ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ САНК-ПЕТЕРБУРГ БА НАШРИЯИ РАҚАМИ ЯК

АЗ САНК-ПЕТЕРБУРГ БА НАШРИЯИ РАҚАМИ ЯК

18 апрел 2024, Панҷшанбе
11
0

 
Аввали фасли тирамоҳи соли 1990 дар саҳифаҳои рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият»), ки бо теъдоди зиёда аз 100 ҳазор қариб ба ҳар хонадон дастрас буд,  имзои хабарнигори нав дар зери мақолаҳои ҷиддии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ пайваста чеҳранамоӣ мекард: Акбари Саттор, мухбири махсуси «Тоҷикистони советӣ». Ӯ баъди хатми Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) ба нашрияи бонуфузтарини кишвар омад ва аз рӯзҳои нахуст хабарнигори қавидаст будани худро собит сохт. 

Он солҳо ба идора номаҳои шикоятӣ зиёд меомаданд. Шуъбаи мактубҳо бо роҳбарии рӯзноманигори варзида, фелетоннависи шинохта Ҳабибулло Ёров барои ҳар шумора матлабҳоро бо сарунвонии «Аз пайи мактуб» омода мекард. Масалан, дар шумораи № 223, аз 2-юми октябри соли 1990, мақолаи Акбари Саттор дар  бораи моҷарои аҳолии деҳаҳои Ромит, Коху ва Новаки Поёни ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат) бо кормандони хоҷагии ҷангал ва мамнуъгоҳи «Ромит» нашр шудааст. Муаллиф дар асоси қарори Шурои Вазирони ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои таъҷилӣ оид ба эҳёи ноҳияҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ ва созмони ҷойҳои иловаи кор» (аз ноябри соли 1989) масъаларо пурра омӯхта, мавзуъро тавре ҷамъбаст кардааст, ки аҳолии деҳаҳои эҳёгаштаи дараи Ромит аз баромади рӯзнома изҳори миннатдорӣ намудаанд. Мақолаи дигари Акбари Саттор аз 19-уми октябри соли 1990 «Бозӣ накун ба арбоб…» унвон дошта, хеле ҷолиб аст. Сухан дар бораи шахсе меравад, ки баъди танқиди сардори идорааш ба туҳмат мепечад, баъди он ки мақомоти дахлдор ба додаш намерасанд, ба рӯзнома рӯи ниёз меорад ва ҳақиқат болои об мебарояд.  
Ҳамин тавр, мақолаҳои танқидию таҳлилии Акбари Саттор «Гунаҳгустарон киҳоянд?», «Вохӯрӣ дар ҳабсхона», «Вагонҳои бесоҳиб ё қиссаи 1784 контейнери пурбору мағозаҳои холӣ», «Комиссияи «босалоҳият»» ва ғайра ба нашр мерасанд. Ин ҷо наметавон як гузориши ӯро сарфи назар кард. Аз 14 то 17-уми ноябри соли 1990 дар ноҳияи Файзобод бахшида ба 100-солагии гӯруғлисарои бузурги халқи тоҷик Ҳикмат Ризо озмуни гӯруғлисароёни ҷумҳурӣ баргузор мегардад ва ба ин муносибат матлаби пурмуҳаббату хотирмони Акбари Саттор бо номи «Ёдбуди Ҳомери тоҷик» ба дӯстону пайвандон, шогирдон ва ҳамаи ҳаводорони жанри гӯруғлихонӣ пешкаш мешавад. 
Дар давраи бозсозиву соҳибистиқлолӣ матбуоти тоҷик бо мавзуъҳои ватандӯстӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, услуби нави навишт, роҳу равиши тоза гирифт ва рангу мазмуни тоза касб намуд ва кору пешаи устодони журналистикаи миллиро эҷодкорона идома бахшид. Дар ин масъала ҷавонон, аз ҷумла Акбари Саттор дар сафи пешоҳангон буд. Аз ин рӯ, вақте ки рӯзномаи парлумонии «Садои мардум» таъсис ёфт, ӯро ба ин нашрияи навбунёд даъват намуданд. Ноябри соли 1990 бо «Садои мардум» бипайваст. Агарчи чанд моҳе кор карда бошад ҳам, Акбари Саттор дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» нақши носутурданӣ гузошт ва комёбиҳои минбаъдаашро дар соҳаи матбуот аз таҷрибаи дар мактаби «Ҷумҳурият» омӯхтааш медонист.  
Акбари Саттор дар «Садои мардум» дар шуъбаи сиёсат ва ҳуқуқ, ки ба он нависанда, публитсист  Бахтиёр Муртазоев роҳбарӣ мекард, ба эҷоди мақолаҳо пардохт. Махсусан, дар солҳои 1991-1994 табсираҳои сиёсии ӯ шуҳрат доштанд. Вақте ки рӯзномаҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ мувоҷеҳи душворӣ шуданд, ӯ ҳафтаномаи «Дайджест-пресс»-ро таъсис дод, ки аз шумораи аввал таваҷҷуҳи ҳазорон нафарро ба худ кашид. Тарҳи нави ҳафтанома, мавзуъҳои ҷолиб, саргузаштҳои пурмоҷаро, ҳаёти сиёсии кишварҳо баъди фурӯпошии СССР эҳсосоти хонандаро ба таҳрик меоварданд. Баъди он ки «Дайджест-пресс» обрӯи зиёд ёфт, баъзеҳо мегуфтанд, ки Акбар аз мақолаҳои тайёр «газети русӣ» мебарорад. Ку, ба тоҷикӣ рӯзнома барорад, баъд мефаҳмад, ки кор чӣ гуна душвор аст. Ба ин гӯшзадҳои нотавонбинон Акбари Саттор бо кор посух дод. «Чархи гардун» ба миён омад ва чунон шуҳрат ёфт, ки ҳама ба  ҳайрат афтоданд, зеро дар он солҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ басо душвор ҳафтаномаи нав ташкил кардан коре буд сангин.  
18-уми ноябри соли 1994 ҶДММ «Чархи гардун»-ро таъсис намуд. Дастпарвари арзандаи мактаби бузурги матбуоти тоҷик, шогирди «Ҷумҳурият», мудири шуъбаи сиёсат ва ҳуқуқи «Садои мардум», муассиси нашриёти «Интишор»  Акбари Саттор бо заҳмату талош ва шабзиндадориҳои зиёд тавонист бо ҳафтаномаҳои худ: «Дайджест-пресс», «Чархи гардун», «Вечерний Душанбе», «Аладдин», «Анушервон», «Время и деньги», «Авиценна», «Студент», «День за днём…» фазои маънавии кишварро рангоранг намояд, таваҷҷуҳи ҳаммиллатонро ба сухани матбуот, ба ҳалли мушкилоти мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, варзиш ва ғайра дигарбора ҷалб созад. 
Ҳайати эҷодии ин нашрияҳо бо гузашти солҳо бисёр чеҳраҳои шинохтаи матбуоти тоҷик, рӯзноманигорони бомаҳорати ҷӯяндаро тарбия кард, ки ҳар яке аз онҳо роҳу услуб ва тарзи нигоришу эҷоди худро дорад. Бешубҳа, гуфтан мумкин аст, ки Акбари Саттор мактаби махсуси худро дар соҳаи матбуот созмон бахшид ва ин мактаб даҳҳо нафар журналистони меҳанпарастро тарбия намуда, ба шоҳроҳи эҷодӣ роҳхат дод, ки имрӯз онҳо дар нашрияҳои муътабари кишвар ва берун аз он доди сухан медиҳанд. 
Акбари Сатторро омӯзгорон, деҳқонону коргарон, санъатварон, бозаргонону бозорнишинон, умуман ҳама дӯст медоштанд. Ӯ барои ҳама  бародар буд, инсони муътабар ва маҳбуб маҳсуб меёфт, дасти пурсахо дошт, рӯзе набуд, ки барои ҳаммаслаконаш дастархон накушояд, дари ҳуҷраи кориаш ҳамеша ба рӯи корафтодаҳо кушода буд, ба мисли оғӯши пурмуҳаббаташ.
Чи хуш, ки вакилони халқи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор қарор кардаанд, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25-и деҳаи Мортеппа ба номи Акбари Саттор гузошта шавад. Вай 10-уми феврали соли 1965 дар ҳамин деҳа ба дунё омада буд ва аз ҳамин маъвои дил роҳ сӯи дилкушоӣ гирифт ва дар дилу дидаи ҳазорон нафар ҷой шуд.
     
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 18.04.2024 №: 72
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив