ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПИЕТРО САЛИНИ ДАР ҲУЗУРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ПИЕТРО САЛИНИ ДАР ҲУЗУРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

25 апрел 2024, Панҷшанбе
5
0
 
24-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Италия дар шаҳри Рим мудири иҷроияи ширкати “ВиБилд” (WeBuild) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ оид ба рафти сохтмони Неругоҳи барқи обии "Роғун" муҳокима гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷараёни сохтмони сарбанди Неругоҳ, ки зимни сафарҳои корӣ ба мушоҳида мерасид, андешаронӣ намуданд.
Изҳори итминон шуд, ки роҳбарияти ширкат тамоми имкониятҳои худро барои дар муҳлатҳои муқарраргардида анҷом додани нақшаҳои корӣ сафарбар хоҳад кард. Роҳбари ширкати “ВиБилд” (WeBuild) ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи иҷрои уҳдадориҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ маълумот дод.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ, инчунин, оид ба дигар масъалаҳои ҳамкорӣ, тезондани корҳо ва истифодаи босамар аз имкону захираҳои мавҷуда табодули андеша карданд.
Санаи нашр: 25.04.2025 №: 76-77
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив