ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Умар Кремлёв

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Умар Кремлёв

15 апрел 2024, Душанбе
6
0


12-уми апрел Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв мулоқот намуд.
Дар суҳбат вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо дар самти рушди варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса риштаи бокс, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, аз сатҳ ва сифати робитаҳои тарафайн изҳори қаноатмандӣ намуда, барои ҳамкории зичи мутақобилан судманди Федератсияи бокси Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии бокс дар оянда, изҳори умед карданд.


ГӮШТИИ ТАРЗИ ОЗОД
Медали нуқраи Рассадин дар Чемпионати Осиё
Паҳлавони тоҷикистонӣ Виктор Рассадин дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштӣ, ки дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҷараён дорад, ҷойи дуюмро гирифт.
Виктор дар равияи гӯштии тарзи озод, вазни 74 кг, бар намояндагони Корея, Қирғизистон ва Туркманистон ғолиб омада, ба финал баромад. Ӯ дар зӯрозмоии финалӣ аз варзишгари ҷопонӣ Кота Такаҳаши шикаст хӯрда, сазовори медали нуқра гашт.
Дар ин равия ду варзишгари дигарамон – Мустафо Ахмедов (70 кг) ва Магамет Евлоев (79 кг) ҷойи панҷумро мушарраф шуданд.
Чемпионат 15-16-уми апрел бо зӯрозмоиҳои равияи гӯштии юнонӣ-римӣ анҷом меёбад, ки дар он 5 варзишгарамон ширкат мекунад.


КУРАШ
3 медали гӯштигирони тоҷик аз Эрон
Гӯштигирони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба кураш барои дарёфти ҷоизаҳои Президенти Ӯзбекистон 3 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Мусобиқа 11-12-уми апрел бо иштироки паҳлавонони 14 давлат дар шаҳри Исфароини Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд.
Медалҳоро барои тими Тоҷикистон Умар Расулов, Ҳақназар Назаров (дар вазни -90 кг) ва Шарифҷон Назриев (+90 кг) оварданд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 15.04.2024 №: 69
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив