ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САФАРИ ДАВЛАТИИ  ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ БА ТОҶИКИСТОН 

САФАРИ ДАВЛАТИИ  ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ БА ТОҶИКИСТОН 

18 апрел 2024, Панҷшанбе
10
0


18-уми апрел Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро   бо  арзи  эҳтирому  самимияти  олӣ  ва  ҳусни ҳамсоягиву   бародарӣ   Асосгузори   сулҳу  ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифтанд. Ба хотири пазироии сазовори меҳмони олимақом – Сарвари давлати дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон, майдони Фурудгоҳ бо аксҳои сарварони давлатҳо, шиорҳо ва парчамҳои давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон идона ороста шуд. Ҳамчунин, шумораи зиёди ҷавонону наврасони кишвар бо гулу парчамҳои ду кишвари дӯст ва шиорҳои тараннумгари дӯстии халқҳо меҳмони олиқадрро пазироӣ намуданд. 
Зимни суҳбати хосае, ки байни сарварони давлатҳо дар Фурудгоҳ сурат гирифт, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.
Изҳори бовар шуд, ки натиҷаҳои сафари давлатӣ ба таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ, дӯстӣ, муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии кишварҳо мусоидат хоҳад кард.

Санаи нашр: 18.04.2024 №: 72
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив