ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТИҚЛОЛ ВА ТАҲКИМИ МАҚОМИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН

ИСТИҚЛОЛ ВА ТАҲКИМИ МАҚОМИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН

07 март 2023, Сешанбе
296
0


Истиқлоли давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар дастовардҳои бесобиқа, инчунин, ба баланд гардидани мақоми зан дар ҷомеаи суннатии тоҷик нақши мондагор гузошт. Бо фароҳам овардани шароити мусоид аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кору таҳсил бонувони тоҷик бо иқдомот ва ташаббусҳои худ собит намуданд, ки метавонанд дар тамоми соҳаҳо муваффақ ва дар баробари мардон дар рушду тараққиёти Ватани худ ҳиссагузор бошанд.

Имрӯз дастгирии занон дар сатҳи давлатӣ зери таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Сарвари давлат бо қадршиносӣ аз хизматҳои зан – модари тоҷик чунин иброз медоранд: «Мо – мардон вазифадорем, ки ҳамеша ба қадри ранҷҳои кашидаи модарон, заҳмату хизматҳои занону духтарони худ ва умеду интизориҳои онҳо расем. Мо набояд фаромӯш кунем, ки аз пайғамбарон сар карда, тамоми нобиғаву алломаҳои башар аз домони поки модар ба дунё омадаанд ва дар оғӯши гарми ӯ бузург шудаанд».
Вобаста ба баланд бардоштани нақши зани тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои давлатӣ, аз ҷумла мансабҳои роҳбарӣ ва илмомӯзӣ, чанде аз бонувони фаъол ва саршиноси кишвар андешаҳои худро баён карданд, ки манзури хонанда мегардад. 

Ҳилолбӣ ҚУРБОНЗОДА, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
– Замони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба вазъи занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд. Дар ин давра механизмҳои миллии ҳимояи ҳуқуқи занон таҳия гардида, заминаҳои қонунгузорӣ ҷиҳати имкониятҳои баробари мардону занон фароҳам оварда шуданд.
Маҳз бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо занон ва оила ҳамчун сохтори воқеии муайянкунандаи баробарии гендерӣ ва пешбарандаи сиёсати гендерии кишвар ташкил шуда, бо мақсади тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардондани нақши онҳо, тарбияи насли худшиносу худогоҳ тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардиданд. 
Бо супориши Пешвои миллат бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, инчунин, то 30 фоиз расондани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030” аз 27 апрели соли 2022 қабул гардид.
Илова бар ин, бо мақсади дастгирии занон ва ҷалби онҳо ба хизмати давлатӣ соли 2017 барои довталабон-занон, ки бори нахуст ба хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот қабул мегарданд, се хол чун имтиёз илова шуд.
Айни замон 3 зан аъзои Ҳукумат, 5 нафар ба ҳайси роҳбарони мақомоти марказии назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 нафар дар вазифаи раисони шаҳру ноҳияҳо фаъолият доранд.
Дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2006 грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти соҳибкории занон таъсис дода шуд, ки ин тадбир низ ҳамчун таҷрибаи муҳим барои дастгирии занон дар тамоми манотиқи кишвар арзёбӣ мегардад. Соли 2022 дар асоси қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми маблағҳои грантӣ аз 2 ба 2,5 миллион сомонӣ барои 80 лоиҳаи мақсадноки занону бонувон зиёд гардид.
Гузашта аз ин, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда тавонист бо мақомоти дахлдори кор бо занони Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Корея, Чин, Афғонистон, Покистон ва Эрон робитаҳои дӯстона барқарор намояд.
Ин раванди корбарӣ пеш аз ҳама инъикосгари сиёсати сулҳпарваронаю созандаи дохилию хориҷии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии ҳамаҷонибаи мавқеи иҷтимоии занон ва мақому манзалати  баргузидаи занону бонувони сарбаланди тоҷик мебошад.

Махфират ХИДИРЗОДА, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор:
– Таъмини мувозинати гендерӣ дар ҳама соҳаҳо яке аз вазифаҳои асосии сиёсати гендерӣ маҳсуб меёбад Дар ин замина фаъолгардонии нақши занон дар соҳаи илм яке аз ҳадафҳои калидӣ ба ҳисоб меравад. Зеро илм василаи муҳими худтатбиқнамоӣ барои занон буда, ҳамзамон, дар иҷрои нақшҳои дигари иҷтимоии онҳо таъсири мусбат мерасонад. Зеро тавассути он ба тарбияи насли ояндаи дорои тафаккури илмӣ метавонанд мусоидат намоянд.
Табиист, ки воқеаҳои сиёсие, ки солҳои 1992-1997 дар ҷумҳурӣ рух доданд, ба рушди ин соҳа монеаҳои ҷиддиро пеш оварданд. Аз ҷумла, мактабҳои миёнаро бештари устодони  соҳибтаҷриба тарк карданд. Бинобар ин, нарасидани омӯзгорони соҳибкасб аз масъалаи муҳим дар ин самт гардид. Аз тарафи дигар, як  қатор ҷавондухтарони  минтақаҳои дурдасти кишвар бо сабабҳои объективию субъективӣ имконияти идомаи таҳсилро дар донишгоҳҳои олӣ надоштанд, ки ин ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси ватанӣ таъсири манфӣ расонд.
Рушди инфрасохтори соҳаи маориф, беҳтар гардидани заминаи моддию техникӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ, афзоиши талабот ба илму дониш ва болоравии маърифатнокию решакан намудани ақидаҳои хурофотӣ оид ба таҳсили фарзандон, бахусус духтарон, имкон дод, то масъалаи аз таҳсил дур мондани духтарон марҳила ба марҳила ҳалли худро ёбад.
Чуноне ки Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, дар замони истиқлол 11 500 духтар аз ноҳияҳои дурдаст муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Дар ин давра, дар маҷмуъ, 222 ҳазор духтар муассисаҳои олии касбиро хатм намуда, ҳоло 100 ҳазор нафар дар ин муассисаҳо таҳсил доранд. Аз 42 ҳазор донишҷӯ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, зиёда аз 8 ҳазораш духтаронанд.
Сол ба сол шумораи занон дар соҳаҳои гуногуни илм низ бештар мешавад. Тибқи маълумоти Кумитаи кор бо занон ва оила, айни ҳол академикҳо аз ҳисоби занон 2 нафар, профессор 130, доктори илм 104, номзади илм 1124 ва дотсент 390 нафарро ташкил дода, дар Академияи миллии илмҳо аз ҳисоби занону духтарон 743 нафар занону духтарон фаъолият мебаранд, ки 80 нафари онҳо кадрҳои роҳбарикунанда, 2 академик, 3 узви вобастаи Академияи миллии илмҳо, 24 доктори илм, 101 номзади илм, 40 доктори PHD ва 270 магистрант мебошад.
Дар 5 соли охир шумораи ихтироъкорон аз ҳисоби занон ба 210 нафар расида, соли 2022 аз 61 зани ихтироъкор 5 кас дар сатҳи байналмилалӣ сазовори Шоҳҷоиза ва медали тилло ва 2 нафар сазовори медали биринҷӣ гардиданд, ки дар рушди соҳаи илми муосири тоҷик саҳми назарраси худро гузошта истодаанд.

Муҷибахон ҶАВҲАРӢ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ:
– Истиқлоли давлатӣ тули ҳастии хеш симо ва сирати модари тоҷикро куллан табодул дод. Ӯ воқеан, ба як модари миллӣ табдил ёфтаву дорои симои ориёнаи пуртароват ва сирати ҳамидаи муосир мебошад; қалбаш саршор аз меҳр ва утуфат, дастонаш пури ҳунару санъат, зеҳну идрокаш офаранда, ғояву афкораш созанда, домонаш поку иффату исматаш соф ва дар забонаш нидои ростиву ҳақиқат, дар сараш чатри шарму ҳаё, иқдомаш неку пойдор дар ҳама ҷодаҳо, нақшаш арзишманд ва по ба по бо мардон дар хонаводаву дар иҷтимоъ аст. Тимсоли зебову суфтаи модари тоҷикро аҳли эҷод дар асарҳои насриву назмӣ ва тасвирии хеш офарида буданд, вале танҳо Истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки ин тимсол бо тозагиву нобӣ такомул ёбад. Нақш ва мақоми зан-модар, ки рукни аслии ҷомеа мебошад, маҳз дар ин айём бо талошҳо ва иқдомҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассиртарин ва арзишмандтарин арзёбӣ гаштааст. Дар Паёми табрикии Роҳбари давлат ба муносибати Рӯзи модар соли 2020 ҷумлаҳои асаргузор нисбат ба занону модарон зикр ёфта буд: “Иффату маърифат ва сабру таҳаммул ҳамчун сифатҳои беҳтарини миллӣ мақому манзалати занону бонувони моро дар ҷомеа баланд бардошта, онҳоро азизи ҳар як оила ва қуввати дили аҳли хонавода гардонидаанд”.
Арҷгузории Пешвои миллат нисбат ба занону бонувони тоҷик дар миқёси ҷаҳон беқиёс аст, маҳз бо ташаббусҳои инсонгароёнаи Сарвари мамлакат модари тоҷик дар хонаводаву ҷомеа ҷойгоҳи хосу арзишманд дорад. Ӯ дар хонавода омили тарбият, саломатии руҳу равони фарзандон ва ҳамсар аст. Манзалати ӯ дар иҷтимоъ волотару беҳтар аз ҳама давру замон маҳсуб меёбад, зеро барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоии модари тоҷик аз ҷониби Ҳукумати кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.
Ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат бонувони бошарафи моро водор менамояд, ки дар даҳаҳои охире, ки арзишҳои милливу фарҳангӣ таҳти раванди ҷаҳонишавӣ дар маърази таҳаввулот қарор гирифтааст, беш аз пеш дар тарбияи фарзандон масъулиятшинос бошанд ва онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, донишандӯзӣ ва аз худ кардани касбу ҳунар тарбия намуда, барои ташаккул ёфтани шахсияташон нақши бориз гузоранд. Инчунин, бонувонро месазад, ки барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллат камари ҳиммат баста, аз ҳуқуқҳои хеш дифоъ ва дар паҳлуи мардон барои иҷрои корҳои наҷибу ҳамида ифо намоянд. Дар зимн, фитрати мо, занонро Муҳаммад Иқбол сазовор васф намудааст, яъне занро “қонуни пурфурӯғи хонавода, маркази меҳр, мазҳари ишқ,  намоишгари покӣ, намунаи утуфат ва чашмаи иноят” унвон кардааст. Биёед, дар саргаҳи ин тавсифҳо қарор бигирем!

Шоҳона ОДИНАЗОДА, сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»:
– Нақши бонувони эҷодкор дар таърихи матбуот ва журналистикаи тоҷик, дар ташаккул ва таҳаввули он назаррас буда, ҳамчунин, дар инъикоси ҳаёти бонувони тоҷик дар васоити ахбори омма шоистаи таҳсину тавсиф аст. Бонувони қаламкаш бо диди наву нуктасанҷона, навҷӯиву сабку услуби хоси нигориш аз ҳампешагони мард тафовут доранд. Бонувон дар ин масир аз нигоҳи касбият, шуҷоату матонат ва сатҳи ҷаҳонбинӣ баробари мардҳо гом ниҳода, дар маҳви бесаводӣ, таблиғу ташвиқи мардум ба корҳои созандагӣ, маърифатнокӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини ҳуқуқ ва худогоҳии сокинон, бахусус бонувони кишвар, саҳми бориз гузошта меоянд. 
Бонувон дар баробари инъикоси дастовардҳои Ҳукумати мамлакат, пешрафти арсаҳои гуногуни хоҷагии халқ, инчунин, мавзуъҳои доғи рӯзро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба проблемаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, кишоварзӣ, вазъи экологӣ, пошхӯрии оилаҳо ва монанди ин масъалагузорӣ менамоянд. 
Ҳукумати мамлакат баҳри беҳтар намудани шароити моддию техникии ВАО ва дастгирии рӯзноманигорон пайваста тадбирҳо андешида, барои рушди соҳа шароити созгор фароҳам меорад. Таъсиси Академия ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани базаи моддию техникии бахшҳои алоҳидаи рӯзноманигории муассисаҳои олии касбии мамлакат, таъсиси маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амсоли инҳоро метавон ном бурд, ки аз таваҷҷуҳи сатҳи олии Ҳукумати мамлакат ба масоили рушди соҳа, бахусус бонувон мебошад.   
Таваҷҷуҳ ва ғамхории Ҳукумати кишвар ба матбуоти маҳаллӣ, алалхусус бонувони эҷодкор онҳоро руҳбаланд ва масъулияташонро дучанд мегардонад. Ҳамасола бошукӯҳ ҷашн гирифтани Рӯзи матбуоти тоҷик ва бо ҷоизаҳову унвонҳо қадр кардани журналистон, бахусус бонувони қаламкаш, мояи ифтихору фараҳмандист, ки ба ин тариқ, насли нави бонувони журналист пайрави мактаби эҷодӣ, таҷриба ва маҳорати нигорандагӣ хоҳанд буд. 

Дилноза АҲМАДЗОДА, муовини директори Агентии хизмати давлатӣ:
– Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини фаъолияти худ ба ҳайси Сарвари давлат ба бонувон ҳамчун ба қишри асосии ҷомеа такя намуда, ҷиҳати тақвияти саҳми онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар тавассути тарбияи кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби бонувони лаёқатманд ва фаъолу ташаббускор ва ҷалби онҳо барои фаъолият дар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла таъин ба мансабҳои роҳбарӣ мунтазам таъкид намуда, масъалаи мазкурро дар меҳвари сиёсати худ қарор додаанд. 
Мувофиқи таҳлили оморӣ ба ҳолати 1 январи соли 2023 дар ҷумҳурӣ теъдоди хизматчиёни давлатии амалкунанда 18 549 нафар буда, аз ин шумора 4503 нафар (24,2 фоиз) занон мебошанд. Дар мансабҳои роҳбарикунанда бошад 1115 нафар ё 19 фоизанд.
Масъалаи фаъолияти занон дар соҳаи хизмати давлатӣ пайваста зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дошта, амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расондани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расондани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд, иҷрои босифат ва дарёфти механизмҳои татбиқи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои давраи миёнамуҳлат самти афзалиятноки фаъолияти сохторҳои калидии давлатӣ буда, пайваста чораҷӯӣ мешаванд.
Соли 2022 дар заминаи Академияи идоракунии давлатӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори соҳа – Агентии хизмати давлатӣ 35 курси омӯзишӣ ва такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатӣ бо фарогирии 605 хизматчии давлатӣ аз ҳисоби бонувон бо мақсади тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон барои мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ташкил намуд.
Фаъолияти босамари бонувон дар сиёсат шаҳодати таваҷҷуҳи пайваста,  пуштибонии қавӣ, эътимоди комил, такя ва боварии амиқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. 

Маърифат МУРОДАСЕЙНОВА, сармуҳаррири нашрияи “Нигини Хоруғ”:
– Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ зан - модари тоҷик мақоми баландеро сазовор гаштааст, зеро саробону сорбонеро чун шахсияти бузург, фарзанди вафодор ва ҷонфидои миллат, ҳомии сулҳу ваҳдати миллат, Сарвари оқилу дурандеш Эмомалӣ Раҳмон дорад.
Таърих гувоҳ аст, таваҷҷуҳи Ҳукумат ба занон ва баланд бардоштани мақому манзалати зан худ як бузургӣ ва муҳаббат нисбат ба ин олиҳаи равшанзамири зиндагонист.
Агар ба дунёи ҳастии зан - модар дуруст назар афканем, бо ифтихор ва меҳрубониву садоқат эҳсос менамоем, ки дар ҳақиқат ҳам зан – модари тоҷик аз ҷониби Президенти маҳбубамон шоистаи ин мақоми баланд гардидааст.
Фаъолияти занону бонувон маҳз бо дастгирии Ҳукумат ва Президенти кишварамон маҷрои тоза касб намуд. Зан роҳбари тавоно, соҳибкори муваффақ, ҳомии тартибот, омӯзгори меҳрубон, пизишки кордон, муҳаққиқу олим, чароғи хонадон ва модари мушфиқ аст ва дар ҳама соҳаҳо дастгирӣ меёбад.

Матлуба ИЗЗАТОВА, муаллимаи калони факултети таърихи ДМТ, номзади илмҳои таърих:
– Истиқлоли давлатӣ дар роҳи таҳкими мақоми зан дар Тоҷикистон заминаи хеле мусоид ва боэътимод гузошт. Дар фазои соҳибистиқлолии Ватан ва сулҳу субот бонувон дар ҳаёти сиёсӣ фаъолона ширкат карда, сафи онҳо дар тамоми шохаҳои ҳокимият зиёд мешавад. Ба хотири эҳтироми бонувон, арҷгузорӣ ба ранҷу заҳмати модар ва дастгирии мавқеи занон ҳамчун узви фаъоли ҷомеа 8 март “Рӯзи Модар” эълон гашт. 
Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба воситаи квотаи президентӣ садҳо духтарон ба таҳсил фаро гирифта шуда, пас аз хатм ҳамчун мутахассис ба маҳалҳо сафарбар мешаванд. Аз ҷумла, камина соли 2000 тавассути квотаи президентӣ ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил шуда, соли 2005 онро бо ихтисоси таърих ва ҷомеашинос бо дипломи аъло хатм кардам.
Соли 2013 зимни сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Кӯлоб бароям муаяссар гашт, ки бо Сарвари давлат мулоқот намоям. Бо дастури Президенти кишвар барои идомаи таҳсилам ба магистратураи Донишгоҳи миллӣ дохил шудам. Инчунин, бо ҳидоят ва дастгирии Пешвои миллат соли 2021 номзадии худро дар бахши таърих ҳимоя кардам. Акнун, ният дорам, ки аз пайи мавзуи докторӣ шавам. 
Барои ман боиси ифтихор ва сарбаландист, ки мо – духтарони тавассути квотаи президентӣ таҳсилкардаро “духтарони Президент” меноманд. 

Лашкар ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 07.03.2023 №: 51
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив