ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХОРУҒ.  БА БУНЁДИ БОЗ ЯК КОРХОНАИ САНОАТӢ АСОС ГУЗОШТА ШУД

ХОРУҒ.  БА БУНЁДИ БОЗ ЯК КОРХОНАИ САНОАТӢ АСОС ГУЗОШТА ШУД

11 апрел 2024, Панҷшанбе
12
0


Дар маҳаллаи Заводи нони шаҳри Хоруғ  корҳои сохтмонӣ барои бунёди  корхонаи истеҳсоли ҳасиб ва маҳсулоти ширӣ оғоз ёфтанд. 

Раиси Вилояти  Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон Алишер Мирзонабот, раиси  шаҳри  Хоруғ  Ризо Назарзода  ва  дигар роҳбарони дахлдори вилояту шаҳр  аз мавзеи бунёди иншоот дидан намуда, бо лоиҳаи сохтмони он шинос шуданд. 
Муассиси корхона, соҳибкори муваффақи маҳаллӣ Рамеш Худоиев лоиҳаи сохтмонро муаррифӣ намуд. Номбурда зимни шиносоии лоиҳаи иншоот  зикр кард, ки бо таъсиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ширкати «Неъматҳои Помир» ният дорад, аз ҳисоби гӯшти чорвои маҳаллӣ ва маҳсулоти ширкатҳои мурғпарварии ватанӣ корхонаи истеҳсоли ҳасиб бунёд намояд. Ҳамчунин, соҳибкор коргоҳи  истеҳсоли маҳсулоти шириро  ба кор медарорад, ки он аз тарафи хоҷагиҳои чорводории маҳаллӣ бо маҳсулоти аввалияи худӣ таъмин мешавад. Барои пурра амалигардонии  лоиҳа 10 миллион сомонӣ маблағ харҷ мешавад. Ҷиҳати амалигардонии ин  иқдом дар пайи баргузории Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест-2023», ки  моҳи августи соли гузашта дар шаҳри  Хоруғ баргузор гардид,  мувофиқа ба даст омадааст.
Тавре   Рамеш Худоиев  иттилоъ дод,  лоиҳа дар ду марҳала амалӣ мегардад. Таҷҳизот барои корхонаи нав  аз давлатҳои Аврупо ворид шуда, мутахассисони аврупоӣ бо ворид намудани технологияи муосир, ҳамчунин, мутахассисони маҳаллиро баъди насбу васли таҷҳизот дар ҷойи кор ба омӯзиш фаро мегиранд.
Бо ба кор андохтани корхонаи  саноатӣ беш аз 30 сокини шаҳри  Хоруғ ва деҳоти атроф  бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад. 
Раиси вилоят  Алишер Мирзонабот дар мулоқот бо сокинони маҳаллаи мазкур, ки дар мавзеи  сохтмон ҷамъ омаданд,  таъкид намуд, ки бо дастуру супоришҳо  ва дастгириҳои Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон дар ҳамаи самтҳои хоҷагидорӣ хеле пешрафт кард. Ҳамасола дар вилоят  иншооти гуногуни  иқтисодӣ-иҷтимоӣ  сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Дар фосилаи кӯтоҳи вақт бунёд гардидани силсилаиншооти саноатии ҳудуди вилоят ва минбаъд низ бештар тавсеа додани ин иқдом ба ташкили ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат менамояд. 
Ба муассиси корхонаи навбунёд супориш дода шуд, ки то моҳи августи соли 2024 корҳои сохтмониро анҷом дода, ба фаъолияти корхона оғоз бахшад.
      
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 11.04.2024 №: 66-67
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив