66-67
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив