ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

18 апрел 2024, Панҷшанбе
9
0


«ЧАРО ДЕҲҚОНОН ИМСОЛ ПАХТАРО КАМ КИШТ КАРДАНИАНД?» 
Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон мақолаи хабарнигор Ғайбулло Ҳалимовро таҳти унвони «Чаро деҳқонон имсол пахтаро кам кишт карданианд?», ки  24-уми апрели соли 2023 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шудааст,   мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. 
Мавриди зикр аст, ки кишоварзони вилоят соли 2023, тибқи дурнамо, бояд дар майдони 123200 гектар пунбадона кишт мекарданд. Дар асл бошад, дар майдони 116216 гектар кишт гузаронда шуд, ки 7035 гектар кам мебошад. Бо сабабҳои номусоид омадани боду ҳаво ва офатҳои табиӣ соли равон дар майдони 8535 гектар кишти дубораи пунбадона   гузаронда шуд.
Аз майдони киштшуда, тибқи маълумот, то 1-уми январи соли 2024-ум 228945 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид, ки ин 79,52 фоизи дурнаморо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44284 тонна кам мебошад. Иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Дӯстӣ, Левакант, Ёвон, Хуросон ва Данғара аз 116,6 то 100,2 фоиз таъмин гардид. Боқимонда шаҳру ноҳияҳо нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро накарданд. 
Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон  баҳри ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдошта аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода хоҳад бурд.

Д. С. РИЗОЗОДА,
сардори сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон

Санаи нашр: 17.04.2024 №: 71
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив