ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » DUSHANBE GRAND SLAM 2024. 7 МЕДАЛИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲАЙРАТИ ДИГАРБОРАИ ҶОМЕАИ ҶАҲОН АЗ МУХЛИСОН

DUSHANBE GRAND SLAM 2024. 7 МЕДАЛИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲАЙРАТИ ДИГАРБОРАИ ҶОМЕАИ ҶАҲОН АЗ МУХЛИСОН

06 май 2024, Душанбе
15
0
Пас аз аввалин мусобиқаи Гран-прии бениҳоят бомуваффақият дар моҳи июни соли 2023, сайри ҷаҳонии ҷудо ба пойтахти Тоҷикистон барои мусобиқаи навтаъсиси “Dushanbe Grand Slam 2024” баргашт. 
То Бозиҳои олимпии Париж-2024 ҳамагӣ 3 моҳ ва 3 мусобиқаи интихобии ҷудо боқӣ мондааст. Дар Душанбе 390 варзишгар (204 мард, 184 зан) аз 65 давлат ба ҳам омаданд, то мавқеашонро дар радабандии олимпӣ беҳтар намоянд. Мусобиқа барои тими ҷудои Тоҷикистон хусусияти дигар дорад. Федератсияи ҷудои кишвар варзишгарони бештарро (дар ҳар вазн 4 нафар) пешниҳод кард, ки имкон доштанд, назди мухлисони бешумор барои ҷоизаҳо талош намоянд.
 
ТЕДДИ РИНЕР ВА ОНО ШОҲЕЙ ДАР ДУШАНБЕ
Ба фарқ аз Гран-прии Душанбе-2023, дар Гранд-слам варзишгарони маъруфу машҳур, аз ҳисоби чемпионҳои ҷаҳону олимпӣ ширкат карданд. Аз ҷумла, мо дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе шоҳиди ҳунарнамоии шоҳи ҷудои ҷаҳон, 12 карат чемпиони ҷаҳон, 3 карат ғолиби Бозиҳои олимпӣ Теддӣ Ринери фаронсавӣ, чемпиони феълии ҷаҳон Нилс Стамп (ҳар ду дар Душанбе медали тилло гирифтанд) ва даҳҳо дигар ҷудочиёни маъруф гардидем.
Ҳамчунин, бо даъвати Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ситораи ҷудои ҷаҳон Оно Шоҳей ба ҳайси меҳмони вижа дар нахустин Гранд-слами Душанбе ширкат кард. Шоҳей чемпиони дукаратаи олимпӣ ва секаратаи ҷаҳон мебошад, ки бо ҳузураш ба ҷудочиёни ҷавони тоҷик илҳом бахшида, ба кӯдакон имкониятҳои аксбардорӣ ва хотираҳои беҳамто пешкаш намуд, ки онҳо то абад дар хотир хоҳанд дошт. 
"Бори аввал аст, ки ман дар Тоҷикистон ҳастам, – гуфт Оно. – Ман дар бисёр кишварҳо будам, вале дар Тоҷикистон мухлисони ашадии ҷудо ҳастанд. Дар тантанаи ҷудои Душанбе шумораи зиёди одамон ширкат доштанд ва ман барои онҳо соядаст гузоштам. Ман аз пазироӣ дар ҳама ҷо ба ҳайрат омадам. Соати 2-и шаб ба фурудгоҳ омадам ва ҳатто дар ҳамин вақт мухлисони зиёди ҷудо маро интизор буданд. Мехоҳам дар ин ҷо ба рушди ҷудо саҳм гузорам”.
Оно Шоҳей дар клуби ҷудои Ҳоҷӣ Шариф барои паҳлавонони тоҷик мастер-класс гузашт.
 
ДУРАХШИ МУҲАММАДСОЛЕҲ ДАР РӮЗИ АВВАЛ
Аввалин Гранд-слами Душанбе бо зӯрозмоиҳо дар 5 вазн: -48, -52, -57 кг миёни бонувон, -60, -66 кг миёни мардҳо оғоз гардид. Дар вазни -60 кг варзишгари умедбахши мо Муҳаммадсолеҳ Қувватов ҷои аввалро гирифт. Ӯ дар ду давр бар варзишгарони Ҳиндустон, тими бетараф, дар чорякфинал бар намояндаи Португалия, дар нимфинал бар паҳлавони Ҷопон ва дар финал бар Магжан Шамшаддини қазоқистонӣ пирӯз шуд. Варзишгари дигарамон Ҳақдод Гулов дар ин вазн ҷои панҷумро сазовор гардид.
Варзишгаронамон дар вазни -66 кг соҳиби ду медал – нуқра ва биринҷӣ – гаштанд. Обид Ҷебов зӯрозмоиро аз даври дуюм шуруъ карда, бар паҳлавонони Муғулистон, Қазоқистон, дар нимфинал бар намояндаи Ӯзбекистон ғолиб омада, дар финал аз варзишгари Туркманистон Сардор Раҳимов шикаст хӯрд. Медали биринҷиро Муллораҷаб Халифаев сазовор гашт. Ӯ дар ду давр бар варзишгарони Олмон, Италия дастболо гардида, дар чорякфинал аз Сардор Раҳимови туркман мағлуб шуд. Сипас, дар даври тасаллобахш варзишгар аз тими бетараф ва дар зӯрозмоӣ барои ҷои сеюм Абдукарим Нутфуллоеви ӯзбекистониро шикаст дод. 
 
ХОҶАЗОДА МАВҚЕАШРО ҲИФЗ КАРД
Рӯзи дуюм, ки зӯрозмоиҳо дар вазнҳои -73 кг, -81 кг (мардҳо), -63 кг, -70 кг (занон) доир гашт, миёни варзишгарони тоҷик танҳо Беҳрӯз Хоҷазода дурахшид. Ӯ дар вазни -73 кг рақобатро аз даври дуюм оғоз карда, дар се давр бар намояндагони Баҳрайн, Қазоқистон, Муғулистон, дар нимфинал варзишгари Ӯзбекистонро мағлуб намуд, вале дар финал аз чемпиони феълии ҷаҳон Нилс Стампи швейтсариягӣ мағлуб шуд. Беҳрӯз соли гузашта ҳам ҷои дуюмро гирифта буд.
Рӯзи дуюм, қабл аз рақобатҳои финалӣ, маросими ифтитоҳи мусобиқа доир гашт, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров, ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Расул Боқиев иштирок доштанд.
Директори генералии Федератсияи байналмилалии ҷудо Влад Маринеску зимни суханронӣ изҳор дошт: "Дар шаҳри бузурги Душанбе будан барои ҷомеаи ҷудо шарафи бузург аст. Кишвари зебои Тоҷикистон дорои анъана ва фарҳанги бой аст ва мо ифтихор мекунем, ки ин чорабинии бузургро пешкаш мекунем. Ҷудо як варзиши дорои арзишҳо, фарҳанг ва анъана аст ва ин ҷо варзишгарони беҳтарини ҷаҳон ҷамъ омадаанд, ки дар соли олимпӣ барои гирифтани холҳо ва медалҳои муҳим талош намоянд".
Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир гуфт: 
“Рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар тарбияи ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Дар сиёсати варзишии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавасманд гардондан ва дастгирии варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ таъкид шудааст. Ҷудочиёни тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии сайри ҷаҳонии ҷудо, чемпионати Осиё, чемпионати ҷаҳон фаъолона иштирок намуда, ба хотирашон парчами кишвар парафшон мешавад. Варзишгарони мо имсол дар мусобиқоти байналмилалӣ 1 медали тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст  оварданд. Умедворам, ки  мусобиқаи  имрӯза ба  варзишгарон роҳро барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 ва Лос-Анҷелес-2028 боз мекунад”.
 
ДУРХАШИ МУҲАММАДҶОН ВА ҶАҲОНГИР
Рӯзи сеюми мусобиқа паҳлавонон дар вазнҳои -78 кг, +78 кг (занон), -90 кг, -100 кг, +100 кг (мардҳо) гӯштӣ гирифтанд. Миёни варзишгарони мо дар баробари Темур Раҳимов, ки медали нуқра гирифт, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода ва Ҷаҳонгир Маҷидов маҳорати баланд нишон доданд.
Муҳаммадҷон дар вазни -90 кг нахуст бар намояндаи Гурҷистон, сипас бар паҳлавонони Фаронсаву Бразилия ғолиб омад, аммо дар нимфинал аз варзишгари ботаҷрибаи чех Давид Кламмерт шикаст хӯрд. Муҳаммадҷон баъдан дар зӯрозмоӣ барои ҷои сеюм Теодорос Селидиси юнониро шикаст дода, медали биринҷӣ гирифт. 
Ҷаҳонгир дар вазни -100 кг дар се давр бар варзишгарони Ҳиндустон, Қазоқистон, Хорватия ғолиб омада, дар нимфинал рақобатро бар намояндаи Швейтсария Даниел Эйч бохт. Сипас, дар зӯрозмоӣ барои ҷои сеюм Тома Никифоров аз Белгияро мағлуб карда, медали биринҷӣ гирифт.
Темур Раҳимов (+100 кг) дар се давр намояндагони Испания (Давид Кевлишвилӣ), Туркия (Иброҳим Татароғлу), АМА (Магамедумар Магамедумаров)-ро шикаст дода, дар финал аз Тедди Ринери фаронсавӣ мағлуб гашт.
Умуман, дар се рӯзи мусобиқа 37 варзишгари тоҷик дар 71 зӯрозмоӣ ширкат карда, дар 33-тои он пирӯзӣ ба даст оварданд. Тоҷикистон бо касби 7 медал – 1 тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ миёни 64 давлат, аз рӯи сифати медалҳо мақоми чорум ва аз рӯи шумора ҷои аввалро гирифт.
 
ҲАНГОМАИ ҶУДО ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҳангомаи футбол як падидаи маъмулӣ аст. Издиҳом чанд соат пеш аз оғози бозӣ ҷамъ мешаванд ва пас аз анҷоми бозӣ чанд соат дар майдон мемонанд. Эҳсосоти баланд, ҷанбаи муҳими иҷтимоии ин ҳама, инчунин, ҳисси возеҳи шахсиятҳои миллӣ ё даставӣ вуҷуд дорад.
Ин ҳангома дар ҷудо меафзояд. Хусусан, дар Тоҷикистон афзоиши возеҳи чунин ҳангома мушоҳида мешавад. 
Соли гузашта мусобиқаи байналмилалии ҷудо бори нахуст дар Душанбе доир гашт ва мардум шодӣ карданд, дар шаҳр сухан аз ҷудо буд. Имсол он бо баланд шудани сатҳи мусобиқа афзоиш ёфт. Мухлисон хеле зиёд буданд, беш аз 3000 ҷои нишаст дар толор ҳар се рӯз пур буд. Онҳо барои ҳама партофтҳои хуб, сарфи назар аз кадом миллат будани паҳлавон, кафкӯбӣ карданд. МИҲД шаҳри Душанбе барои мухлисон дар назди Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ монитор гузошт, ки махсус буд.
Ояндаи ҷудо дар Тоҷикистон дурахшон аст ва Душанбе ба зудӣ ба як ҷойи дӯстдоштаи мусобиқаи ҷаҳонии IJF барои ҷудочиён ва ҳам мухлисон табдил меёбад. Аз ҷумла, аксари иштирокчиёни Гранд-слами Душанбе, ки синнашон аз 21 поён аст, моҳи октябр боз ҳам ба Тоҷикистон, ин бор барои ширкат дар Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон меоянд.
 
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 06.05.2024 №: 84
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив