ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАФАККУРИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ. АЗ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ТО ЧАНД УСУЛИ МУАССИРИ ЭҶОД

ТАФАККУРИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ. АЗ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ТО ЧАНД УСУЛИ МУАССИРИ ЭҶОД

18 апрел 2024, Панҷшанбе
35
0

  
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони кишвари сулҳдӯсту сулҳовар дар самти мубориза алайҳи таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, фаъол буда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз ҷомеаи ҷаҳон даъват ба амал меоранд, ки аз «сиёсатҳои дугона» канорагирӣ ва муқовимати муштараку дастаҷамъона дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ба роҳ монда шавад.
Ҳоло кишвари мо бо соири давлатҳое, ки бар зидди терроризму ифротгароӣ мубориза мебаранд, омодаи ҳамкорӣ буда, чандин нишасту ҳамоишҳои байналмилалӣ вобаста ба тақвияти амалҳои муштарак дар муқовимат бо ин зуҳуроти харобиоварро мизбонӣ кардааст. Ба андешаи Комрон Давлатзода, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, айни замон дар муқовимат бо терроризму ифротгароӣ яке аз иттифоқчиёни кишвари мо Федератсияи Россия мебошад. Ҳамкориҳои байни ду кишвар дар ин самтро созишномаи ҳамкорӣ, ки 19-уми июни соли 2023 дар шаҳри Москва имзо шуда буд, танзим мекунад. Дар асоси ин санад, Тоҷикистону Россия ҳамкориҳои хешро дар бахши киберӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК), пешгирии таблиғи терроризму ифротгароӣ тавассути интернет, ҷилавгирӣ аз рахна кардани инфрасохтори иттилоотӣ, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, барангехтани хусумат миёни мардум ба роҳ мондаанд.
Тавре маълум, бо тавсеа ёфтани фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар ҷомеа, ҳамеша ин суол матраҳ аст, ки чаро шаҳрвандон ба чунин гурӯҳҳо мепайванданд ва роҳҳои муассири пешгирӣ аз ин мушкилот дар куҷост? Вобаста ба ин, сиёсатшинос Хуҷамурод Сафарализода мегӯяд, ки ҳар куҷое проблема пайдо шуд, танҳо илм қодир аст, онро бартараф созад. Аз ҷумла, пешгирии терроризму ифротгароӣ ҳам ба илму маърифат бастагӣ дорад. Ба таври мисол, агар фард дорои маърифати ҳуқуқӣ ва донишҳои сиёсӣ бошад, ҳеҷ гурӯҳе ё таблиғгари ақидаҳои ифротӣ наметавонад, ба мағзи ӯ таъсир расонад. Гузашта аз ин, агар ҳар нафар чи будани давлат, сиёсат ва арзишҳои диниву дунявиро ба асли худаш бишносад, ҳеҷ гоҳ ба дом намеафтад. 
– Албатта, имрӯз корҳои идеологӣ дар ҷомеаи мо хуб ба роҳ монда шудаанд, вале боз ҳам дар ин самт муносибати ҷиддитар тақозо мешавад. Зеро ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ зуд-зуд бо истифода аз имкониятҳои технологии муосир шеваҳоҳои фаъолияти таблиғотии худро тағйир медиҳанд ва ҷавононро ба сафи худ ҷалб месозанд. Дар муқобили онҳо бояд аз неруи зеҳнии равшанфикрони ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма истифода кард ва корҳои идеологиро таҳким бахшид. Дар зимн, нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маориф ва фарҳанг низ дар мубориза алайҳи ин зуҳуроти номатлуб бисёр бориз аст ва бояд аз иқтидори ин соҳаҳо низ самаранок истифода намоем. Дар бахши корҳои идеологӣ зарур аст, ки ба донишмандону коршиносони соҳа бештар минбар диҳем, зеро ҳарфу ҳиҷои онҳо таъсирбахшу корсоз буда, қодир аст, талошҳои мағзшӯӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротиро нақше дар об созанд, – гуфт Хуҷамурод Сафарализода. 
Ҷойи афсус аст, ки байни ҷавонон ҳастанд онҳое, ки аз илму технология дуранд, завқи забономӯзӣ надоранд. Агар имрӯз як қисми шаҳрвандон ё ҷавонони мо аз омӯзиш дур монданд ва ё дар вақти таҳсил донишҳои заруриро аз худ накарданд, пас муассисаҳои таълимӣ низ муқассиранд. Зеро бо вуҷуди тадбирҳои муҳими давлатӣ, ки ба рушди соҳаи маориф равона гардидаанд, дар низоми таълиму тарбия камбудиҳо ба назар мерасанд.
Дар ҳоле ки ҷавонони камсавод ба хориҷи кишвар мераванд, табиист, ки онҳо ба доми доираҳои фурсатталаб меафтанд ва ба гурӯҳҳои тундрав мепайванданд. Дар асл, онҳо ҳадафҳои аслии ташкилотҳои террористиву экстремистиро дарк намекунанд ва нохудогоҳ ба доми моҷароҳои калон меафтанд. Аз ин рӯ, мо бояд ба сифати таълиму тарбия беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳ зоҳир намоем, насли огоҳу бархӯрдор аз донишҳои замонавиро ба камол расонем ва бо ин роҳ, кафолати осудагӣ ва пешрафти ҷомеаи кишварамонро таъмин созем.
 
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 17.04.2024 №: 71
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив