ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АСТРОФИЗИК.  ПОРАЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ ПРОФЕССОР ХУРСАНД ИБОДИНОВ

АСТРОФИЗИК.  ПОРАЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ ПРОФЕССОР ХУРСАНД ИБОДИНОВ

16 апрел 2024, Сешанбе
12
0


Хурсанд Ибодинов аз кӯдакӣ ба осмони ситоразор ҳавас дошта, кунҷкобона ҳар гуна саволҳо медод. Ин ҳавас баъд аз хатми мактаби миёнаи деҳаи Такфон соли 1959 ӯро ба факултаи физика ва математикаи Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) овард. Дар ин махзани дониш имкон пайдо шуд, ки ӯ ба саволҳои зиёди замони тифлии худ ҷавоб ҷӯяд. 

Солҳои донишҷӯӣ зуд паси сар шуданд. Дар он солҳо Академияи илмҳои ҷумҳурӣ аз байни донишҷӯён барои васеъ намудани самтҳои мухталифи соҳаҳои табиатшиносӣ шогирдони лаёқатманд меҷуст. Маҳорату истеъдоди Ибодиновро ба назар гирифта, мувофиқи дархости Институти астрофизика ӯро дар ин даргоҳ ба кор даъват намуданд. 
Дар Институт аз соли 1964 то лаҳзаҳои вопасин фаъолият дошт. Дар ин муддат дар аспирантура таҳсил карда, дар Институти физикаю техникаи ба номи Иоффеи АИ СССР (ш. Санкт-Петербург) тадқиқоти илмиро давом дод. Соли 1972 рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. Рисолаи докториро бошад, соли 1998 дар Институти тадқиқоти кайҳонии Академияи илмҳои Россия (ш. Москва) ҳимоя кард.
Тадқиқоти илмии Хурсанд Ибодинов ба ҳалли проблемаҳои актуалии астрофизика – табиат ва таҳаввули кометаҳо ва алоқамандии онҳо бо дигар ҷисмҳои Системаи офтобӣ равона шудаанд. Профессор Ибодинов самти нав – астрофизикаи таҷрибавӣ асос гузошта, муаллифи методҳои ҷадиди тадқиқоти кометаҳо мебошад. Якҷоя бо кормандони Институти физикаю техникаи ба номи Иоффеи Академияи илмҳои Россия методи моделсозии лаборатории ҳодисаҳои кометаро кор карда баромада, дар Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озмоишгоҳи астрофизикаи эксперименталӣ ташкил кард. Дар лаборатория дастгоҳҳо барои омӯхтани кометаҳои сунъӣ таҳти таъсири афканиши Офтоб сохта шудаанд.
Таҳти роҳбарии Х. Ибодинов таҷрибаҳои муҳим бо кометаҳои сунъӣ иҷро гаштаанд. Мавсуф муаллифи зиёда аз 150 асари илмӣ ва 3 дастури таълимӣ-методӣ мебошад. Таҳти роҳбарии он кас 3 рисолаи номзадӣ ҳимоя шудааст. Ибодинов  қариб 40 сол дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба донишҷӯён таълим дода, дар таъсиси  ихтисоси «Астрономия» ва кафедраи астрономияи ДМТ саҳми арзанда гузоштааст. Узви Иттифоқи байналмилалии астрономӣ, Кумитаи байналмилалӣ доир ба тадқиқоти кайҳон, ҷамъиятҳои астрономии Аврупо, Аврупою Осиё ва роҳбари Ҷамъияти астрономии Тоҷикистон буд.
Иттифоқи байналмилалии астрономӣ саҳми муҳими Хурсанд Ибодиновро дар  астрономия ба назар гирифта, соли 1991 ба сайёраи хурди №3436 номи «Ибодинов» (IBADINOV) гузошт.

Ҷӯрабой ҶӮРАЕВ,  номзади илмҳои техникӣ

Санаи нашр: 16.04.2024 №: 70
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив