ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХИЗМАТИ ҲАРБӢ.  АЗ КАМОЛОТИ ШАХСӢ ТО ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ.  АЗ КАМОЛОТИ ШАХСӢ ТО ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ

11 апрел 2024, Панҷшанбе
8
0


Мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ оғоз гардида, раванди ин маъракаи муҳим нишон медиҳад, ки аксари ҷавонон хидмати ҳарбиро довталабона ихтиёр кардаанд. 

Фазои тантанавии гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ки аксаран бо амри дил аст, нишон медиҳад, ки руҳияи худшиносиву номуси ватандорӣ дар ниҳоди насли ҷавони кишвар сол ба сол камол меёбад. Ҳарчанд дар мавриди ҷалби ҷавонон ба Артиши миллӣ ҳанӯз мушкилиҳо низ ҷой доранд, вале дар маҷмуъ, фазои кунунии ташкил ва ба роҳ мондани ин маъракаи муҳим қобили қадр аст.
Чун мавсими солҳои гузашта Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои минтақаи Рашт ва чанд шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон дар рӯзҳои аввал нақшаи даъватро бо сарбаландӣ иҷро намуданд, ки бисёр хурсандиовар аст. Вале таҷрибаи солҳои гузашта нишон медиҳад, ки раванди даъвати ҷавонон дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат якранг нест ва мушкилиҳоро низ ба бор овардааст.
Ба андешаи мо дар шаҳру ноҳияҳое, ки дар ин самт мушкил доранд, бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташкили суҳбату вохӯриҳо бо ҷавонони синну соли даъватӣ бештар ба роҳ монда шавад. Тавассути воситаҳои ахбори омма низ матолибу барномаҳое нашру пахш шаванд, ки фазои воқеии хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро бозгӯ намоянд. Зеро, айни замон, шароити будубоши сарбозон дар ҳамаи қисмҳои низомии Артиши миллӣ хеле хуб гардида, хизматчиёни ҳарбӣ аз нигоҳи таъминоти моддӣ ягон камбудӣ надоранд. Гузашта аз ин, барои машқу тамрин ва обутоби ҷисмонии афсарону сарбозон лавозимоти зарурӣ фароҳам оварда шуда, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба маънои томаш мактаби тарбияи ҷавонмардӣ гардидааст.
Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки садоқат ба Ватан, ҳифзи марзи муқаддаси он ҳанӯз аз замонҳои қадим мояи ифтихор ва сарбаландии фарзандони вафодору ватандӯсти тоҷик буд ва маҳз ҳамин арзиш, миллати куҳанбунёди моро дар арзу тули таърих ҷовидон нигоҳ дошт. Дар шароити кунунӣ ҳам зарур аст, ки ҷавонони мо ҷасорату мардонагӣ ва нангу номусро шиори зиндагии худ дониста, дар ҳифзи марзу буми Ватан устувор бошанд ва ба ҳеҷ далел аз хизмат ба Ватан – Модар, аз хизмат ба давлати соҳибистиқлоли худ сарпечӣ накунанд. Зеро ҳифзу ҳимояи Ватан ин ҳифзу ҳимояи номусу шарафи модару хоҳар, кафили осудагиву амнияти хонадон ва таъминкунандаи сулҳу ваҳдат дар Ватани худ будан аст.
Имрӯз нафароне, ки бо амри виҷдон хизмати ҳарбиро ба анҷом мерасонанд, дар ҷомеа аз эҳтироми хос бархӯрдоранд. Зеро ба онҳо, чун нафарони аз мактаби бузурги ҷавонмардию камолоти шахсӣ гузашта, нигоҳ мекунанд. Пас ҳар ҷавони бо нангу номус ва дӯстдори ин Ватани маҳбубро зарур аст, то аз ин фурсат истифода намояд ва аз рӯи сидқу муҳаббат ба сарзамини аҷдодии худ сарбаландона хидмати сарбозиро анҷом дода, чунин ҷойгоҳи баландро дар ҷомеа соҳиб шавад.   

Тоҳир ОДИЛОВ,
декани факултети «Кори ҳамширагӣ»-и МҒТ 
«Коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ»

Санаи нашр: 11.04.2024 №: 66-67
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив