ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗӢ

МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗӢ

04 май 2024, Шанбе
31
0



(Андешаҳо дар заминаи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, 9-уми марти соли 2024)
Таҳлили рӯзгори гузаштаву имрӯза ва таҷрибаи зиндагӣ нишон медиҳад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи нодирраҳбарони миллӣ-давлатие ҳастанд, ки на танҳо дар шинохту арзёбии дурусти мушкилот, муаммо ва масъалаҳои мавҷудаи давлату миллат, балки дар пешниҳоди роҳҳалҳои муассир ва ҳамзамон, мавқеъгирии сазовори сиёсӣ-давлатӣ низ муваффақ мебошанд. Истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастагинопазири пайвастаи Пешвои муаззами миллат барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил ёфтани Тоҷикистон замина фароҳам овард. Ин ҳама кӯшишу ғайрат, азму талош барои бунёди Тоҷикистони ободу сарсабз ва рӯзгори ободу осуда ба халқи Тоҷикистон ҳамвора руҳу илҳоми тоза мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмуъ, барои баланд шудани сатҳи рӯзгори мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад.
Хидматҳои беназири Пешвои миллат дар роҳи барпо кардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ бо таваҷҷуҳ ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон, қатъи назар аз миллату нажод, забон ва дину ойин, рушди иқтисоди миллӣ ва муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ муҳим ва қобили мулоҳиза арзёбӣ мешаванд.
Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини бақою ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳёи арзишҳои волои фарҳанги миллӣ хизматҳои шоиста анҷом додаанд. Махсусан, Пешвои миллат дар оростани мулоқоту вохӯриҳои судманд бо доираҳо, ниҳодҳо ва табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ тайи фаъолияти раҳбарӣ таҷрибаи калон касб кардаанд. Метавон аз таҷрибаҳои муваффақи Сарвари давлат дар заминаи мулоқоту вохӯриҳо бо намояндагони фаъоли ҷомеаи маданӣ ва қишри руҳонӣ ёдовар шуд, ки натиҷаҳои назаррасе ба бор овардаанд. 
Бо таваҷҷуҳ ба ин, Пешвои миллат 9-уми марти соли 2024 бо ҳузури доираи васеи роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ, намояндагони ҷомеаи маданӣ ва ходимони дини ҷумҳурӣ мулоқоти саривақтие доир намуданд, ки зиёда аз як моҳ мешавад, сари мазмуну муҳтавои он гуфтугӯю радду бадалҳо, чи дар муҳитҳои иҷтимоӣ ва чи дар ҳавзаҳои фикрию мадании ҷумҳурӣ сурат мегиранд. Дар ин замина, мақолаву матолиби зиёде низ дар матбуоти даврӣ, расонаҳои дохилию хориҷӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ пахшу нашр гардидаанд. Мо ҳам талош кардем, ки дар ин замина баъзе мулоҳизаҳои хешро рӯйи сафҳа биоварем ва аз ташаббусу нуктагириҳои Сарвари давлат дар ростои шинохту арзёбии мушкилоту муаммо ва масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа, ки боиси заъфу чолишҳои ҷиддӣ гардида, роҳи пешрафту тараққиётро мебанданд, назари худро баён намоем.
Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар ҳудуди панҷ соат бидуни танаффус атрофи муҳимтарин масъала, муаммо ва мушкилоти имрӯзӣ, ки умдатан, ба сабаби ташаннуҷи хурофоту ифротгароии динӣ-мазҳабӣ рӯйи кор омада, таҳдиду хатарҳоро заминагузорӣ намудаанд, суҳбати ҷолиби ихтисосӣ анҷом доданд. 
Ба назари мо, маҷмуи масъалаҳои мубраму муҳими сиёсӣ, мафкуравӣ, динӣ-ақидатӣ, тарбиятӣ-ибодӣ, ҳуввиятӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ ва мадание, ки дар суханронии Сарвари давлат матраҳ гардиданд, воқеияти рӯзи моро нишон медиҳанд. Дар маҷмуъ, Пешвои миллат аснои мулоқоту суханронӣ ба зиёда аз 50 масъала таваҷҷуҳ намуда, кулли масоилро дар асоси далелу арқом мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор доданд. Мо кӯшиш мекунем, ба чанде аз масоил, ки дар суханронии Пешвои миллат арзёбӣ гардиданд, таъкид намоем. 
1. Пешвои миллат дар ифтитоҳи аксари суханронию мулоқоту вохӯриҳо ба баёни вазъи сиёсӣ–мафкуравӣ ва геополитикии минтақавию ҷаҳонӣ мепардозанд ва зеҳниёти ширкаткунандагону ҳозиронро ба дуруст дарк кардану фаҳмидани авзои замон таҳрик медиҳанд. Дар бахши ифтитоҳии суханронии ахирӣ ҳам ба ин нуктаи асосӣ – баёни вазъи печидаи имрӯзӣ, бархӯрдҳои тамаддунӣ ва бозиҳои геополитикӣ тамаркуз намуда, иброз доштанд: “Имрӯз мехоҳам доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, “сиёсати дугона” нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо ибрози андеша намоям”. Ва дар идома ҳадафи мулоқотро возеҳу ошкор карданд: “Баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки мо бояд имрӯз доир ба онҳо кушоду равшан назари худро гӯем, равандҳои номатлубро баррасӣ намоем ва пеши роҳи онҳоро гирем, ки мисли ҳодисаҳои солҳои 90-ум боз ягон фоҷиаи дигар сар назанад”. Пешвои миллат вазъи мавҷудаи сиёсӣ–мафкуравӣ ва геополитикии ҷаҳониро дуруст арзёбӣ намуда, фармуданд: “Солҳои охир вусъати бесобиқа ёфтани талоши абарқудратҳо барои амалисозии манфиатҳои худ, азнавтақсимкунии дунё, мусаллаҳшавии бошитоб, оғози марҳалаи нави «ҷанги сард», густариши бесобиқаи фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки, мутаассифона, хусусияти динӣ касб намудааст, вазъи мураккаби дар пайи пандемияи COVID – 19 бавуҷудомада, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини он – хушксоливу камобӣ, норасоии маводи ғизоӣ ва гуруснагӣ вазъи ҷаҳонро мураккабу пешгӯинашаванда гардонда истодааст. Яъне, имрӯз инсоният дар давраи бархӯрду зиддиятҳои шадиди низомӣ, хушксоливу камобӣ, қаҳтиву гуруснагӣ, таназзули иқтисодиёту иҷтимоиёт ва дар маҷмуъ, дар вазъи ниҳоят мураккаби таърихи худ қарор дорад. Таърихи инсоният солҳои ниҳоят ҳассосу хатарнокро аз сар гузаронида истодааст”.
Аз таҳлилу арзёбиҳои Сарвари давлат бармеояд, ки, пеш аз ҳама, мо бояд вазъро дуруст бишносем, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар ин замина, ба шиносоию ҳалли мушкилоти мавҷуда даст занем.
 2. Масъалаи дигаре, ки Сарвари давлат сари он суҳбат намуда, онро меъёри кори рӯзмарраи соҳибкорону хайрхоҳони ватанӣ унвон карданд, идома додани аъмоли хайру савоб ва ташаббусҳо дар заминаи бунёди иншоотҳои зарурӣ, аз ҷумла мактабсозист. Дар ин маврид Пешвои миллат сареҳан таъкид карданд: “Ё бунёд кардани мактаб – тавре ки мардум солҳои қадим онро мадраса мегуфтанд, чи қадар наврасони мову шумо, ки ҳарф зада наметавонанд, соҳиби саводу дониш ва наврасону ҷавонон соҳиби касбу ҳунар мегарданд, магар кори савоб нест?”. Воқеан, анҷом додани амалҳои хайру савоб, ки бузургтаринашон сохтани бунгоҳҳои замонавӣ, синфхонаҳои дарсӣ ва умуман, иншоотҳои мактабӣ мебошанд, сатҳи саводу маърифати насли наврасу ҷавонро, ки ояндаи давлату миллатанд, боло мебарад. Дар тамоми сафарҳои расмию корӣ ба шаҳру навоҳии кишвар Сарвари давлат ин гуна ташаббусҳоро ҷонибдорӣ намуда, соҳибкорони ватаниро ба анҷоми умури хайру савоб дар заминаи бунёди мактаб ва иншоотҳои мактабӣ ташвиқ мекунанд.
3. Бахши дигари суханронии Сарвари давлат ба мавзуи истиқлоли давлатӣ ва эҳёи арзишҳои миллию динӣ иртибот дошт. Дар ҳақиқат, Сарвари давлат дар тамоми суханронию гуфтугӯҳояшон масъалаи эҳтирому гиромидошти истиқлоли давлатиро дар ҳамбастагӣ бо ҳифзи арзишҳои миллию динӣ гӯшзад менамоянд. Дар мулоқоти ахирӣ ҳам ба ин масъалаи муҳим тамаркуз намуда, фармуданд: “Ба шарофати рӯйдоди бузурги таърихӣ дар ҳаёти халқамон, яъне истиқлолу озодӣ мо ба эҳёи арзишҳои миллӣ ва динии худ муяссар шудем ва мардумамон бо мазҳаби аҷдодӣ, бо пирони хирад ва бузургони илму адаби гузашта ҳамаҷониба ошно гардиданд. Истиқлоли давлатӣ ба мо – миллати тамаддунсози тоҷик имкон фароҳам овард, ки асарҳои бузургони худро бознашр ва ба мардуми кишвар дастрас намоем”.
Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ ва расидан ба ин марҳилаи бузурги таърихӣ мо тавонистем арзишҳои миллию диниро дуруст шиносем ва дар роҳи тарғиби ғояву афкори пешқадами бузургонамон муваффақ гардем. Ба ин маънӣ, Сарвари давлат афзуданд: “Дар соли 2009 бо ширкати олимону донишмандони машҳури ҷаҳони ислом ва шахсиятҳои маъруф аз 55 давлати дунё баргузор кардани 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, ки бо номи Имоми Аъзам машҳур аст, як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти маънавии мардуми мо гардид. Ҳамчунин, бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ ва динӣ – Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шайх Камоли Хуҷандӣ, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммади Ғаззолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон, чопи осори зиёди ахлоқиву илмии мутафаккирони гузашта, ба забони тоҷикӣ тарҷума кардану се маротиба нашр намудани Қуръони карим ва ба мардуми Тоҷикистон дастрас гардондани он аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки дар ин самт ба анҷом расидаанд”.
Дар ростои шинохтану омӯхтани мероси гаронмояи динӣ-мазҳабӣ, инчунин шахсиятҳои миллие, ки дар олами ислом таҳаввулот эҷод карданд, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ иқдомоти ҷиддӣ рӯйи кор гирифта шуда, осори бузургони динӣ нашру пахш гардиданд. Аз ҷумла, ба таъкиди Сарвари давлат: “Бо дастури Роҳбари давлат яке аз тафсирҳои муътабари Қуръони карим – “Тарҷумаи тафсири Табарӣ”, “Ҳидоя”-и Бурҳониддин Абуҳасан ибни Абубакр, “Саҳеҳ”-и Имом Бухорӣ, “Муқаддима”-и Ибни Халдун ва асарҳои дигар мутафаккирони бузурги исломӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр карда шуданд. Мо ин корҳоро барои он кардем, ки мардуми тоҷик хонанд ва донанд – кӣ буданд гузаштагони мову шумо?”.
 4. Мусалламан, дар даврони соҳибистиқлолӣ иқдомоти зиёде дар заминаи бароварда сохтани ниёзҳои эътиқодӣ ва динӣ-мазҳабии мардуми шарифи Тоҷикистон рӯйи даст гирифта шуд. Тавре ки Сарвари давлат дар мулоқот ишора фармуданд: “Таъсиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар назди Ҳукумат, Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, бақайдгирии 4 ҳазор иттиҳодияи динӣ, яъне масҷидҳо ва ташкили сафари дастаҷамъонаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра аз ҷумлаи иқдомоти дар ин самт амалигардида мебошанд”. Раванди бунёди масҷиду маобид дар даврони истиқлоли давлатӣ аз ҷумлаи роҳкорҳои муҳиме маҳсуб меёбад, ки тайи замони соҳибистиқлолӣ барномарезию амалӣ гардиданд. Ба тазаккури Сарвари давлат: “Имрӯз дар Тоҷикистон ба 2000 нафар шаҳрванд як масҷид рост меояд, дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3 – 3,5 ҳазор ва дар дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон 5 – 5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳамзамон бо ин, дар кишвар як ҷамоатхонаи исмоилӣ, ду кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои исмоилӣ ва 67 ташкилоти динии ғайриисломӣ фаъолияти озодона дорад”. Пешвои миллат раванди сохтмону бунёди ибодатгоҳҳову масоҷидро дар замони соҳибистиқлолӣ ва даврони шуравӣ муқоиса карда, минҷумла ишора фармуданд: “Худатон мулоҳиза кунед, ки дар замони шуравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 34 масҷид, аз ҷумла 17 масҷиди ҷомеъ, 15 калисо ва 2 куништ фаъолият дошт. На ҳаҷ буд, на ҳоҷӣ буд, на умра буд, на донишкадаи исломӣ ва на шумораи зиёди масҷидҳои панҷвақтаю ҷумъахонӣ”. Бо овардани ин гуна иттилоот, Пешвои миллат масъалаи ифротишавии ҷомеаро пеш гузошта тазаккур доданд: “Вале бо вуҷуди чунин маҳдудиятҳои қатъии он замон на ифротӣ буд, на террористи динӣ ва на фитнаву дасисаи динӣ. Имрӯз дар Тоҷикистон 4 ҳазор масҷид, донишкадаи исломӣ, ниҳодҳои диншиносии илмӣ, беш аз 250 ҳазор нафар ҳоҷиён, бештар аз 400 ҳазор умракардагон ва ҳазорҳо нафар ходимони дин – дастпарварони муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷиву ватанӣ дар фазои озодиҳои истиқлол тарбия ёфтаанд. Дар пойтахти Тоҷикистон яке аз бузургтарин масҷидҳо дар минтақа бунёд карда шуд”. Сарвари давлат, ҳамчунин афзуданд: “Соли 2010 аз ҷониби Ташкилоти ҷаҳонии ислом оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) пойтахти фарҳанги исломӣ эълон гардидани шаҳри Душанбе далели возеҳи он мебошад, ки тоҷикон дар ҷодаи ҳифзи мероси динӣ, ғанӣ гардондани он ва умуман фарҳангу маорифи исломӣ дар сатҳи ҷаҳони ислом саҳми арзишманд гузоштаанд”. Мушкил инҷост, ки чаро бо ин қадар имконот ва дастгириҳои давлатии ҷомеа рӯ ба ифротгароӣ, мутаассибӣ, ҳаросафканӣ ва ваҳшатзоӣ меоварад? Чаро насли наврасу ҷавони ҷомеа фирефтаи гурӯҳҳои ифротгарою террорист мешаванд? Магар ибтикороти давлат дар заминаи таъмин намудани эҳтиёҷоти мардум ба мабодии эътиқодӣ кам аст? Ба ин монанд суолоти зиёдеро метавон матраҳ кард, ки нигаронии на танҳо Сарвари давлат, балки давлатҳои мутамаддини ҷаҳониро ба вуҷуд овардааст. Сари ин масъала ва дигар масоили марбута ҷиддӣ фикр бояд кард ва бо андешаи солим ба ҳалли мушкилот мебояд пардохт.
 5. Сарвари давлат дар бахши дигари суханронӣ аз низоми давлатдории дунявӣ ва таҷриботи ғании роҳандозии барномаҳои дунявӣ сухан ба миён оварда, ишора фармуданд: “Танҳо соҳибистиқлолӣ ва низоми дунявии давлатамон имкон фароҳам овард, ки миллатҳои гуногун ва пайравони дину мазҳабҳои мухталиф дар кишварамон фаъолияти динию эътиқодии худро дар доираи муқаррароти Конститутсияи мамлакат ва қонунгузории амалкунанда озодона анҷом диҳанд. Таърихи давлатдории навини тоҷикон ва гузашти вақт дуруст будани интихоби низоми дунявии давлатро дар шароити муосир собит сохт”. Пешвои миллат таҳлилу арзёбиҳои шахсӣ ва таҷрибаи раҳбарии худро ҳамчун далели муҳками сиёсӣ-ихтисосӣ дар заминаи ояндадории низоми давлатдории дунявӣ ва эҳтиром ба арзишҳои эътиқодӣ пеш оварда, афзуданд: “Таҳлилу баррасии иқдомоти тайи беш аз 32 сол амаликардаи Ҳукумати Тоҷикистон дар муносибат ба дин нишонаи он аст, ки давлати демократӣ ва дунявии мо дар роҳи таъмин намудани озодии виҷдон қадамҳои устувор гузошта, рисолат ва вазифаи таърихии худро дар назди мардуми эътиқодманд дар сатҳи зарурӣ иҷро карда истодааст. Имрӯз мо озод ҳастем – тоат мекунӣ, ибодат мекунӣ, намоз мехонӣ, рӯза медорӣ, масҷид меравӣ, хонаи Худо меравӣ, кори хайру савоб мекунӣ, озод ҳастӣ”.
Маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаи 1 Конститутсия, ки бо раъйи кулли мардуми Тоҷикистон қабул гардидааст, давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаву иҷтимоӣ эълон гардида, озодии виҷдон ва эътиқод дар қатори дигар ҳуқуқу озодиҳои асосӣ бо кафолатҳои конститутсионӣ таъмин шудааст. -Дар идомаи ин раванд,  ба  таъкиди Пешвои миллат, қонунҳо “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”, “Дар бораи муқовимат ба терроризм”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, стратегияҳои миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020 ва 2021 – 2025 қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд. Ваҷҳи нигаронии Сарвари давлат ин аст, ки “аз ҷониби субъектҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм, аз ҷумла вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти кор бо дин, ҷавонон, занон ва оила, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидораи шаҳрак ва деҳот, инчунин, аҳли ҷомеа татбиқи санадҳои зикршуда дар сатҳи зарурӣ ва мутобиқ ба вазъи воқеӣ ба роҳ монда нашуда, чунин ба назар мерасад, ки онҳо даҳшату фоҷиаи ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро фаромӯш кардаанд”. Аз ин ҷост, ки сари масъалаи масъулият ва рисолати хидматчиёни давлатию низомӣ ҷиддӣ фикр бояд кард, то ин ки даҳшату ваҳшати ҷанги шаҳрвандӣ дубора такрор нашавад ва миллат ба гирдоби мусибату фоҷиа напечад.


 
6. Пешвои миллат омӯхтани илму дониш ва таваҷҷуҳ ба самти ихтироъкориро аз ҷумлаи зарурати имрӯзии миллӣ талаққӣ намуда, баён доштанд: “Воқеан, дар замони муосир халқу миллатҳо бо роҳи омӯхтану ихтироъ кардани илму дониш ва техникаву технологияҳои муосир кӯшиш мекунанд, ки арзишҳои миллӣ, дастовардҳои фарҳангӣ ва озодиҳои шахсии худро дар паноҳи давлати соҳибистиқлоли хеш аз таҳдиди ҷаҳонишавии манфиатҳо ва суйиистифодаи арзишҳо ҳифз намоянд”. Ба сухани равшантар, то ҷомеа ва махсусан, насли наврасу ҷавон ба илму дониш ва саводу маърифат рӯ наоваранд, наметавонанд ба дастовардҳои назарраси миллию дунявӣ ноил гарданд. Аз сӯйи дигар, таваҷҷуҳ ба осори бузургтарин симоҳои миллию динӣ, ки дар сохтусози дину мазҳаб ва ирфону андешаи мо саҳми бевосита доранд, роҳро барои маҳори буҳронҳои фикрию ақидатӣ ҳамвор месозад. Ба ин мазмун, Пешвои миллат таъкид карданд: “Илми ҷаҳонӣ ва кулли мусулмонони олам “Ҷомеъ-ус-саҳеҳ”-и Имом Бухориро саҳеҳтарин китоб баъди китоби Худо, яъне Қуръони карим медонанд. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳикмат ва ахлоқи исломиро ба пояҳои бисёр баланди назм бардошта, дар сарҳади се тамаддун – исломӣ, юнонӣ ва насронӣ пули ҳамдигарфаҳмию таҳаммул бино намуд ва гуфтугӯи фарҳангу тамаддунҳоро ба роҳ андохт”.
7. Нуктаи дигаре, ки Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд ва он, албатта, боиси нигаронии ҷиддӣ аст, ин буд, ки “таълими ғайриқонунии динӣ боиси даст задан ба авомфиребӣ, фолбинию ҷодугарӣ, дигар кирдорҳои ношоиста, ғайриқонунӣ машғул шудан ба фаъолияти хусусии тиббӣ ва дар ин замина расондани зарари моддӣ ва ҷисмонӣ ба шаҳрвандон низ мегардад. Ҳолатҳои ба табобати ғайриқонунии одамон машғул шудани руҳониёни алоҳида дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ошкор гардидаанд”.
Албатта, ин таъкиди Пешвои муаззами миллат моро ба андешае водор месозад, ки гарчанде ҳазор сол аз ин муқаддам ниёкони бузурги мо донишро дар дил чароғи равшан ва аз ҳама бад бар тани инсон ҷавшан гуфтаанд, аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал ҳама мушкилоти гетиро ҳал кардаанд, аммо ҷойи тааҷҷубу таассуф аст, баъди ҳазору чанд сол, ки инсоният ба асри бистум – асри пуршӯру пуровозаи инқилобҳои илмию фикрӣ ва оғози асри бистуякум – асри инқилобҳои технологию техникӣ расид ва мо шоҳиди он будем, ки инсони донишпажӯҳ на танҳо нақши пояшро дар рӯйи Моҳ ба ёдгор гузошт, балки сафинаҳои худкорашро ба моварои мадори Зуҳал фиристода, ҳатто аз ҳудуди манзумаи Офтоб ҳам берун баровард ва ба омӯхтани мустақими сайёраҳои фаразан маскуни ситораҳои дигар (ба ғайр аз Офтоб) шуруъ намуд, дар пасманзари ин ҳама ҷаҳишҳои илму фан, дар пеши чашми муосирону шоҳидони чунин комёбиҳои фавқулодаи ақлу фаросати одамӣ воқеоти аҷибу ғарибе сурат мегирад, ки бар асари он ҷомеаи пешрафта зарар мебинаду оммаи пасмонда ба он бовар мекунад. Яъне, боиси таассуф аст, ки имрӯз навъҳои гуногуни хурофоту найранги аз аҳди Дақёнус монда – аз тилисму азоимхонӣ гирифта, то фолбинию (рамл) саноати танҷим (астрология) – аз нав ҷон мегиранд ва торафт ақлу ҳуши мардумро рабуда, онҳоро ба доми худ медароранд: на фақат ховариёнро, балки фарангиёнро ҳам, на танҳо мардуми авомро, балки бархе аз аҳли саводро низ!
Ва танҳо дар ин маврид роҳ яктост: рӯй овардан ба илм, рушди тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеаи тоҷикистонӣ. 
 8. Суйистифодаи насли наврасу ҷавони гумроҳ дар меҳвари кору умури коргардонон, сенариянависон, бозигарон ва саҳнасозони пружаҳои динӣ-мазҳабии хориҷӣ қарор дорад ва аз рӯйи таъкиди Сарвари давлат: “Имрӯз барои касе пӯшида нест, ки маркази як қатор ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ҷойгир аст. Дар вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир мо вазифадорем, ки ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ ва амнияти давлату ҷомеа дар баробари риояи талаботи қонунҳои давлати дунявӣ ба арзишҳои динӣ оқилона муносибат намуда, ҳам арзишҳои созандаи дини исломро ҳифз намоем ва ҳам пеши роҳи паҳншавии тафриқаандозиву ифротгароиро гирем”. Дар ин вазъи ҳассос бетарафию саҳлангорӣ душмани ҷонии инсонҳо ва ҷомеаҳост. Ин нуктаро Пешвои миллат мукаррар гӯшзад намуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд: “Ман чунин мешуморам, ки нисбат ба ин масъала бетарафӣ ё муросокорӣ кардан баробар ба ин аст, ки саодати худ ва фарзандони хешро барҳам занем. Чунки бетарафӣ ҳам барои давлат ва ҳам барои миллат ба чи гуна ҳодисаву фоҷиаҳо боис мегардад, насли калонсоли кишвар ва аксари дар ин толор нишастагон хуб медонанд. Агар яке аз сабабҳои ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашидани аҳолӣ истифодаи ғаразноки эҳсоси динии мардум бошад, дигар омили асосӣ бетарафию бетафовутӣ нисбат ба тақдири давлат ва миллат буд. Ман яке аз шоҳидони зинда дар толори парламенти ҳамонвақта будам. Агар бисёриҳо бетарафӣ намекарданд, дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар намезад”. Маҳз бетарафию саҳлангории зиёиёну фаъолони маданӣ боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва мусибату фоҷиаи миллӣ дар ибтидои солҳои навадум гардида буд. Бинобар ин, бетараф будан ва бепарвоӣ кардан ба сарнавишти миллату давлат ба сифати нуқтаи заъф аз ҷониби Сарвари давлат махсус таъкид гардид. Ба ин маъно, ҷомеаи маданӣ, фаъолони сиёсӣ ва зиёиёни ватанӣ вазифадоранд, ки ба сарнавишти миллат бепарво набошанд ва дар тақвияти бедории фикрӣ ва рушди давлатдории миллию дунявӣ саҳми муносиб бигузоранд. 
 9. Сарвари давлат дар мулоқот дар бораи “саҳм”-и руҳониён дар шикасти давлатҳои миллӣ ва бофтҳои иҷтимоӣ ёдовар шуда, сафаҳоти рӯзгори пешини давлатдории Сомониёнро варақгардон намуда, аз ҷумла тазаккур доданд: “Дар саҳифаҳои таърихи давлатдории миллати тоҷик фоҷиаву рӯйдодҳои сахту сангине сабт гардидаанд, ки бартарӣ пайдо намудани мафкураи тундрави динӣ, таассубгароӣ ва сиёсисозии ақидаҳои динӣ омили асосии онҳо буд. Барои мисол сарнавишти давлати Сомониёнро мегирем. Тибқи маълумоти аллома Бобоҷон Ғафуров дар китоби “Тоҷикон”, давлати Сомониён дар заминаи худогоҳиву бедории шуури миллӣ ташаккул ёфта, 124 сол фаъолият кард ва маҳз дар натиҷаи тундгароии динӣ ва бегонапарастӣ ба шикаст рӯ ба рӯ гардид. Руҳониёни асолату ҳувиятбохта барои дастгирии бегонаҳо, ки ҳадафи ғасби давлати миллии тоҷиконро доштанд, замина муҳайё карданд”. Бинобар ин, аз таҷрибаи талхи гузашта руҳониён бояд ибрат бигиранд ва нагузоранд, ки давлати миллӣ туъмаи душманон гардад. Дар ин замина, гирифтани пеши роҳи ифрогароиву тундарвии динӣ-мазҳабӣ, ки ба як раванди хатарнок ва воқеияти талхи давр табдил ёфтааст, хеле зарур аст. Ин зарурат аз ҷониби Сарвари давлат хеле ҷиддӣ арзёбиву гӯшзад шуд: “Омӯзиш ва таҳлили масъала нишон медиҳад, ки барои сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик омили ифротишавии ҷомеа ва пайвастани шаҳрвандон ба созмонҳои террористии хусусияти динидошта дар шароити кунунӣ низ ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ боқӣ мемонад ва дар сурати пешгирӣ нагардидани ин раванд оқибати ногувор хоҳад дошт. Сабаби асосии чунин вазъият, пеш аз ҳама, дар он аст, ки кор бо мардум дар самти ташаккули маънавиёти солиму созанда ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.
Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои маҳаллии вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои ҷавонону варзиш, занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, дигар сохторҳои марбутаи давлатию ҷамъиятӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо пешбурди фаъолияти мафкурасозиро дуюмдараҷа мешуморанд ва ба ин масъалаи муҳим аҳамияти зарурӣ намедиҳанд”. Ба омори ҷиноятҳои характери экстремистию террористидошта таваҷҷуҳ намуда, Пешвои миллат иброз доштанд: “Ҳарчанд ки дар кишвар бо қарорҳои Суди Олӣ фаъолияти 28 ташкилоти экстремистиву террористӣ манъ шудааст, вале ҳолатҳои шомил шудан ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо ҳанӯз ба назар мерасанд. Дар 10 соли охир дар мамлакат 6680 ҷинояти дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, аз ҷумла 86 амали террористӣ ва суиқасд ба он ошкор ва ба қайд гирифта шуда, 11 ҳолати амали террористӣ ва суиқасд ба он пешгирӣ гардидааст”. Вазъи мавҷуда кори ҷиддию дастаҷамъонаи сохтору мақомоти марбутаи давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро тақозо мекунад. Бетафовутӣ ба ин масъала вазъро бадтар хоҳад кард ва нигарониҳоро бештар.
 10. Масъалаи гароиши насли наврасу ҷавон ба созмону гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ аз қабили салафия, Ихвон-ул-муслимин ва ДОИШ ба масъалаи доғи ҷомеа табдил ёфтааст ва Сарвари давлат дар ин бобат бо такя ба омор ва далелҳои мувассақ ҷиддӣ тамаркуз намуда, аз ҷумла изҳор карданд: “Қобили зикр аст, ки аксари шахсони ба «Давлати исломӣ» ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ шомилшуда пайравони таълимоти “Салафия” мебошанд. Аз ин лиҳоз, бо қарори Суди Олии Тоҷикистон ин равия экстремистиву террористӣ эълон шуда, фаъолияти он дар ҳудуди мамлакат манъ гардидааст. Бо вуҷуди ин, дар давраи аз соли 2015 инҷониб зиёда аз 2300 нафар шаҳрвандони кишвар ба равияи мазкур шомил гардида, оид ба ин ҳолатҳо 1945 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст...Тибқи маълумоти мавҷуда дар се соли охир 24 нафар шаҳрвандони мо дар 10 кишвари дунё ба амалҳои террористӣ, аз ҷумла дар издиҳоми одамон таркондани худ даст задаанд. Ҳол он ки худкушӣ на ҷиҳод, балки гуноҳи азим ва хилофи таълимоту талаботи дини мубини ислом мебошад. Аммо ҳоло 4075 нафар шаҳрвандони кишвар барои содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ дар кофтуков қарор доранд”. Вазъият, дарвоқеъ, нигаронкунанда аст. Агар сари вақт чораандешӣ накунем, авзоъ аз контрол хориҷ хоҳад шуд ва соҳибонону пуштибонони гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҳатман фаъол шуда, ҷилави кору умурро ба даст мегиранд.
11. Сарвари давлат масъалаи доғи дигар – худнамоию риёкории шаҳрвандонро дар заминаи сафари ҳаҷ мавриди интиқоди шадид қарор дода, дар ин росто дуруст фармуданд: “Танҳо соли 2023-юм 63 ҳазор нафар шаҳрванди кишвар маросими ҳаҷ ва умраро адо кардаанд ва маблағи ба ҳисоби миёна харҷнамудаи онҳо ба беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ баробар шудааст. Маблағи барои ҳаҷ сарфкардаи шаҳрвандони мо дар замони соҳибистиқлолӣ қариб 12 миллиард сомониро ташкил додааст, ки дар шароити имрӯза, яъне дар замоне, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон раванди манфии пастравии иқтисодиёт мушоҳида мегардад ва дар қариб 80 кишвари дунё мардум аз нарасидани ғизо ва гуруснагӣ азият мекашанд, барои кишвари мо маблағи хеле калон ба ҳисоб меравад”. Анҷом додани ҳаҷ ва дар ин замина ба зиёдаравӣ роҳ додан аз мушкилоти ҷиддиест, ки дар ҷомеа тасаллут пайдо кардааст. Зарар ба буҷети хонаводаҳо, аз як тараф ва худнамоию риёкорӣ, аз тарафи дигар, роҳро барои ташкили як зиндагии арзандаву шоиста бозмедорад. Бинобар ин, ҳалли мушкилот дар ин замина хеле зарур аст.
12. Таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ ва либоси тоҷикӣ, ки дар шаклгирии ҳувияти миллӣ нақши асосӣ доранд, қисмати асосии суханронии Сарвари давлатро ташкил намуд. Пешвои миллат таъкид карданд: “Воқеият баёнгари он аст, ки ҳар миллат бинобар собиқаи фарҳангии худ дар либоспӯшӣ рафтору анъанаҳои махсус дорад, ки арзишҳои моддиву маънавии гузаштаи онро инъикос менамояд ва ҳар миллат аз рӯйи забон, фарҳанг ва шаклу тарзи либоспӯшияш шинохта мешавад. Масалан, арабҳо чи дар дохили кишварҳояшон ва чи дар хориҷа либоси миллии худро мепӯшанд ва бо либоси миллии худ ифтихор мекунанд. Либоси миллии худашон аст, либоси исломӣ нест. Аммо чаро дигарон либоси миллии мову шуморо намепӯшанд?
Пештар гуфтам, ки либосҳои миллии тоҷикӣ, аз ҷумла чакану адрас ҷаҳонӣ шуданд. Аз ҷониби созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО эътироф гардиданд. Модарону бонувони мо – тоҷикон тарзи хоси либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос мекард. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба хотири ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ воридшавии либосҳои ба ном динӣ, аммо ба урфу одат ва фарҳанги мо бегонаро пешгирӣ намоем”. 
13. Нуқтаи баланди мулоқот, ба назари мо, мавқее буд, ки Сарвари давлат тоҷикият, миллият ва ориёиятро дар меҳвари андешаронӣ ва гуфтугузори ихтисосӣ қарор дода, пурҳарорат ва ошкору кушод эълом доштанд: “Эй мардуми тоҷик, мо ориёитабор ҳастем, мо ориёӣ ҳастем мо намояндаи тамаддуну фарҳанги ҳиндуаврупоӣ ҳастем, мо ҳуқуқи ба таври замонавӣ либос пӯшиданро дорем, чеҳраи моро бинед, чеҳраи тоҷикро бинед, мо тарзи либоспӯшии зебову пешрафта доштем. Касе таърихи миллати тоҷикро хонда бошад, медонад, мардуми ориёитабор азимҷусса буданд. Қадҳои баланд доштанд, рӯйҳои дароз доштанд. Бозёфтҳои таърихӣ, ки дар осорхонаҳои мо ва дар олам ҳастанд, аз Қалъаи Куруши Кабир, Тахти сангин, аз Саразм, либосҳои қадима, чи гуна сару либосҳои мардонаву занона доштанд”. Ба дунболи ин, Сарвари давлат чанд суоли риторикиро пайдарпай ба ҳозирин пешниҳод карда ва дар пайи посух ба толор ҷиддӣ назар афканданд. Пасон посухҳои хешро мураттаб, вале кӯтоҳу нишонрас илова кард. Таваҷҷуҳ мекунем: “Охир чаро мо бегонапарастӣ кунем? Чаро аз фарҳанг, аз забон, аз таърих, урфу одатҳои худ ношукрӣ кунем? Чаро? Ана, душманони миллати тоҷик ҳамин хел кор мекунанд. Аввал расму ойинатро мегиранд, баъд забону фарҳангатро мегиранд, баъд давлат ва ҳамин тариқ миллат аз байн меравад, фаромӯш накунед, мардум! Дар як баромадам гуфта будам, имрӯз низ мегӯям: Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикаму баъдан мусулмон”. Ин ҳолат буд, ки аҳли толор якҷоя бархоста, бетанаффус кафкӯбӣ намуданд. Ба ин тартиб, пафоси маърака ва драматизми он яку якбора дар нуктаи ахирии баёноти Сарвари давлат: “Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикаму баъдан мусулмон” рӯ зад. Аҳсан ба ин абармарди таърих, абармарди давру замон, Пешвои миллати тамаддунсозу тамандунофар, куҳанбунёду озодаманиш, ки рӯйирост, бидуни шакку шубҳа аз ҳувияти миллӣ на танҳо дифоъ мекунанду сатҳи ифтихорофаринии моро боло мебаранд, балки мавқеияти шахсӣ, сиёсӣ ва давлатиашонро ҳадафнок баён менамоянд. Ин аст ҳунари мудирият ва давлатдорӣ!
 14. Пешвои миллат баъди ин гуна мавқеъгирии ҷиддии сиёсӣ-давлатӣ ба нуқтаи хотимавии суханронӣ мерасанд ва дар хитоб ба аҳли толор ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз ҷумла иброз медоранд: “Баръакси хостаҳо ва нақшаҳои душманони миллат дигарбора эҳё шудем, давлатамонро аз нестшавӣ ва миллатамонро аз хатари пароканда шудан наҷот додем ва соҳибӣ кардем. Дур нест рӯзҳое, ки мову шумо барои худамон зиндагии аз ин ҳам беҳтарро месозем ва номи худро дар саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт месозем. Зеро халқи мо – мардуми сарбаланди Тоҷикистон – барои бунёди зиндагии аз ин ҳам босаодату осуда қудрату тавоноӣ доранд!” Воқеан, риторика ва шеваи суханронии ҷамъбастии Сарвари давлат ҳайратовар аст: ба мардум ангезаи зиндагӣ, талош, пайкор ва пирӯзию муваффақият дар роҳи бунёди давлат ва ҷомеаи мутамаддини миллӣ медиҳад ва ин ҳадафро ба унвони сарҳади давлатдории миллию дунявӣ талаққӣ мекунад.
Хулоса, мулоқоти навбатии Сарвари давлат– Пешвои муаззами миллат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин нишонрас, воқеӣ, ҳадафнок ва саривақтӣ буда, миёни қишрҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ ва маданию ҳунарӣ ҳамовозӣ пайдо намудааст. 
Имрӯз, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар пайравии сиёсати созанда, бунёдкорона, хирадмандона ва дурбинонаи ин абармарди миллат кору зиндагӣ мекунанд ва бо Пешвои муаззами худ ифтихор доранд, даъват ба амал меорам, ки бояд дар атрофи Пешвои ваҳдатофар, Пешвои сулҳпарвару сулҳовар, Пешвои созандаву бунёдкор муттаҳид бошем, сиёсати пешгирифтаашонро, ки ба таври пайваста ба рушду нумуи кишвар равона шудааст, ҷонибдор ва пайрав бошем ва фазои сулҳу суботи кишварро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем ва ҳар як дастуру ҳидоятеро, ки дар ин вохӯрӣ иброз намуданд, сармашқи кори худ қарор диҳем ва итминон дошта бошем, ки “дур нест рӯзҳое, ки мову шумо барои худамон зиндагии аз ин ҳам беҳтарро месозем ва номи худро дар саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт месозем ва халқи мо – мардуми сарбаланди Тоҷикистон – барои бунёди зиндагии аз ин ҳам босаодату осуда қудрату тавоноӣ доранд!”..
Дар охир ба ҳар як фарди меҳандӯсти тоҷик гуфтаниам, агар ВАТАН-ро дӯст дорем, пас бояд бидонем, ки дар пешорӯи ҳаводиси таърих ва равандҳои ҷаҳонишавии муосир миллатро имрӯз ваҳдат ва сарҷамъӣ мебояд ва муттаҳид гаштан дар атрофи Пешвои муаззами миллат барои мо ба хотири бақои давлатамон ҳам фарз асту ҳам қарз асту ҳам суннат, “зеро қудрати мо дар иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқонаи мо ба хотири ободии Ватан ва рушди давлатамон аст”.
 
Фарҳод РАҲИМӢ, академики АМИТ


Санаи нашр: 03-06.05.2024 №: 83-84
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив