ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУШАНБЕ  САРОҒОЗИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ

ДУШАНБЕ  САРОҒОЗИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ

18 апрел 2024, Панҷшанбе
19
0


Ҳар субҳ дарвозаи шарқии Душанбе шоҳиди вуруди фавҷи мошинҳо мегардад. Ман низ дохили яке аз онҳо ҳар саҳар ба пойтахт, ба сӯи коргоҳ меоям. Ба Душанбе даромадан замон, атри гулҳои баҳорӣ ба машом мерасад ва ҳолу ҳавои касро болида месозад. Накҳати гулҳои сурху сафеду нилгун дар ҳавои софи субҳгоҳӣ шинокунон аз роғи шишаи мошин ба дарун медароянд. Ҳамон лаҳза вуҷудамро олами зебоӣ фатҳ мекунад. Беихтиёр ба забон калимаи ташаккур меояд. Ва чун сокини ин диёр ташаккуру сипос мегӯям ба саҳомони ин зебоӣ.
Душанбе шаҳри ҷавонӣ, парваришгоҳи нангу номуси ватандорӣ, макони илму фановарӣ, симои кишвари зебое чун Тоҷикистони соҳибистиқлол. Ҳар гоҳе номашро ба забон мегирам, сухан дар даҳонам шаҳд мегардад, зеро, ба қавле, даврони тиллоии ҳаёт-донишҷӯиро дар домони накҳатбораш гузарондем, ки ҳеҷ он лаҳзаҳо аз саҳфаи хотирот зудуда намешаванд. Тули ин солҳо Душанберо пояи маснаду аркони Меҳан ва мазҳари руҳи бузургони Ватан дарёфтам. Душанбе дили Тоҷикистон аст, ки ҷони кишвар дар фазову фарозаш медамад. Набзаш мароми Ватан аст. 
Аз рӯзе, ки дар оғӯши накҳатбораш ҳастам, Душанберо гулрангу дилоро мебинам. Ҳар тарафаш ошёни сабзаву гул асту ҷодаҳояш чун оина пок. Оромиву чеҳраи хандони сокинонаш пайғоми шукуфтану рустанҳое аз дуриҳои дур ба ояндаи дурахшон мебарад. Паёми амнтарин шаҳр буданаш дар ақсои олам ба гӯшҳо мерасад ва садои родмардонаш аҳли оламро ба якдиливу иттиҳод даъват месозад. Рушди босуръаташ ҷойгоҳи таърихии халқи бунёдкору созанда ва тамаддунофари тоҷикро дар зеҳну шуури оламиён зинда нигоҳ медорад, балки манзалати миллати соҳибмақомро баландтар месозад. Агар замоне бо дассисаи душманон дар чашми аҳли олам шаҳри ноамн ба ҷилва омада буд, ҳоло маркази баргузории нишасту ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ, мизбони чорабиниҳои дорои аҳамияти ҷаҳонӣ ва макони ҷолиби сайёҳӣ аст.
Албатта, ин ҳама аз фазли хиради сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари навовару ҷавонаш Рустами Эмомалӣ аст, ки боиси ифтихори мо мебошад. Яқин аст, ҳар кори хубе, ки анҷом мешавад, бастагӣ ба истеъдод ва тадобири боровари корфармо дорад, ки Соиби Табрезӣ инро хуб ба риштаи назм дароварда: 
Корҳоро корфармо обу ранге медиҳад,
Варна ҷӯи шир зуннорест Фарҳоди маро. 
Бидуни шак, Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, бо ибтикороти бунёдкоронааш пойтахти кишвари азизи моро ҳусну зебоӣ ва симои дигар бахшид, ки дар авроқи таърих барои ҳамеша сабт хоҳад гашт. 

Шодмон АБДУРАҲИМ,  “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 18.04.2024 №: 72
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив