ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ СОДИРОТ

ХАТЛОН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ СОДИРОТ

16 апрел 2024, Сешанбе
10
0


Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Мирзоалӣ Комил Ҷумахон аз роҳи оҳани вилояти Хатлон дидан карда, ба масъулон ҷиҳати пешрафти кор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар роҳи оҳани вилояти Хатлон бо мақсади содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёз, чораандешӣ шуда, соҳибкорон бо истифода аз имтиёзҳо маҳсулоти ниёзи аввал – пиёзи барвақтиро ба Қазоқистону Россия мебаранд. 
Вилояти Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини аграрии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Ҳамасола бо ҷаҳду талошҳои кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳсулоти гуногуни кишоварзии ниёзи аввал ба дигар давлатҳо содирот мегарданд, ки ин тадбир дар беҳзистии сокинон нақши созгор дорад. 
Раиси вилоят ба масъулон бобати босифат ва саривақт бандубаст кардани пиёз ва дар муҳлати пешбинишуда ба ҷойи лозимӣ расондани маҳсулот маслиҳатҳои муфид дод. Зикр гардид, ки  барои ҳавасмандии соҳибкорон як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд ва онҳо метавонанд дар доираи иҷрои фаъолияти якҷоя ва ҳамкориҳои судманд корро боз ҳам хубтар ба роҳ монанд.
Бобати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти беҳтар ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ тамоми сохторҳои марбута вазифадор гаштаанд, ки бо истифода аз имконияти мавҷуда ба раванди корҳои содиротӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.
Ҳадаф аз боздид, дасти ёрӣ дароз намудан ба истеҳсолотчиёни ватанӣ, содироткунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, сода гардондани ҳуҷҷатгузориҳо ва таъмини ҳавасмандии деҳқонону боғдорони ҷумҳурӣ мебошад.
Дар доираи чунин иқдомот раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Мирзоалӣ Комил Ҷумахон аз вокзали Хатлон, ки бахшида ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо маблағи 3,5 миллион сомонӣ пурра таъмиру азнавсозӣ шудааст, дидан карданд. Дар саҳни бино раиси вилояти Хатлон бо кормандони ниҳоди мазкур суҳбат намуда, аз суханронии охири Пешвои миллат бо фаъолон ва ходимони дин ёдовар шуданд ва таъкид намуданд, ки дар тарбияи фарзандон набояд ба саҳлангорӣ роҳ дод ва баҳри ҳифзи сулҳу субот ва истиқлол корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум гузарондан лозим аст.

Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 16.04.2024 №: 70
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив