ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РОҲАНДОЗИИ ЛОИҲАИ НАВ ДАР САМТИ ДАСТГИРИИ СОҲИБКОРӢ 

РОҲАНДОЗИИ ЛОИҲАИ НАВ ДАР САМТИ ДАСТГИРИИ СОҲИБКОРӢ 

23 апрел 2024, Сешанбе
8
0
Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи нави панҷсоларо оид ба рушди соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон дар ҳаҷми 18 миллион доллари ИМА роҳандозӣ намуд, ки ба рушди имкониятҳои дарозмуддати иқтисодӣ дар Тоҷикистон нигаронда шудааст.
Ба ин муносибат, 18-уми апрел дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси»-и пойтахт маросими кушодашавии расмии «Лоиҳа оид ба рушди соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон» баргузор шуд. Дар он намояндагони вазорату кумитаҳо, муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои маблағгузор, шарикони рушд, ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ, намояндагони бахши хусусӣ, соҳибкорон, баҳрагирандагони Лоиҳа ва дигар ташкилоту созмонҳои дахлдор ширкат доштанд. 
Дилшод Ҷӯразода, директори Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки Лоиҳаи мазкур саривақтӣ ва зарурӣ буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ ҳамеша афзалият медиҳад. Дар ин самт санадҳои дахлдор қабул шуда, имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешбинӣ мешаванд. Таъсиси Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон, ибтикори   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, мақсад аз он, пеш аз ҳама, рушди соҳибкорӣ дар мамлакат мебошад. 
Питер Райли, директори намояндагии USAID дар Тоҷикистон гуфт, ки ташаккули навовариҳо, пешбурди рушди иқтисодӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои шуғли устувор дар сохторҳои давлатӣ ва хусусӣ муҳим аст. Ин ҳамкориҳо ҳадафи умумии рушди иқтисоди Тоҷикистон ва таъмини шукуфоии ҳамаи ҷонибҳои манфиатдорро таъкид менамояд.
Зикр шуд, ки Лоиҳаи USAID оид ба рушди соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби ACDI/VOCA роҳандозӣ шуда, дар ҳамкорӣ бо шарикони маҳаллӣ ва хориҷӣ ба таъсиси ҷойҳои корӣ, рушду ривоҷи экосистемаҳои соҳикорӣ, инчунин, илова намудани арзиш ба маҳсулот тавассути вусъатдиҳии занҷираи истеҳсолӣ дар соҳаҳои нассоҷӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва технологияҳои иттилоотӣ (IT) дар миқёси Тоҷикистон мусоидат менамояд. Он имкон медиҳад, ки 5 ҳазор ҷойи кории доимӣ таъсис дода шуда, 200 тиҷорати ибтидоӣ (стартапҳо) дастрасӣ ба маблағгузорӣ ёбанд ва 10 миллион доллари ИМА сармояи бахши хусусӣ ҷалб карда шавад.
Арт Гандилян, намояндаи дафтари марказии ACDI/VOCA изҳор дошт, ки Лоиҳа ба таъмини рушди устувор тавассути барқарор кардани муносибатҳои тиҷоратӣ, эҷоди ҳавасмандии иқтисодӣ барои бахши хусусӣ ҷиҳати сармоягузорӣ ва ба роҳ мондани шарикӣ дар атрофи бозорҳои ниҳоӣ, ки захираҳоро ҷиҳати густариши системаҳои бозорӣ ҷалб мекунанд, нигаронда мешавад. 
Ҳадаф аз амалисозии Лоиҳа таҳкими муҳити мусоид ба василаи тавонманд намудани имкониятҳо барои рушди бахши хусусӣ, беҳтар кардани ҷараёни иттилоот тавассути ҳамоҳангӣ дар ҷалби сармояи хусусӣ барои такмили технологияву таҷҳизот, мусоидат ба такмили ихтисос ва сармоягузорӣ ба донишу малака, инчунин, ба назар гирифтани рушди муҳити қонунгузорӣ иборат мебошад. 
Мавсими ифтитоҳи расмии Лоиҳа дар як фосилаи вақте иттифоқ афтод, ки кишвари мо бо таъсису фаъолсозии коргоҳҳои зиёди хурду бузурги саноатӣ барои ташкили ҷойҳои кории бештар, коҳиш додани сатҳи муҳоҷирати мавсимӣ, беҳтар сохтани некуаҳволии мардум талошҳои пайвастаро анҷом медиҳад. Итминон аст, ки тарҳи нави рушд ба афзоиши маҳсулнокӣ, такмили малакаи корӣ ва густариши тиҷорат мусоидат хоҳад кард. 
 
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 22.04.2024 №: 74
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив