ГӮШТӢ

11 апрел 2024, Панҷшанбе
6
0


Соҳибони роҳхатҳои олимпӣ дар Бишкек муайян мегарданд
Пас аз Чемпионати гӯштии Осиё, ки 11-16-уми апрел дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек доир мегардад, 19-21-уми апрел дар ҳамон ҷо мусобиқаи интихобии олимпии қораи Осиё баргузор мешавад. 
Барои 36 роҳхати олимпӣ 209 варзишгари кишварҳои қора зӯр меозмояд. 
Аз ҷумла, Федератсияи гӯштии Тоҷикистон 9 варзишгарро ба ин мусобиқа сафарбар менамояд: Айаал Белолюбский (-57 кг), Абдулмаҷид Кудиев (-65 кг), Магомет Евлоев (-74 кг) дар гӯштии тарзи озод; Ватансултон Шакаршоева (-50 кг) – гӯштии занон, Асламҷон Азизов (-60 кг), Фирӯз Мирзораҷабов (-67 кг), Суҳроб Абдулҳаев (-87 кг), Мирзоамин Сафаров (-97 кг), Эдуард Бабоношев (-130 кг) дар гӯштии юнонӣ-римӣ.
Дар намуди гӯштӣ паҳлавони маъруф Юсуф Абдусаломов соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин медали нуқра гирифта буд.


ҚАДРДОНӢ
Дастгирии ду варзишгар аз ҷониби “Formula-55” 
Ширкати букмекирии “Formula-55” дар доираи лоиҳаи «Тоҷикистон, ба пеш!» варзишгарони навбатӣ – чемпиони чандинкаратаи ҷумҳурӣ ва барандаи Ҷом ва Суперҷоми Тоҷикистон, футболбоз Дилшод Саломов, барандаи медали биринҷии Бозиҳои Осиё-2022 дар намуди кураш Хайрандеш Муродзодаро аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ намуд.
Вохӯрии роҳбарияти ширкат ва варзишгарон дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии пойтахт баргузор шуда, варзишгарон аз омодагӣ ба мусобиқаҳои дарпешистода ва нақшаҳои ояндаи худ суҳбат карданд.
Ширкати “Formula-55” дар доираи лоиҳаи «Тоҷикистон, ба пеш!» ҳар моҳ варзишгаронро ҳавасманд, онҳоро барои пирӯзӣ ва расидан ба ҳадафҳояшон руҳбаланд мегардонад.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 11.04.2024 №: 66-67
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив