ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАҲОН  ДАР ЯК САТР

ҶАҲОН  ДАР ЯК САТР

16 апрел 2024, Сешанбе
4
0


Мир24. Додгоҳи иёлати Мичиган волидайни наврасеро, ки дар мактаби шаҳри Оксфорд тирпарронӣ кард, равонаи зиндон намуд. 9-уми апрел  дар мурофиаи судӣ Ҷеннифер ва Ҷеймс Крамбли мутаносибан аз 10 то 15 сол маҳкум ба зиндон шуданд. Ин аввалин бор дар таърихи ИМА аст, ки волидайн барои ба куштор даст задани фарзанди ноболиғашон муҷозот мешаванд, – хабар медиҳад CNN.

Известия.  Муовини сардори Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Рябков ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки барои аз сар гирифтани музокирот оид ба суботи стратегӣ Россия бояд дар сиёсати ИМА тағйироти ҷиддиро бубинад.

Мир24. Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев қонун дар бораи ҳабси абад барои педофилия ва куштори кӯдаконро ба имзо расонд.

Синхуа. Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин ва Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон, зимни гуфтугӯи телефонӣ муноқишаи миёни Исроил ва Эронро баррасӣ карданд.
Абдуллоҳиён  ба Ван И мавқеи Эронро дар робита ба ҳамла ба бахши консулгарии Сафорати Эрон дар Димишқи Сурия баён дошта, таъкид кард, ки Шурои амнияти СММ пас аз ҳамла чораҳои ҷавобӣ наандешидааст. 

Санаи нашр: 16.04.2024 №: 70
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив