ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАРЗИШ

ВАРЗИШ

16 апрел 2024, Сешанбе
2
0


ФУТБОЛ
Лигаи олӣ: даври дуюм ҷамъбаст гардид
12-14-уми апрел бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ доир гаштанд.
Дар ин давр “Ҳосилот” бар “Хуҷанд” (3:1), КМВА бар “Эсхата” (3:0), “Истиқлол” бар “Вахш” (3:0), “Равшан” бар “Панҷшер” (2:0) ғолиб омада, бозӣ миёни дастаҳои “Кӯктош” – “Регар-ТадАЗ” (0:0) ва “Истаравшан” – “Барқчӣ” (1:1) мусовӣ шуд.
Пас аз натиҷагирии ду давр “Истиқлол”, КМВА, “Ҳосилот” 6-холӣ ба аст оварда, дар сегонаи аввали ҷадвал қарор гирифтанд.
Даври сеюми Чемпионат 19-21-уми апрел баргузор хоҳад шуд. Дар даври навбатӣ  дастаҳо  тариқи  зайл  вомехӯранд: «Ҳосилот» – «Эсхата», «Панҷшер» – «Истаравшан», «Барқчӣ» – «Вахш», КМВА – «Равшан», «Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд», «Истиқлол» – «Кӯктош».


ҶУДО
Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Тошкент 3 медал гирифтанд
11-14-уми апрел дар шаҳри Тошкенти Ӯзбекистон Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон баргузор гашт.
Дар мусобиқа 421 варзишгар миёни наврасон, 355 варзишгар миёни ҷавонон аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ: Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат намуданд. Ҷумҳурии моро миёни наврасон 32 паҳлавон ва миёни ҷавонон 52 паҳлавон намояндагӣ карда, ба гирифтани 3 медал: 1 нуқра, ду биринҷӣ, мушарраф гардиданд.
Медали нуқраро Муқтадири Бобоҷон дар вазни -66 кг миёни ҷавонон ба даст овард. Дар ин синну сол Парвиз Абдураҳмонов (-100 кг) медали биринҷӣ гирифт. Медали дигари биринҷиро Мадина Қурбонзода (-52 кг) байни наврасон соҳиб шуд.


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ
Либоси ҳайати олимпии Тоҷикистонро Ширкати “361°” таъмин мекунад
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Ширкати “361°”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин созишномаи сарпарастӣ имзо карданд, ки дар асоси он Ширкат маҷмуи либоси ҳайати олимпии Тоҷикистонро дар 33-юм Бозиҳои олимпӣ дар Парижи Фаронса омода ва таъмин мекунад.
Созишномаро дар шаҳри Сиамени Чин ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров ва роҳбари Ширкати “361°” имзо карданд. 
Ба иттилои Кумита, иқдом дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби сарпарастон дар ҳаракати олимпии кишвар амалӣ гардид.
Зимни имзои созишнома, ҳамчунин, масъалаҳои тарҳи либоси варзишӣ, ки дар асоси рангҳои Парчами давлатӣ омода хоҳад шуд, андозаҳо, номгӯ ва дигар корҳои ташкилӣ баррасӣ шуданд. 

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 16.04.2024 №: 70
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив