ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ  ВИЛОЯТ АЗ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ

ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ  ВИЛОЯТ АЗ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ

18 апрел 2024, Панҷшанбе
12
0


12-уми апрел раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ёвон аз раванди корҳои таъмиру навсозии канали обрасони "Лойқасой" шинос шуд. Дарозии канал зиёда аз 97 километр буда, 19 400 га заминро дар ноҳияҳои Ёвон, Хуросон ва қисман Абдураҳмони Ҷомӣ, дар сурати ба анҷом расидани корҳои таъмиру навсозии лӯлаҳои обгузар, бо об таъмин менамояд. 

Раиси вилоят супориш дод, ки барои босифат амалишавии лоиҳа чораҳои зарурӣ андешида  шавад. 
Зимни сафари корӣ, инчунин, бо рафти парвариши бодиринг дар гармхона ва парвариши пиёзи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии «Алиҷон», воқеъ дар деҳаи Чоргули деҳоти Чоргул шинос шуд. Хоҷагии деҳқонии «Алиҷон» дорои 2 гектар замини корами обӣ буда, соли ҷорӣ дар 7  гармхона дар майдони 0,5 гектар бодиринг ва дар майдони 1,5 гектар пиёз кишт кардааст. Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Алиҷон» ба кори кишоварзон баҳои баланд дода, саҳмдоронро ба истифодаи боз ҳам пурсамари ҳар порча замин ҳидоят намуд. Ба хоҷагидор маслиҳат дода шуд, ки ҳарорат ва гармии дохили гармхона бояд тавассути дастгоҳҳои махсус пайваста зери назорат бошад ва барои беҳтару босифат шудани кор мутахассисонро ба хориҷи кишвар барои такмили ихтисос равон намояд.
Дар идома Давлаталӣ Саид аз рафти парвариши картошка дар хоҷагии деҳқонии “Лолахон”, воқеъ дар деҳаи Ваҳдати шаҳраки Ҳаёти Нав дидан намуд. Хоҷагии деҳқонии “Лолахон” дорои 4 гектар замини корами обӣ буда, соли ҷорӣ дар майдони 0,60 га картошка, 2 га пахта, 0,50 га  пиёз  ва дигар намуди зироатҳоро кишт намудааст.
Сипас, раиси вилоят бо хоҷагидор, раиси маҳалла ва сокинон суҳбати сарироҳӣ намуда, таъкид кард, ки ба тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ дода, ҷиҳати корҳои фаҳмондадиҳӣ хона ба хона дар самти пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва гулшинонию сабзкорӣ ташаббус нишон диҳанд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"


РӮЗҲОИ СИНАМОИ ӮЗБЕК РАСМАН ОҒОЗ ГАРДИД
Дар Кинотеатри «Наврӯз» маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои синамои ӯзбек баргузор  гашт. Қабл аз шуруи маросими ифтитоҳ ҳайати меҳмонон аз маҷмааи «Кохи Наврӯз» дидан карда, аз  толорҳои барҳавою бошукӯҳи ин Кохи камназир аз наздик ошноӣ пайдо намуданд. 
Зимни паёми шодбошӣ Маҳмадсаид Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» таъкид кард, ки баргузории Рӯзҳои синамои ӯзбек дар Тоҷикистон нишона аз сиёсати муваффақонаи сарварони ҳар ду кишвар мебошад. Изҳори итминон шуд, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои судманди халқҳои тоҷику ӯзбек, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳои синамогарони ду кишвари дӯст  дар сатҳи баланд баргузор гардидани Рӯзҳои  синамои ӯзбек ба рушди минбаъдаи  синамои миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, боиси рӯи кор омадани лоиҳаҳои нави синамоии  муштарак дар соҳаи кинематографияи ду халқи дӯсту бародар хоҳад гашт.
Шуҳрат Ризоев, муовини аввали директори Агентии кинематографияи Ӯзбекистон  аз пазироии самимӣ ва дар сатҳи муносиб баргузор намудани Рӯзҳои синамо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи тоҷик изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, рушди ҳамкориҳои самараноки синамонигорони Тоҷикистону Ӯзбекистонро тақозои замон ва ногузир арзёбӣ кард. 
Мавсуф иброз дошт, ки ҳадафи асосии баргузории Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон идома додани анъанаи неки ҳусни ҳамҷаворию бародарии кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ривоҷу равнақи соҳаи синамо мебошад. Намоиши филми ҳунарии «Абдулло Орифов»-и коргардон М. Эркинов оғозбахши Рӯзҳо гардида, алоқамандони синамо аз маҳсули эҷоди синамогарони ӯзбек бархӯрдор шуданд. 
Хотирнишон менамоем, ки Рӯзҳои синамои ӯзбек то 20-уми апрели соли 2024 идома меёбад. Тибқи барнома намоиши филмҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб дар назар аст.  

Комрон САФАР, "Ҷумҳурият"


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР 10 РӮЗ БЕШ АЗ 50 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД
Тайи 10 рӯзи аввали даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, иҷрои нақша дар қаламрави ҷумҳурӣ беш аз 50 дарсадро ташкил дода, зиёда аз 20 шаҳру ноҳия нақшаи даъватро пурра иҷро намуд. Дар ин бора аз Вазорати мудофиа ба рӯзномаи "Ҷумҳурият" иттилоъ доданд.

Ёдовар мешавем, ки бо оғоз гардидани даъвати баҳории шаҳрвандон, дар рӯзи аввал Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда хабар дод. Ҳамчунин, ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод низ дар рӯзҳои нахустини ин маъракаи муҳим нақшаи пешбинишударо сад дарсад иҷро намуданд. 
Дар вилояти Хатлон бошад, иҷрои нақша 62 фоизро ташкил медиҳад. Натиҷаи фаъолияти хуби масъулон аст, ки дар рӯзи аввал ноҳияҳои Вахш, Фархор, Хуросон, Муъминобод ва ноҳияи Носири Хусрав аз анҷоми даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш доданд.
Тавре қаблан хабар дода будем, аз 1-уми апрели соли равон, дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5-уми марти соли 2024 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати навбатии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ идома дорад.

Комрон САФАР, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 18.04.2024 №: 72
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив