ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФАРЗАНД. МО ВА МАСЪУЛИЯТИ МО

ФАРЗАНД. МО ВА МАСЪУЛИЯТИ МО

13 май 2024, Душанбе
9
0
Дар вохӯрӣ бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баъзе масъалаҳои ташвишовари ҷомеаи мо, ки ба бонувон бештар дахл доранд, руҷуъ карда, аз онҳо изҳори нигаронӣ намуданд. Махсусан, таъкид сохтанд, ки ба ҷои хароҷоти беҳуда ва такрор ба такрор ба ҳаҷ рафтан, беҳтар аст, ки барои фарзандон, бавижа духтаронамон, шароити шоистаи зиндагӣ ва таҳсилро муҳайё созем.
 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб ба ҳамаи ҷанбаҳои ахлоқӣ ишораҳои пурмаънӣ доштанд. Аз ҷумла, гуфтанд, ки оғози ҳамаи саодат модар аст, агар ӯ хато кард, фарзандон роҳ гум мекунанд, зеро аввалин устоду идеали фарзанд модараш аст. Бино ба таъкиди Президенти мамлакат, “...Вақтҳои охир тамоюли зиёд рафтани занон, ҳатто ҳамроҳи худ бурдани кӯдакони хурдсол, ки на қобилияти дарки каломи илоҳиро доранд ва на моҳияти зиёрати хонаи Худоро медонанд, боиси ташвиш мебошад”. Бале, ҳақиқати бебаҳс ин аст, ки ба ҷои ба ҳаҷ ё умра бурдани кӯдакон, ки 10 ҳазор сомонӣ ва зиёда аз он хароҷот дорад, мо бояд дар хона барои онҳо шароити мусоиди таълимро муҳайё созем, зеро мо – волидон, барои соҳибмаърифат ба камол расидани фарзандони хеш масъулем. Танҳо шахси бомаърифат метавонад, ки Ватанашро соҳибӣ кунад ва барои ривоҷу равнақи он саъю кӯшиш намояд. 
Аз ин рӯ, мо бояд пайваста ҷидду ҷаҳд кунем, ки писарону духтаронамон аз  илмҳои муосир бархӯрдор гарданд, соҳиби касбу ҳунар шаванд ва ҳадди ақал ду забони хориҷиро аз худ кунанд. Чунки бе донистани забони хориҷӣ аз бар кардани илмҳо ва технологияҳои ҳозирзамон басе душвор мешавад. Беҳуда гузаштагони пурифтихорамон нагуфтаанд: “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ”. 
Дар маҷмуъ, суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин саропо андарзу ҳикмат буда, раҳнамоест барои ояндаи неку дурахшони Ватани азизамон. Аз ин лиҳоз, моро месазад, ки пайваста онро биомӯзем ва дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ ба таври шоиста аз он кор бигирем.
 
Гулшаноро МАМАДҚУЛОВА, 
омӯзгори таърих ва ҳуқуқи Гимназияи «Ҳиммат»
Санаи нашр: 10.05.2024 №: 87-88
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив