ҶУДО

30 апрел 2024, Сешанбе
6
0
Тедди Ринер ба Тоҷикистон меояд
Аз 3-юм то 5-уми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Dushanbe Grand Slam 2024” баргузор мешавад. 
Пеш аз Бозиҳои олимпии Париж-2024 барои ширкат дар мусобиқаи "Dushanbe Grand Slam" беҳтарин паҳлавонони ҷаҳон ба Душанбе меоянд ва барои дарёфти ҷоизаҳо ва холҳои олимпӣ талош меварзанд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои иштирок дар мусобиқа 429 варзишгар (232 мард ва 197 зан) аз 71 давлат номнавис шудааст. Дар байни онҳо дурахшонтарин ситораи ҷудои дунё Тедди Ринери 35-сола аз Фаронса мебошад, ки дар вазни +100 кило гӯштӣ хоҳад гирифт. Ин паҳлавони машҳур 3 карат чемпиони олимпӣ, 12 карат чемпиони ҷаҳон мебошад.
Дар ҳайати тими ҷудои Тоҷикистон 37 варзишгар (28 мард, 9 зан), аз ҷумла паҳлавонони маъруфи кишвар Обид Ҷебов, Муллораҷаб Халифаев (-66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода, Абубакр Шеров (-73 кг), Комроншоҳ Устопириён, Шодмон Ризоев (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) ва дигарон зӯрозмоӣ хоҳанд кард.  
Варзишгарон дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ ба ҷуз медал, соҳиби холҳои олимпӣ мешаванд. Ҳамчунин, ғолибон бо ҷоизапулии арзишманд қадр мегарданд: ҷойи аввал – 5000 евро, ҷойи дуюм – 3000 евро, ҷойи сеюм – 1500 евро.
 
 
 
ГӮШТӢ
Охирин мусобиқаи  интихобии олимпӣ дар  Истанбул доир мегардад 
9-12-уми май дар шаҳри Истанбули Туркия мусобиқаи ҷаҳонии интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 баргузор мешавад.
Варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои интихобии гузашта – чемпионати ҷаҳон-2023 ва 4 мусобиқаи қоравӣ – натавонистанд муваффақ шаванд, охирин талошро иҷро мекунанд. Ба иттилои Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштиҳо (UWW), дар ҳамаи вазнҳо 54 роҳхат дода мешавад.
Аз ҷумҳурии мо панҷ варзишгар ба Туркия сафарбар мегардад: Абдулмаҷид Кудиев (65 кг), Виктор Рассадин (74 кг) дар гӯштии тарзи озод, Асламҷон Азизов (60 кг), Фирӯз Мирзораҷабов (67 кг), Эдуард Бабонешов (130 кг) дар гӯштии юнонӣ-римӣ.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 30.04.2024 №: 80-81
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив