ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

06 май 2024, Душанбе
2
0
"ЗОҲИРПАРАСТӢ МОРО КУҶО МЕБАРАД?" 
Матлаби «Зоҳирпарастӣ моро куҷо мебарад?», ки 9-уми августи соли 2023 дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" (№160- 161(24 772)) ба нашр расидааст, дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар мақолаи мазкур зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла таваҷҷуҳ ба тарзи либоспӯшии барои фарҳанги мо бегона (сатр, ҳиҷоб ва либосҳои ҳоҷиҳо), гузоштани номҳои ақвоми ғайр, исрофкорӣ ҳангоми баргузории базму маъракаҳо ва «никоҳи маҷозӣ» байни ҷавондухтарону писарон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Панҷакент, мавриди таҳлил қарор гирифта, масъалаи пешгирии он ба доираи васеи ҷомеашиносон, таблиғгарони сохторҳои давлатӣ, фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин пешниҳод шудааст. Вобаста ба пешгирии зуҳуроти мазкур, ки дар шаҳри Панҷакент нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ камтар ба назар мерасанд, 22-юми апрели соли 2022 амри раиси шаҳри Панҷакент "Дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ" ба тасвиб расидааст, ки масъулони шуъбаву бахшҳои соҳаи иҷтимоии сохтори давлатӣ, аз ҷумла шуъбаҳои маорифу фарҳанг, кор бо занон ва оила, бахшҳои танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо ҷавонон ва варзиш, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр шомили он ҳастанд.
Бар замми ин, нақшаи мулоқоти гурӯҳи тарғиботии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент аз 14-уми августи соли 2023 тибқи усули "деҳа ба деҳа" тасдиқ шуда, аз тарафи гурӯҳи корӣ бо мақсади боло бурдани ҳисси худшиносию ватанпарастии ҷавонону наврасон, пешгирии ҳама гуна амалҳои номатлуб, аз ҷумла рӯй овардани занону духтарон ба тарзи либоспӯшии ақвоми ғайр, гузоштани номҳои ғайримиллӣ, исрофкорӣ ҳангоми баргузории базмҳои арӯсӣ ва тақлиди кӯр-кӯрона ба маросимҳои диниву суннатӣ дар 14 деҳот, маҳаллаҳои шаҳр ва ташкилоту муассисаҳо вохӯриву суҳбатҳо баргузор шуданд.
Ҳар сол дар шаҳри Панҷакент бо мақсади тарғиби либосҳои миллӣ даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии "Сад ранги чакан" ва аксияи "Тоҷикона мепӯшем" доир мешаванд, ки дар ҷараёни он садҳо бонувону духтарон ширкат намуда, либосҳои миллии моро муаррифӣ мекунанд.
Масъалаи иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим" ва роҳ надодан ба исрофкорӣ ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо низ, дар маркази таваҷҷуҳи ҳамешагии мақомоти маҳаллӣ қарор дорад.
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар баробари фаъол будани комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросим, боз 14 комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҷамоатҳои деҳот ва 130 комиссияи ҷамъиятӣ дар назди ташкилоту муассисаҳо амал мекунанд, ки рафти иҷрои муқаррароти Қонуни мазкурро ҳангоми баргузории базмҳои арӯсӣ ва маросими динӣ назорат мекунанд. Соли сипаригардида дар натиҷаи санҷиши комиссияҳо, 22 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардида, қонунвайронкунандагон тибқи қонунҳои ҷории мамлакат ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Дар мавриди баргузории базмҳои арӯсии, ба истилоҳ, "маҷозӣ" ҳаминро бояд афзуд, ки ин қазия асоси воқеӣ надошта, ҳамаи никоҳҳои давлатӣ дар бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр бо иштироки домоду арӯс баста мешаванд. 
Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Панҷакент ҳамчун ниҳоди ваколатдор масъулияти сабти номи шаҳрвандонро тибқи меъёрҳои забони давлатӣ ва анъанаҳои миллӣ бар уҳда дошта, ному насаби сокинони шаҳрро мувофиқи китоби "Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ", ки аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, дар шаҳодатномаи таваллуди навзодон ва ивазкунандагони ному насаб сабт менамояд.
 
Парвина НАҚИБӢ, 
муовини раиси шаҳри Панҷакент
Санаи нашр: 06.05.2024 №: 84
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив