ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «РОҒУН».  ТААССУРОТ АЗ САФАР БА НОДИРТАРИН ИНШООТИ АСР

«РОҒУН».  ТААССУРОТ АЗ САФАР БА НОДИРТАРИН ИНШООТИ АСР

30 апрел 2024, Сешанбе
23
0
 
Мегӯянд, ки ҳар бардоште аз зиндагӣ мешавад, таассурот аз он бояд дар ҷояш рӯйи коғаз нигошта шавад, вагарна баъд таассуроти аввалро айнан инъинкос кардан ғайриимкон мегардад. Дар мисоли Неругоҳи барқи обии «Роғун» чунин нест. Аз сафари нахустинам ба шаҳри Роғун ва тамошои бузургтарин иншооти аср – НБО «Роғун» қариб 5 моҳ сипарӣ мешавад, вале таассурот аз шукӯҳи ин иншооти азим ҳамоно дар қалб ҷо аст. 
Роҳ ба Роғун бори аввал дар доираи сафари кории ҳайати кормандони рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва баъдан якҷо бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳти роҳбарии раиси Ассотсиатсияи энергетикони Тоҷикистон Рафиқа Мусоева сурат гирифт. Ҳайатро кормандони масъули Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун», аз ҷумла Борбад Шерхонов, роҳнамоӣ карда, бо ҷараёни сохтмон шинос намуданд.
Агар бардошти худро аз сафар бо тамоми ҷузъиётҳо дарҷ намоем, ба тан кардани либоси махсус –  сарпӯш (каска), пойафзол ва дигар либосҳо худ ҳаяҷонангез аст. Дар вақти пӯшидани либос хавфу хатар бештар пеши назар меомад, вале чун бо мошини махсус ба майдони сохтмон наздик омадем, аз дидани фаъолияти ҳамаҷонибаи бахши таъмини бехатарии иншоот тамоми ҳаяҷон аз дил баромад. Эътимоду боварӣ зиёд гашта, тамошои иншоот ҳаловатбахш гардид. Дар ҳар кадом аз нақбҳои сохтмонӣ, аз ҷумла дар ЛОТ 4, корҳои хокбардорӣ ва мустаҳкамкорӣ дар обқабулкунакҳои асосӣ аз сатҳи 1152 то 1570 метр идома дошта, корҳои пошидани маҳлули бетонӣ, гузоштани анкерҳо ва хобондани бетони конструктивии деворҳо аз сатҳи 1150 то сатҳи 1190 метр иҷро гардида истодаанд. Тамошо ва назорати сохтмончиён, ки  кори заҳматталаби онҳо дар таърих бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳанд шуд, хеле ҷолиб ба назар расид  Як лаҳза тасаввур кардани он, ки дар ҷойи истодаи мо то баландии 335 метр (1290 метр аз сатҳи баҳр) об пур мешавад, дар ҳаяҷон мондам ва бузургию ҳашамати Неругоҳро он вақт дарк кардам. Воқеан,  мо  афсонаро ба ҳақиқат табдил додем, – гуфтам ба худ, ба ҷараёни сохтмон ва табиати зебои Неругоҳ назар карда. 
 
ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ ЗЕРИ КӮҲҲО
Дар табиат, зери кӯҳҳои баланд бунёди чунин иншооти бузург неруи азим металабад. Як худи толори мошинҳо, ки дар чуқурии қариб 500 метр ҷойгир шудааст, хеле ҷолиб ва заҳматталаб ба назар расид. Маркази чархи кори турбина дар баландӣ раванди корро зеботар менамояд. Обқабулкунаки муваққатӣ, ки ҳоло тавассути он об аз обанбор ба ду агрегат ворид мешавад, остонааш дар сатҳи 1044-ум воқеъ гардидааст. Об дар Неругоҳ дар баландии 1070 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Оби обанбор то ба 1290 метр пур карда мешавад. Дар таҳкурсии ядрои сарбанд ҳоло корҳои хобондани бетони кӯбида, арматурбандӣ ва бетонхобонии галереяҳои ядрои сарбанд ба анҷом расидаанд. Чунин кори сермаҳсули Неругоҳро бояд бо чашми сар дид. Он заҳмате, ки имрӯз сохтмончиёни ин кохи  нур мекашанд, дар ояндаи наздик аз он баҳраи ширин хоҳанд гирифт. Таъмини аҳолии кишвар ва минтақа бо барқи босифат, захираи бузурги оби тоза, истеҳсол ва содироти барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза, ҳамчунин, рушди ҳамаҷонибаи шаҳри Роғун ва ноҳияҳои атрофи он (махсусан, аз ҷиҳати сайёҳӣ) аз баракати ин иншооти азим мебошад. 
 
СОКИНОН СИПОСГУЗОРАНД
Суҳбат бо мутахассисону коршиносони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳанӯз аз оғози сафар омӯзанда буд. Рустам Саидзода, муовини директори Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО «Роғун», давоми ин сафар моро ҳамроҳӣ намуда, бо сатҳи зиндагии аҳолии кӯчондашуда аз минтақаи зериобшаванда шинос кард. Махсусан, дар деҳаи Ёли Гармобаи деҳоти Қади Оби шаҳри Роғун, ки 88 оила аз деҳоти Сичароғи шаҳри Роғун ба ин ҷо кӯчонда шудааст. То кадом андоза шароити аҳолии ин деҳа қонеъкунанда аст, аз худи онҳо пурсон шудем. Онҳо бисёр хушнуданд, ки аз пештара дида зиндагии беҳтару хубтар доранд. Таъминот бо барқ ва оби нӯшокӣ, роҳҳои асфалтпӯш, замини кишоварзӣ ва 80 гектар замини чарогоҳ, инчунин, нуқтаҳои гуногуни хизматрасонӣ кору пайкори сокинони деҳаро осон кардааст. Аз дидани мактаби навбунёди хеле кушоду барҳаво зиёд дар ҳаяҷон мондам. Сокинони дигар деҳаҳо низ барои таҳсил ва хизматрасонӣ аз  бунгоҳи нави тиббӣ ба ин ҷо меоянд. Ба монанди деҳаи Ёли Гармоба дар шаҳру ноҳияҳо – Турсунзода, Данғара, Рӯдакӣ ва Файзобод низ барои сокиноне, ки аз ноҳияи Нуробод ва шаҳри Роғун ба ин ҷо кӯчонда шуданд  (дар  маҷмуъ,  3212  оила), дар маҳали нави зисташон бо иншооти инфрасохторӣ таъмин мегарданд. Муҳимтар аз ҳама, хушнудии сокинони ин маҳаллаҳо аз он аст, ки онҳо акнун ду оила якҷоя набуда, балки мустақилона зиндагӣ мекунанд. Онҳо барои чунин имконияти хубе, ки аз баракати сохтмони Неругоҳ барояшон фароҳам шудааст, сипосгузоранд.
 
НЕРУГОҲ БА КИШВАРҲОИ ПОЁНОБ ТАЪСИРИ МАНФӢ НАДОРАД
Баъд аз бозгашт намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Онлайн-конфронси байналмилалӣ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираҳои илмии 5 кишвари соҳилӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон оид ба баррасии масъалаи асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоии (АТЭИ) НБО “Роғун” ширкат варзиданд. Мизбони баргузории конфронс Ҷумҳурии Қазоқистон буда, дар он ҷониби кишварҳо онлайн суханронӣ карданд. 
Коршиносони соҳа гуфтанд, ки баррасии натиҷаҳои АТЭИ лоиҳаи НБО “Роғун” аз мавзуи асосӣ ба ҳисоб рафта, таъсири эҳтимолии экологии Неругоҳ дар доираи Барномаи нави экологӣ ва иҷтимоии Бонки ҷаҳонӣ, ки навсозӣ гардид, аз нав баҳо дода шуд. АТЭИ таъсири эҳтимолии экологӣ ва иҷтимоиро дар натиҷаи сохтмон ва истифодабарии лоиҳа муайян мекунад. Он, инчунин, чораҳоро барои пешгирӣ ё кам кардани ҳама гуна таъсири зараровар муайян менамояд ва фоидаҳову такмилҳоеро, ки лоиҳа дар давоми давраи амалисозии худ меорад, таъкид мекунад. Лоиҳаи НБО “Роғун”, ки маблағгузории созмонҳои байналмилалии молиявиро тақозо менамояд ва АТЭИ бояд ба талаботи байналмилалии қарздиҳандагон ҷавобгӯ бошад. Чунин ҳам ҳаст. Баҳодиҳӣ муайян кард, ки лоиҳаи сохтмони НБО “Роғун” ба Барномаи нави экологӣ ва иҷтимоии Бонки ҷаҳонӣ мутобиқ буда, истифодабарии Неругоҳ ба дарёи Вахш, Амударё ва ҳам кишварҳои болообу поёноб ягон таъсири манфӣ надорад. Зеро Неругоҳ дар давраи сохтмон маҷрои дарёи Вахшро тағйир намедиҳад. Дар ин давра Неругоҳи барқи обии  «Норак», ки дар поёноб воқеъ аст, ҷараёни дарёи Вахшро мисли ҳозир ба тартиб медарорад. Истеъмоли об низ тағйир наёфта, он дар доираи меъёр боқӣ мемонад. 
Ҳамин тариқ, сафари кории кормандони рӯзнома ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба НБО “Роғун” бисёр хотирмон ва омӯзанда гузашт. Албатта, ду рӯз фурсат намедиҳад то бо иқтидори бузурге, ки Неругоҳ дорад, аз наздик шинос шуд. Бузургии онро ин ҷо дар ду сатр ғунҷондан низ ғайриимкон мебошад, вале муҳим он аст, ки иншооти азимро бо чашми сар дидем ва бо як қисми корҳои он шинос шудем.   
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 30.04.2024 №: 80-81
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив