ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » CNPC ДАР БОХТАР БА КАШФИ ЗАХИРАҲОИ НАФТУ ГАЗ ШУРУЪ КАРД

CNPC ДАР БОХТАР БА КАШФИ ЗАХИРАҲОИ НАФТУ ГАЗ ШУРУЪ КАРД

18 апрел 2024, Панҷшанбе
30
0


Мутахассисони Корпоратсияи миллии нефти Чин (CNPC) 11-уми апрел дар ҷанубу ғарби ҷумҳурӣ ба ҷустуҷӯи нафт шуруъ карданд.
Дар маросими ифтитоҳи корҳои иктишофӣ дар Левакант муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода ва муовини вазири энергетика ва захираҳои об Шариф Худобахш ширкат карданд.
Директори генералии CNPC барои Осиёи Марказӣ (CNPC CA) Биен Деҷӣ изҳор дошт, ки корпоратсия дар якҷоягӣ бо дигар ширкатҳо ва ниҳодҳои марбутаи давлатии Тоҷикистон солҳои тулонӣ корҳои муайянеро анҷом дода, тавонистем лоиҳаи Бохтарро ба марҳалаи нави рушд расонем.
«CNPC омода аст, ки ба Тоҷикистон дар ноил шудан ба худкифоӣ бо захираҳои нафту газ кумак расонад ва дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар саҳми арзанда гузорад», - афзуд ӯ.
Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Шариф Худобахш гуфт: «Мо инро кайҳо боз интизор будем ва дар ояндаи наздик корҳои асосӣ дар соҳаи нафту газ оғоз мешаванд».
Дар чорабинӣ зикр шуд, ки корҳои иктишофии геологӣ дар майдони 15,3 километри мураббаъ сурат гирифт. Дар назар аст, ки дар ин кор 25 мутахассиси техникӣ аз Чин ва 190 шаҳрванди Тоҷикистон, инчунин, ҳудуди сад таҷҳизоти техникии дақиқ ҷалб карда шаванд.
Мутахассисон захираҳоро бидуни ба назар гирифтани омили хатар дар минтақа 27,5 миллиард баррел нафт арзёбӣ карданд, ки 69 фоизи онро газ ва 31 фоизашро омехтаи нафту газ ташкил медиҳад. 

У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”



НОРАК. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ИҶРО ШУД
15-уми апрел шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100 фоиз иҷро намуд. Дар рӯзи аввал нақшаи даъватро ноҳияҳои Вахш, Фархор, Муъминобод, Хуросон, рӯзи 13-уми апрел ноҳияи Носири Хусрав пурра иҷро карда буданд. Умуман, ба ҳолати 14-уми апрел иҷрои нақшаи ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ дар қаламрави вилояти Хатлон 68,4 дарсад иҷро шудааст.  

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид чанде пеш, ҳангоми гусели аввалин даъватшавандаҳо, зикр кард, ки шумораи ҷавонони синну соли даъватӣ нисбат ба талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ дар вилоят хеле зиёд аст ва ин имконият медиҳад, ки аз байни ҷавонони ҳамаи табақаҳои аҳолӣ, беҳтаринҳо интихоб ва ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд. 
"Роҳи ҳимояи Ватан роҳи ҷавонмардист. Хизмати ҳарбӣ майдони ҷасорат ва мактаби бузурги мардонагӣ буда, дар он ҷавонон обутоб меёбанд ва эҳсоси баланди ватандӯстиашонро таҳким мебахшанд", - таъкид кард раиси вилоят.

Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 18.04.2024 №: 72
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив