ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » 2024. САТҲИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

2024. САТҲИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

11 апрел 2024, Панҷшанбе
47
0

Маърифати ҳуқуқӣ яке аз василаҳои асосии таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пеш аз ҳама, таъмини принсипи қонуният буда, ба андешаи олимони соҳаи ҳуқуқ, ҷузъи муҳими фаъолияти давлат ва ҷомеаи ҳуқуқбунёд мебошад, ки ба пойдор гардидани тартибот ва адолат мусоидат мекунад. Маърифати ҳуқуқӣ як намуди маърифати умумӣ аст, ки аз маҷмуи фаҳмишҳо, донишҳо, таҳлил ва хулосабарориҳо оид ба мазмун ва моҳияти қонунгузорӣ, эҳтиром, риоя ва иҷрои онҳо, арҷгузорӣ ба арзишҳои дар муқаррароти қонунгузорӣ мустаҳкамгардида иборат аст.
Тибқи моддаи 1 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад. Низоми давлатдории демократӣ ба афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ном ва ба манфиати халқ амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ асос ёфта, давлати ҳуқуқбунёд бошад, ба қонуният ва ё волоияти қонун, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ва масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шахс асос меёбад. Падидаҳои зикргардида ба сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ робитаи зич дошта, танҳо дар сурати мавҷудияти сатҳи зарурии ин арзиш аҳолии кишвар метавонанд мазмуни аслӣ, моҳияти демократия ва ҳуқуқбунёдии Тоҷикистонро дарк намоянд.  Бо ин назардошт, гуфтан мумкин аст, ки эълон доштани Соли маърифати ҳуқуқӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат дар робита ба 30-солагии қабули Конститутсия ба миён омад, маҳз бо мақсади ташаккул додани тарбияи ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, эҳтиром нисбат ба қонун, ҳуқуқу озодӣ, манфиати инсон ва шаҳрванд нигаронда шудааст. Гузашта аз ин, дар шароити кунунӣ, тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон шарти асосии таъмини зиндагии шоиста ва эмин мондан аз ҳама гуна хатарҳои ҷаҳони муосир аст.
Бояд дар назар дошта бошем, ки масъалаи маърифати ҳуқуқӣ танҳо аз ҷанбаи ҳуқуқӣ иборат нест ё худ фақат мазмуни ҳуқуқӣ надорад, балки бо маҷмуи арзишҳои маънавӣ, аз қабили расму анъанаҳои миллию ахлоқӣ оид ба  некию накукорӣ, шафқату дилсӯзӣ, ростӣ, ҳақиқат, покӣ, адолат ва дигар арзишҳои дар таърихи мавҷудияти миллат исботшуда робитаи ногусастанӣ дорад. Чун моҳияти аслии қонунгузории кишварро унсурҳои болозикр ташкил медиҳанд, бо баланд гардидани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ҳар як шахс муҳимтарин хислатҳои неки инсониро низ аз худ намуда, ҳамчун шахсият ва ҷузъи ҷомеаи мутамаддин шинохта мешавад. 
Таҷрибаи давлатсозӣ дар тули таърих ва замони имрӯза низ собит намудаанд, ки маҳз ҷомеаи адолатпарвар метавонад устувор боқӣ монда, рушд намояд. Ҳатто, муҳаққиқон ба он назаранд, ки шакли аз ҳама самараноки реҷаи давлатдорӣ демократия ва ҳуқуқбунёдии давлат мебошад, зеро унсури ин ду падидаро маҳз ҳуқуқ, озодӣ ва манфиати инсон ташкил медиҳад. Гиромидошти ҳуқуқи инсон аз ҷониби давлат ба он сабаб аст, ки ҷомеа бе инсон ва давлат бе ҷомеа вуҷуд дошта наметавонанд. Аз ин рӯ, бо мақсади устувор нигоҳ доштани ин занҷира зарур аст, ки робитаи шахс, ҷомеа ва давлат дар сатҳи ҳуқуқӣ бо ҳисси баланди масъулияти тарафайн ба роҳ монда шавад. Воситаи таъини робитаи байни ин субъектон маҳз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошанд, ки ҳуқуқ ва вазифаҳои тарафайни ҳама гуна муносибати ҷамъиятиро муқаррар ва низому суботро таъмин менамоянд. Бинобар ин, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ метавонад ба баланд гардидани масъулият ва эътимоду боварии якдигар байни онҳо низ хизмат намояд.
Эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ назари дурбинонаи Пешвои муаззами миллатро ифода менамояд, ки солҳои минбаъда низ чун анъана баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ идома хоҳад ёфт. Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ барои риоя ва ҳифзи ҳуқуқ ва манфиати шахс, ҷомеа ва давлат дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат намуда, ба устувории қонуният боис мегардад. 

Шаҳзод БОБОЕВ,
магистранти Мактаби давлатдории 
Эмомалӣ Раҳмон

 

Санаи нашр: 11.04.2024 №: 66-67
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив