ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САФАР АМИРШОЕВ. НАМОИ ШУҶОАТИ ТОҶИКПИСАР

САФАР АМИРШОЕВ. НАМОИ ШУҶОАТИ ТОҶИКПИСАР

07 май 2024, Сешанбе
10
0
Имсол аз ғалабаи Иттиҳоди Шуравӣ бар фашистони истилогар дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) 79 сол пур мегардад. Дар ин майдони мубориза бо душман ҳазорҳо ҷавонмардони тоҷик низ ҳарб карда, бо далериву матонат, ҷасуриву корнамоиҳои нотакрор номи худро дар таърих бо хатти заррин сабт намудаанд. Яке аз онҳо Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Сафар Амиршоев мебошад.
Ин марди ҷасур соли 1912 дар деҳаи хушманзараи Заргари ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Аз нақлҳои ҳамдеҳагонаш бармеояд, ки ӯ ҳанӯз дар наврасӣ қобилияти баланд дошт. Паҳлавонҷусса буд дар ҳар кор шуҷоат нишон медод. Дар миёни ҷавонони деҳаҳои ҳудуди зодгоҳаш дар ҳар як маъраки гӯштигирӣ ғолиб мебаромад. 
Амир Сайиди Мункӣ, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дар китоби “Садоқатмандон”  дар бораи ӯ чунин овардааст: “Пеш аз ҷанг ба деҳаи Мирапоқи Даҳанаи Кӯлоб кӯчида, дар он ҷо ҳамчун мудири мағоза кор мекард. Чун Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз шуд, моҳи декабри соли 1941 аз комиссариати шаҳри Кӯлоб ихтиёрӣ ба фронт рафт. Дар озодкунии сарзамини Россия, Украина, Белоруссия ва  Литва ҷангид. Командири тӯпи батареяи полки панҷуми тирандозии 213 буд ва дар ҳар муҳориба корнамоии бемисл нишон медод. Субҳи 16-уми июли соли 1944 бригадаи 8-ми артилерӣ  ба канори деҳаи Лиони шаҳрчаи Жижмаряйи Литва наздик шуд. Душман бо 58 танк ва сарбозони зиёд ба ҳуҷум гузашт. Ҷанги шадид сар шуд. Ӯ аввалин шуда оташ кушод. Душман ба муқобили тӯпи вай 12 танкро сафарбар карда, танки якумро сӯзонд ва аду дубора ба сӯи тӯпи ӯ оташ кушод. Яке аз снарядҳо дар назди тӯпи вай таркид. Сипари чапи тӯп сӯрох шуда, худи Сафар пару афтид. Шикастапораи снаряд синаи ӯро шикофта аз миёни шонааш баромада буд. Вай оғӯштаи хун ҷангро давом дода, боз як танки душманро тарконд. Қаҳрамонии бемисли  ӯ ҷанговаронро руҳбаланд кард.  Онҳо чор танкро аз кор бароварданд. Муҳориба сахт буд, дуди танкҳои сӯхта ба ҳаво мавҷ мезад. Душман ба талвоса афтида, ақиб гашта, рӯ ба гурез шуд. Лиони ба хок яксон аз дасти душмани ғаддор озод шуд, вале Сафари далеру қаҳрамон аз зарби тиру тӯпи душман сахт маҷруҳ шуда буд. То ҷон дар бадан дошт, ба душмани малъун ҷангиду дар назди тӯпаш ҷон дод ва ҳамон ҷой ба хок супорида шуд”. 
Ҳамчунин, муаллиф дар китоб аз эҳтироми ин қаҳрамони тоҷикписар дар Ҷумҳурии Литва навиштааст: “Соли 1988 дар арафари Ҷашни 100-солагии Шӯриши Восеъ, мо фиристодагони ноҳияи Ховалинг 10 нафар бо сарварии адиби ҷангноманавис  Раҳмон Сафар дар зиёрати оромгоҳи ин марди шуҷоъ будем.  Сокинони собиқ деҳаи Лион, Жижмаряй ва мардуми Ҷумҳурии Литва, ки ҷасорати ин бузургмардро ба чашми худ дидаанд, ашк резонда аз он муҳориба ва рӯзҳои тираву тор ёдовар мешаванд. Корномаҳои Сафар Амиршоев дар ин ҷумҳурии бародар вирди забонҳост. Мардум аз ӯ ифтихор доранд ва дар назди турбату лавҳаи ёдгорияш сари таъзим фуруд меоранд.
Дар набардгоҳи охирини ин тоҷикписари далери кӯҳистонӣ, ба хотироти ӯ ва ҳамяроқонаш боғе бунёд ёфтааст. Ин боғ Лион ном дошта, номи ҳамон деҳаи пеш аз ҷангист. Боғ дар таҳҷои ҳавлӣ аст. Дар даромадгоҳи он ҳайкали ҳамдиёрамон Сафар Амиршоев гузошта шудааст. Ҷасади ин марди бузург дар мазори Жижмаряй воқеъ буда, он ҷо низ ҳайкале побарҷост. Дар ин гӯристон ду қаҳрамони Иттифоқи Советӣ: Сафар Амиршоев ва М.Я. Друбринин абадӣ хуфтаанд. 
Сержанти калони гвардия, узви КПСС аз соли 1944, Сафар Амиршоев баъди марг барои корнамоиҳои бемислаш ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ноил гардид. Ин қаҳрамони далеру ватандӯст бо ғайрати бемисл дар таърих ном гузошта, хизматҳои ҷангии ӯ бо орденҳои Ленин, “Ситораи Сурх”,  медалҳои  “Барои мудофиаи Сталинград”, “Барои шуҷоат” ва дигар мукофотҳо қадр шудаанд. 
Ҳамзамон, доир ба корнамоии ӯ ҷангноманавис Раҳмон Сафаров очерки “Ӯ мурдан намехост” ва повести ҳуҷҷатии  “Сафар Амиршоев”-ро соли 1973 навиштааст. Дар Театри мазҳакавии мусиқии Кӯлоб ва Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов аз руйи пйесаи Р.Сафаров ва Т. Аҳмадхонов (с. 1977) намоишномаи “Сафар Амиршоев”  ба саҳна гузоштанд. Дар Ватани азизамон шаҳрак, кӯча, мактаб ва ҷамоат номи ӯро доранд, ки аз хизматҳои мондагори ин қаҳрамон башорат медиҳанд. 
 
Судоба ФАЙЗАЛӢ,  “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 07.05.2024 №: 85-86
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив