ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КАНГУРТ – ИСМИ МАН

КАНГУРТ – ИСМИ МАН

06 май 2024, Душанбе
20
0
 
Рӯзе аз истгоҳи мағозаи «Олами китоб» ба нақлиёти ҷамъиятӣ нишаста, ҷониби Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» роҳ пеш гирифтам. Аз назди корхонаи  Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик гузашта, чашмам ба бинои навсохти меҳмонхонаи баландошёнаи боҳашамате афтид, ки дар болои он бо ҳарфҳои  заррини лотинӣ «Кангурт-ҳотел» сабт гардида буд.
 
Чун бори нахуст дар пойтахти давлати тоҷикистониён пайдо шудани калимаи гӯшнавозу таърихии ин сарзамини овозадорро ба чашм дидам, маро ҳисси ифтихори бузурге фаро гирифт ва беихтиёр ба дарёи ёдҳо – солҳои кӯдакию наврасию ҷавониям, ғарқ шудам.
Аслан, ин вожаро бори аввал аз забони модаркалонам Зинатбӣ шунидам. Ӯ доимо ба ҳамсуҳбатонаш бо камоли мамнунияту фахри беандоза мегуфт: «Ман аз мулки Кангуртам» 
Чун хурдсол будам, ба мазмуни ин гуфтаҳо сарфаҳм намерафтам ва табиист, ки зуд  фаромӯш мекардам. Танҳо баъди гузашти солҳо, дарк  намудам, ки Кангурт замоне маркази маъмурӣ ба дорои тамаддуни шаҳрнишинӣ будаву шахсиятҳои зиёдеро дар домони хоки поки худ парваридааст.
Бояд гуфт, ки ноҳия соли 1930 бо ҳамин ном дар харитаи Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд ва соли 1953 иштибоҳан барҳам дода шуд.  Солҳо пас он ба ноҳияи Совет дохил гардид, ки ҳоло номи қаҳрамони миллат Темурмаликро дорад.
Дар арафаи номгузории ноҳия мо як гурӯҳ зиёиёни ин диёр бо мақсади ислоҳи хатои таърих тавассути васоити ахбори омма бо пешниҳод муроҷиат намудем, ки номи қаҳрамони миллат Темурмалик на ба Совет, балки ба шаҳри Чкалов гузошта шавад. Зеро ки номҳои Бӯстону Гулистону Дӯстӣ забонзадаву зиёданд. Аз тарафи дигар, мо таъкид намудем, ки бо ташаббусҳои беназири Сарвари давлат номҳои таърихии Суғд, Хатлон, Бохтар, Рашт, Спитамен, Деваштич, Кӯшониён, Ҷайҳун, Хуросон ва ғайра харитаи Тоҷикистонро зеб дода истодаанд ва мардуми тоҷик аз ин тадбирҳои нек ифтихор дорад. Аз ин рӯ хуб мешуд, ки дар партави иқдоми Роҳбари давлат дастандаркорони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони муҳтарами мардумӣ ташаббуси нек нишон дода, хатои содиркардаро ислоҳ намуда, номи таърихии Кангуртро барқарор намоянд.
Боз хотири даврони кӯдакиамро варақгардон мекунам. Модаркалонам сари ҳар гуфтугузор таъкид мекард:
– Мо – мардуми Кангурт дар гӯшаву канори гуногуни дунё бошем ҳам, ному шарафи диёрамон Кангуртро пос медорем.
Бунёди меҳмонхонаи боҳашамати «Кангурт»  бо ибтикори директори генералии Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик Анвар Қурбонов исботи гуфтаҳои болост.
Зариф ҒУЛОМ, адиб 
Санаи нашр: 06.05.2024 №: 84
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив