ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

16 апрел 2024, Сешанбе
11
0


«ДЕВАШТИЧ. ИМКОНИЯТИ ИСТЕҲСОЛИ НИМ МИЛЛИОН ТОННА КАРТОШКА ҲАСТ, АГАР...»  
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба маълумоти Шумо мерасонад, ки мақолаи Ҷовиди Аштӣ таҳти унвони «Деваштич. Имконияти истеҳсоли ним миллион тонна картошка ҳаст, агар...», ки  24-уми июли соли 2023 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шудааст, дар маҷлиси соҳавии назди муовини раиси ноҳия бо иштироки масъулини соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуд. 
Мавриди зикр аст, ки, дар ҳақиқат, ноҳияи Деваштич ноҳияи кишоварзӣ буда, дар ҷумҳурӣ бо соҳаи картошкапарварӣ машҳур аст. Дар ноҳия пайваста бо иштироки мутахассисони ҳамаи манотиқи мамлакат оид ба боз ҳам равнақбахшии картошкапарварӣ, баланд бардоштани самаранокии он ҳамоишҳои илмиву амалӣ доир мегарданд. 
Бояд зикр намуд, ки Пешвои муаззами миллат дар ҳар сафари кории худ ба ноҳия таваҷҷуҳи масъулони соҳаи кишоварзиро ба афзоиш бахшидани истеҳсолу ҳосилнокии картошка ва ба роҳ мондани содироти васеи он ба хориҷи кишвар ҷалб месозанд. Аз ҷумла, масъалагузорӣ шудааст, ки дар давоми ду-се соли охир истеҳсоли картошка дар ноҳия ба ним миллион тонна расонда шавад. Ин ба лоиҳаҳои сармоягузории хатти оби Даҳкатсой – Даҳанасой, ки барои обёрии 12 ҳазор гектар қитъаи замин пешбинӣ шудааст, вобаста мебошад. Дар ҳолати роҳандозии лоиҳаи мазкур заминҳои садсолаҳо аз кишт берунмондаву ташналаб обшор гардида, парвариши зироатҳои гуногун, аз ҷумла картошка, бештар ба роҳ монда мешавад. Лоиҳаи мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, дар ҳолати ҷонибдории ин лоиҳа, албатта, истеҳсоли картошка дар ноҳия боз ҳам зиёд мегардад, боғҳои замонавӣ бунёд ва садҳо сокинони ноҳия бо ҷойи кор таъмин мешаванд. 
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, истеҳсоли картошкаи босифату аз лиҳози экологӣ тозаро зиёд намояд.

Умар МАҲМАДЁРЗОДА,
муовини якуми раиси ноҳияи Деваштич

Санаи нашр: 16.04.2024 №: 70
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив