ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РАҲУЛ САНКРИТЯЯН ТАБЛИҒГАРИ ОСОРИ УСТОД АЙНӢ ДАР ҲИНДУСТОН

РАҲУЛ САНКРИТЯЯН ТАБЛИҒГАРИ ОСОРИ УСТОД АЙНӢ ДАР ҲИНДУСТОН

16 апрел 2024, Сешанбе
5
0


Дар тарҷумаву муаррифии осори устод Садриддин Айнӣ дар Ҳиндустони афсонавӣ нақши шарқшинос, адиб, олим ва тарҷумони сермаҳсули адабиёти ҳинди асри XX Раҳул Санкритяян шоистаи таҳсин аст. Ӯ баъди ба кишвари паҳновари шуравӣ омадан ва ошноӣ бо Бобоҷон Ғафуров, ба фарҳанги мо дилбастагӣ пайдо мекунад ва дар ин ҷода корҳои шоистаеро анҷом медиҳад. 
Раҳул Санкритяян 9-уми апрели соли 1893 дар деҳаи Наниҳал Панлдаҳаи вилояти Аҷайгарҳи музофоти Уттар дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Номи аслиаш Кедарнатҳ Панде буда, бо тахаллуси Раҳул Санкритяян асарҳо меофарид. 

ХИДМАТҲОИ ШОИСТА  БА АДАБИЁТИ ТОҶИК
Раҳул Санкритяян асарҳои адибони тоҷик, аз ҷумла роману повестҳои устод Садриддин Айниро аз  забони тоҷикӣ ба ҳиндӣ, тарҷума кардааст.
– Дар ҷодаи ба хонандагони ҳинд шинос намудани адиби маъруфи тоҷик, пеш аз ҳама, заҳмати Раҳул Санкритяян бузург аст. Ӯ ба Иттиҳоди Шуравӣ зиёд сафар карда буд. Дар ҷараёни онҳо ва ҳангоми фаъолият дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои СССР ба омӯзиши адабиёти тоҷик диққати ҷиддӣ додааст. Аз гуфтаҳои худи ӯ маълум мешавад, ки солҳои дар Ленинград кору фаъолият кардан, бо устод Айнӣ мукотиба дошт. Пеш аз он ки, бевосита ба тарҷума ва нашри асарҳои устод машғул шавад, маслиҳатҳо пурсидааст, – мегӯяд профессор Ҳабибулло Раҷабов.
Соли 1948 Санкритяян бори нахуст ду асари устод Айнӣ: романи «Дохунда» ва повести «Одина»-ро ба ҳиндӣ тарҷума ва нашр мекунад. Ӯ ба повести «Одина» бо унвони «Аз тарафи тарҷумон» сарсухане навишта, доир ба ҳаёт ва эҷодиёти устод Айнӣ маълумоти муфассал медиҳад.
Бино ба гуфтаи Ҳабибулло Раҷабов, Санкритяян ба тарҷумаи романи «Дохунда» низ сарсухан ва охирсухан навишта, чеҳра ва осори устод Айниро ба хонандагони ҳинду шинос кардааст. Аз ҷумла, менависад: «Дохунда» ва «Ғуломон» барин романҳои ӯ на танҳо асарҳои бадеиянд, балки ҳар кадоме аҳамияти бузурги таърихӣ доранд. Барои бо Осиёи Марказӣ шинос шудан, китобҳои бисёре мавҷуданд, лекин, бешак асарҳои Садриддин Айнӣ дар ин росто хизмати калонеро ба ҷо меоранд».
Дар романи «Дохунда» ноширони китоб ҳам чанд сухан илова намуда, аҳамияти зиёди асарҳои Айниро бори дигар гӯшрас мекунанд. Аз ҷумла: «Хонандагон ба воситаи адабиёти ба забони англисӣ интишоршуда шояд дар бораи Иттиҳоди Шуравӣ бисёр чизҳоро дониста гиранд, аммо рушди ин мамлакатро хонанда ҳамон вақт дуруст фаҳмида метавонад, ки агар ба дигаргуниҳои ҷиддии дар Осиёи Марказӣ баамаломада ошно бошад. «Дохунда» беҳтарину маъруфтарин асари нависандаи Осиё Садриддин Айнӣ мебошад. Муаллиф дар 450 саҳифа ҳаёти мардумони Осиёи Марказиро реалистона тасвир карда, аз зулмат ба рӯшноӣ гузаштани ононро нишон додааст». Романи ёдшуда то соли 1984 чор маротиба дар Ҳиндустон нашр шудааст. 
Соли 1952 Раҳул Санкритяян асари машҳури устод Айнӣ «Марги судхӯр»-ро тарҷума намуда, дар шаҳри Пакна аз чоп баровард. Тарҷумон ба ин асар ҳам пешгуфтор навишта, дар он сабабҳои ба асарҳои Садриддин Айнӣ мароқи зиёд доштани халқи ҳиндуро шарҳ додааст.
Асарҳои устод Айнӣ дар Ҳиндустон зуд хонандагону мухлисони зиёде пайдо намуд. Онҳо хоҳиш мекарданд, ки бо асарҳои дигари устод Айнӣ низ ошно шаванд. Ин буд, ки соли 1953 Санкритяян боз як романи устод – «Ғуломон»-ро ба забони ҳиндӣ тарҷума намуда, нашр кард. Пас, соли 1955 повести «Одина» ва романи «Дохунда» дар шаҳри Аллоҳобод бори дуюм пешкаши хонандагон гардид. Соли 1956 бошад, повести «Ятим»-и устод Айнӣ аз чоп баромад. Тарҷумаи ин асарро ҳам Санкритяян ба сомон расондааст. Ранҷҳои ҳамин шахсияти барҷаста буд, ки дар сар то сари Ҳиндустони бостонию таърихӣ номи нависандаи тоҷик маъруфу маълум гардид. 
Мавсуф 14-уми апрели соли 1963 дар 70-солагӣ дар Ҳиндустон чашм аз олам пӯшид.

ГИРОМИДОШТИ  РАҲУЛ ДАР ТОҶИКИСТОН
Фаъолияти таърихнигории Санкритяян ба Бобоҷон Ғафуров, директори вақти Институти шарқшиносии СССР, рабт дорад. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки ӯ соли 1952 дар бораи таърихи халқи Осиёи Марказӣ низ бо номи «Таърихи Осиёи Марказӣ» (бо англисӣ – «Madhya Asia ka Itihaas» ва бо русӣ – «История Центральной Азии») дар ду ҷилд асар меофарад. Ин асар, бешак, бо тавсияву иршоди Бобоҷон Ғафуров иншо шуда, зеро аллома ба ҷуз Санкритяян боз чандин шогирдони ҳиндуро ба омӯзиши таъриху тамаддуни Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон ва дигар мамлакатҳои Шарқ раҳнамоӣ кардааст.  Мавсуф соли 1958 барои китоби «Таърихи Осиёи Марказӣ» бо ҷоизаи «Академяи Sahitya Akademi Award» сазовор мегардад.
Месазад ёд оварем, ки дар ДМТ профессор Майрамбӣ Нурова ин масъаларо амиқтар омӯхта, китобе бо номи “Садриддин Айнӣ дар майдони адабии Ҳинд” чоп мекунад.
Чанд сол қабл бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Академия гӯшаи олим, адиб ва тарҷумони маъруфи ҳинд Раҳул Санкритяян таъсис ёфт. Дар ифтитоҳи он вазири вақти корҳои хориҷии Ҳиндустон Мубашшир Ҷовид Акбар, олимону фарҳангиёни АМИТ иштирок доштанд. Сабаби ифтитоҳ ёфтани гӯшаи мазкур хидматҳои шоистаи Раҳул Санкритяян дар тарғибу ташвиқи таъриху адабиёти тоҷикон дар Ҳиндустон аст.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 16.04.2024 №: 70
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив