ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ БОХТАР.  БАРДОШТ АЗ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ БОХТАР.  БАРДОШТ АЗ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

24 апрел 2024, Чоршанбе
3
0
Дар кохи фарҳанги Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ва Рӯзи илми тоҷик конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гашт.
 
Конференсия бо сухани ифтитоҳии Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳ оғоз шуд. Зикр гардид, ки зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад ва ин дастгирию пуштибонии муассисаҳои таълимию илмӣ боиси он шудааст, ки  теъдоди шаҳрвандони кишвар, ки ба тадқиқотҳои илмӣ машғул мешаванд, сол аз сол меафзояд.
Қурбонзода Маҳмадалӣ таъкид сохт, ки Донишгоҳ имрӯзҳо ба боргоҳи бузурги таълимию илмӣ табдил ёфта, дар он тамоми имконот барои таҳсил ва пешбурди корҳои илмӣ муҳайё мебошанд. 
Дар Донишгоҳ ба ҷуз аз 43 кафедра боз ниҳодҳои дигаре низ мавҷуданд, ки мустақиман ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ машғул ҳастанд. Инҳо Институти илмӣ-таҳқиқотии таърихи илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ (ИИТТИТТ), маркази илмӣ-таҳқиқотии «Мавлоношиносӣ», маркази омӯзишӣ ва илмӣ-таҳқиқотии «Мактаби сарварии Пешвои миллат» мебошанд. Дар баробари ин, Донишгоҳ ду Шурои диссертатсионӣ дорад.
Ҳамасола дар Донишгоҳ конферен-сияҳои илмии ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва мизҳои мудаввар доир мешаванд, ки дар он теъдоди зиёди донишмандон аз донишгоҳҳои дуру наздик ширкат меварзанд.
Ҳамасола моҳи апрел дар Тоҷикистон Рӯз ва ҳафтаи илми тоҷик таҷлил мегардад ва бахшида ба ин сана муассисаҳои илмию таълимӣ конференсияҳои илмӣ баргузор менамоянд. Омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ низ ба ин конференсияи илмӣ 1188 мақолаи илмии хешро пешниҳод кардаанд, ки аз ин теъдод 568-то мақола ба омӯзгорон ва 620-тоаш ба донишҷӯён мутааллиқ мебошад.
Сипас, профессор Абдурасул Сатторов дар мавзуи “Масъалаҳои муосири таълими математика”, профессор Абдулҳай Комилӣ дар мавзуи “Саҳми ниёгони тоҷик дар инкишофи донишҳои риёзиву табиӣ дар мисоли яке аз вожаҳои риёзӣ "Синус", магистранти соли дуюми ихтисоси сиёсат ва идораи давлатӣ Афзалшоҳ Сироҷиддинов дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ асоси ташаккул ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ» ва донишҷӯи соли панҷуми ихтисоси таърих ва ҳуқуқ  Шоира Раҳимова дар мавзуи «Озмунҳои ҷумҳуриявӣ заминаи асосии  боло бардоштани маърифатӣ миллӣ» баромад намуданд.   
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 24.04.2024 №: 75
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив