ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Вохӯрии Маҳмадалӣ Ватанзода  бо Ҳуссом Абдулмуҳсин ал-Анқарӣ

Вохӯрии Маҳмадалӣ Ватанзода  бо Ҳуссом Абдулмуҳсин ал-Анқарӣ

13 март 2023, Душанбе
11
0


Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо раиси Девони муҳосиботи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Ҳуссом Абдулмуҳсин ал-Анқарӣ мулоқот намуд.
Тавре аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд, Маҳмадалӣ Ватанзода дар дидор афзуд, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои байни ду кишварро то ба имрӯз 15  санади баимзорасида ташкил медиҳад. Дар ин росто, дар хусуси табодули таҷрибаи ҳамкориҳои байнипарламентӣ низ, зикр шуд.
Таъкид гардид, ки ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти пешгирии паҳншавии терроризми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар амалҳое, ки боиси номуътадилии авзои минтақа мегарданд, ба нафъи ҳар ду давлат хоҳад буд.


«Сомон Эйр» парвозҳоро  ба шаҳри Ҷидда роҳандозӣ кард
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” иҷрои парвозҳои мунтазамро дар масири Душанбе – Ҷидда – Душанбе ва Хуҷанд – Ҷидда – Хуҷанд оғоз менамояд. Шуруъ аз 9 март парвозҳо аз Душанбе ба шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе амалӣ мегарданд. 
Вақти парвоз аз Душанбе дар рӯзҳои панҷшанбе – 14:30, аз Ҷидда – 19:30, рӯзҳои якшанбе аз Душанбе 22:30, аз Ҷидда – 04:00 (субҳи душанбе) ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудаанд.
Парвозҳо аз фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд ба самти Ҷидда рӯзҳои сешанбе  соати  21:00 ва аз фурудгоҳи Ҷидда ба самти Хуҷанд соати 02:00 (шаби чоршанбе) сурат мегиранд. Давомнокии парвоз аз Тоҷикистон ба самти шаҳри Ҷидда 5 соату 15 дақиқа, дар бозгашт 4 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад. Парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иҷро мешаванд.

Лашкар ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 09.03.2023 №: 52-53
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив